Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия барои ҷиноятҳои маъмурӣ бекор мешавад


Тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурии Русия ихроҷи ҳатмии хориҷиҳоро барои роҳ додан ба ҷиноятҳои маъмурӣ бекор мекунад. Бо пешниҳоди Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба Думаи давлатии ин кишвар, тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ ворид шудааст.

Тарҳи мазкур меъёри ҳатмии аз ҳудуди Русия ихроҷ кардани муҳоҷирони кориеро бекор мекунад, ки ба қонуншикании маъмурӣ даст задаанд. Тағйирот ба Кодекс ҷиноятҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҳудуди шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилоятҳои Подмосковйеву Ленинград содир шудаанд.

Тарҳи Медведев мегӯяд, ки қарори аз қаламрави Русия ҳатман ихроҷ кардани муҳоҷири меҳнатӣ ва ба мӯҳлати 5 сол маънӯъ-ул-вуруд шудани онҳо «аз ҳад зиёд шадид аст» ва баъди ин онҳое, ки барои напардохтани пули телефон ва ё паркинги нодурусти мошин гунаҳгор шудаанд, метавонанд бо пардохти ҷаримапулӣ кору фаъолияти худро дар Русия идома диҳанд.

Ношири ин хабар рӯзномаи «Коммерсант» мегӯяд, таҳрир моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Русияро дар бораи қонуншиканиҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар бар хоҳад гирифт. Аз рӯи қонуни амалкунанда, дар сурати роҳ додан ба ҷинояти маъмурӣ, бо қарори суд, шаҳрванди хориҷӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ҷарима пардохт карда, эҳтимолан аз қаламрави Русия хориҷ шавад.

Дар Маскав, Подмосковйе, Санкт-Петербург ва Ленинград ихроҷи шаҳрванд баъди пардохти ҷарима амри ҳатмӣ ба шумор мерафт. Таҳрири ҳукумат ба шахси муҷрим шонс медиҳад, ки бо қарори додгоҳ танҳо бо ҷарима маҳдуд шавад. «Коммерсант» мегӯяд, назари додрасҳои додгоҳи конститутсионии Русия ин аст, ки қонуни амалкунанда «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони хориҷиро аз ҳад зиёд маҳдуд мекунад.»

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки тасмими бозбинӣ ва ё сабуктар шудани муҷозот барои қонуншиканиҳои маъмурӣ вазъи даҳҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷикро сабуктар хоҳад кард. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки аз ин таҳаввулот дар қонунҳои Русия истиқбол кард, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти поймолкунандаҳои кодекси маъмурӣ ворид ва ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол аз ҳақи дубора ба Русия ворид шудан маҳрум шудаанд.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия.
Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Вай гуфт, ки дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар мулоқот ва муроҷиатҳои зиёди худ аз мақомоти Русия дархост карда буданд, ки барои сабуктар кардани мавқеи ҳуқуқии ин 300 ҳазор нафари ихроҷшуда мусоидат кунанд. Вай гуфт, ҳоло маълум нест, ки то куҷо тарҳи нав баъди ба ҳукми қонун даромаданаш дар нисбати сарнавишти ин нафарон сабукиҳо ҷорӣ мекунад ё на, вале худи таҷрибаи барои як қонуншикании хурди маъмурӣ аз кишвар рондани шаҳрванди хориҷӣ таҷрибаи камсобиқа ва нохушоянд аз назари қонунҳои байналмилалӣ аст.

Вай гуфт, ҳатто дар қаламрави кишварҳои узви созишномаи Шенген, ки дар ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо амал мекунад ва ин қаламрав бо қонунҳои сахташ ҳам маъруф аст, барои қонуншикании маъмурӣ ҳеҷ гоҳ як хориҷиро ихроҷ намекунанд.

Имомуддин Сатторов ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сабаби интихоб шудани маҳз чор нуқтаи ҷуғрофӣ дар қаламрави Русия гуфт: «Вазъи ихроҷи хориҷиҳо барои роҳ додан ба қонуншикании маъмурӣ дар минтақаҳои дигари Русия чандон доғу пуршиддат нест. Дар минтақаҳо ба қувваи кории беруна сахт ниёз доранд, онҳо ин масъаларо хуб эҳсос ва дарк мекунанд. Вале дар Маскаву Подмосковйе ва Санкт-Петербургу вилояти Ленинград проблемаҳои бештари дигар вуҷуд дорад.»

Манзури сафир шадидтар будани қонунҳои муҳоҷирати корӣ ва баландтар будани қимати пардохтҳо, аз ҷумла нархи моҳонаи патенти кор назар ба манотиқи дигари Русия мебошад. Зарурати бекор кардани муҷозоти ҳатмии ихроҷи як коргари хориҷӣ барои қонуншикании маъмурӣ, аз назари дигар нозирони вазъ, эҳтиёҷи бозори кору савдои дохили Русия ҳам ҳаст.

Абдулло Давлатов.
Абдулло Давлатов.

Абдулло Давлатов, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва сиёсатмадори Русия, талаби бекор кардани ин банди қонунро дар ин охирҳо доираву созмонҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ ҳам тақозо мекарданд. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ӯ гуфт, ки тақрибан ду соли охир дар мизигирдҳову нишастҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи соҳибкорон ва ҳам омбудсмен ва дар ҳузури президент Владимир Путин ҳам масъалаи истифодаи созанда аз нирӯи коргарони хориҷӣ матраҳ мешуд.

Ба гуфтаи Давлатов, масъала ин аст, ки бо вуҷуди муносибати ноҳамвори ҳукумат ва ҳам мардуми Русия ба масъалаи муҳоҷирони корӣ, вазъи иқтисодии кишвар зарурати тағйири муносибат ба нирӯи кории хориҷиро ҳам пеш овард: «Онҳо пайваста мегуфтанд, ки ҳадди ақал барои шаҳрвандони Шӯравии собиқ бояд муқаррароти мамнӯъ-ул-вуруд кардани шахс барои як қонуншикании хурди маъмурӣ бекор карда шавад. Чаро? Чунки иқтисод ба ин нирӯ эҳтиёҷ дорад. Як дафъа худи Путин ҳам эътироф карда буд, ки барои пешрафти иқтисоди Русия дар ин кишвар зиндагӣ ва кор кардани на камтар аз 500 миллион аҳолӣ зарур аст. Яъне се-чор баробар бештар назар ба имрӯз.»

Абдулло Давлатов мегӯяд, тасмими мамнӯъ-ул-вуруд кардани муҳоҷирон бо ташаббуси Хадамоти ҳамакнун собиқи федеролии муҳоҷират ҷорӣ шуда буд ва ҳамон замон ҳам бархе афроди воқеъбин ин тасмимро ба боди танқид кашида буданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз миёни 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва солиёни наздик ҳақи дубора ворид шудан ба ин кишварро надоранд, шумори қобили мулоҳизаашон маҳз аз Маскаву Подмосковйе ва Санкт-Петербургу вилояти Ленинград ихроҷ шудаанд. Ин манотиқ марказҳои тиҷоратии Русия ба ҳисоб мераванд бисёр муҳоҷирони ҷӯёи кор ҳамин қаламравро аз назари шонси дарёфти кор мадди назари худ қарор медиҳанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин нафарони ихроҷшуда шонси ба истилоф афв шуда дубора ворид шудан ба Русияро баъди бекор шудани банди ихроҷи ҳатмӣ ба даст меоранд ё на. Ин масъала ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG