Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия "набард"-и иқтисодӣ бо Ғарбро мебозад?


Қатъи интиқоли газ ба Аврупо барои Русия осон нахоҳад буд.

Қатъи интиқоли газ ба Аврупо барои Русия осон нахоҳад буд.

Таҷовузи Русия ба Қрим ва бӯҳрон дар Украина, баъд аз солҳо ва баъд аз Ҷанги Сард, Русияро бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар муқобили ҳам қарор дод, вале ин дафъа силоҳи асосӣ дар ин “набард” на тонкҳо балки бонкҳо хоҳанд буд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бошитоб бастаи таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Русияро омода мекунанд ва ҳатто гуфтаанд, ки мумкин аст, таҳримоти сахте ба мисли таҳримот алайҳи Эрон ҳам ба зидди Русия ба кор бубаранд.


То кунун Иттиҳодияи Аврупо гуфтӯгу бо Русияро дар бораи осон кардани сафари шаҳрвандони Русия ба Аврупо ва дигар ҳамкориҳои дуҷонибаро мутавақиф кард ва Иёлоти Муттаҳида теъдоде аз шаҳрвандони Русияву Украина, ки “ба истиқлолу тамомияти арзии Украин” таҳдид мекунанд, аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум кард. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мегӯянд, таҳримҳои оянда аз бисёр сахт хоҳанд буд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 11-уми март гуфт, мумкин аст, ба зудӣ “таҳримот алайҳи Русия” бисёр сахт шавад ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи 13 март изҳор дошт, ки хатари он вуҷуд дорад, Русия бо амалкардҳояш “хисороти азими иқтисодиву сиёсӣ” бубинад.

Шояд бисёриҳо бигӯянд,ки Русия ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамаҷониба васл шудааст ва таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Русия барои худи кишварҳои ғарбӣ ҳам бисёр дарднок хоҳад буд. Вале ба гуфтаи таҳлилгарон ин тасаввур дуруст ҳатто агар пойбандии Аврупо ба гази Русияро ҳам ба инобат бигирем. Аврупо мизоҷи аслии газу нафти Русия аст ва маҳз аз ҳисоби ҳамин газу нафт ба ҳамёни давлати Русия пули зиёд меравад. Дигар ин ки ширкатҳои русӣ, чӣ давлатӣ ва ё хусусӣ пойбанди сармояи бонкҳои ғарбианд ва кори худро аз ҳисоби сармояи онҳо пеш мебаранд. Андерс Аслунд, пажӯҳишгари Донишгоҳи Иқтисодии Байналмилалии Петерсон дар Вашингтон дар ин бора мегӯяд:

“Маркази молии Русия дар Лондон аст ва ҳоло Русия дар баробари вазъи байналмилалии молӣ ҳам бисёр осебпазир аст. Мо соли 2008 шоҳиди он будем, ки чӣ гуна қимати саҳҳом дар Русия аз моҳи майи соли 2008 то октябр на камтар аз 80 дар сад поин омад."

Бино ба гузориши хабаргузории иқтисодии Блумберг, ширкатҳои русӣ соли гузашта аз бонкҳои ғарбӣ 58 миллиард доллар қарз гирифтаанд, ки 38 миллиард доллар бештар аз соли 2012 аст. Айни замон барои дарёфти 8 миллиард доллар қарзи дигар музокирот идома доштааст. Рӯзномаи “Москов Таймс” мегӯяд, ҳоло ин гуфтугӯҳо бинобар бӯҳрони Украина ба хатар афтодаанд. Дигар ин ки поин омадани қимати саҳҳом дар бозорҳои молии Русия баъд аз муноқиша дар Украина, вазъи молии ширкатҳои русиро бад карда ва қарзгирӣ барои онҳоро мушкил сохтааст. Гузашта аз ин ширкатҳои Русия низ пулҳои зиёдеро дар хориҷ нигаҳ медоранд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон бисёре аз онҳо аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада ва дар минтақаҳои оффшор нигаҳ дошта мешаванд.

Созмони ғайриҳукуматии Ҳамгироии Байналмилалии Молӣ, ки дар Вашингтон қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки Қибрис, ки тавлидоти нохолиси миллиаш 23 миллиард долларро ташкил медиҳад, як минтақаи аслии сармояи мустақими русист ва “ба як мошини пулшӯии ҷинояткорони рус” табдил шудааст. Ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул, дигар кишварҳои сармоягузори аслии Русия ва маҳалли нигаҳдошти пули ширкатҳои русӣ, Ҳолланд, Ҷазираҳои Вирҷиния, Бермуда, Баҳама ва Люксембург аст. Фоидае, ки бонкҳои ғарбӣ аз ҳисоби муомилоти молии зиёди ширкатҳои русӣ мегиранд, бисёр зиёд аст ва аз ин рӯ ба гуфтаи нозирон, раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба ин хулоса расидааст, ки Олмону Бритониё ба ҳаргуна таҳрими ҷиддӣ алайҳи Русия мухолифат хоҳанд кард. Вале воқеият чунин нест ва иқдомоте дар Бритониё шурӯъ кардаанд, ки ҳадаф аз он ошкор кардани муомилоти ғайриқонунӣ ва пулшӯӣ аст, ки ҳалқаҳои иқтисодии Русия ва аз ҷумла намояндагони ҳукуматӣ ба он олудаанд ва дар сурати ошкор шудан, аз миллиардҳо доллари ҷамъмкардаашон маҳрум хоҳанд шуд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ба ҳаргуна иқдомоте, ки барои иқтисоди Русия зиён мерасонанд, посух хоҳанд дод, вале Маскав он тавоноиро надорад, ки дар воқеъ ба иқтисоди Ғарб зарбаи дардноке бизанад. Тағйирот дар бозори энержӣ, аз ҷумла афзоиши тавлиди газ дар Амрико, метавонад, ба кишварҳои аврупоӣ кӯмак кунад, ки дар сурати қатъи гази русӣ манбаъи дигаре барои таъминот дошта бошанд. Бар изофаи ин бо назардошти ҳамоиши Русия ба иқтисоди ҷаҳонӣ, Маскав наметавонад, фурӯши газ ба Аврупоро қатъ кунад, зеро ҳам худаш зиён мебинад ва паёмадҳои дарозмудатти ин кор ҳам барояш сахт хоҳад буд. Ҷонатан Стерн пажӯҳишгар аз Пажӯҳишгоҳи Энержӣ дар Донишгоҳи Оксфорд дар ин бора мегӯяд:

“Аввалин чизе ки хоҳад шуд, Русия пули зиёдеро гум хоҳад кард. На танҳо барои онки фурӯши газро қатъ мекунанд, балки бар хилофи қарордояшон амал мекунанд. Қатъи газ ба ин осонӣ намешавад, ки як кас бихоҳад ва онро қатъ кунад. Фурӯши газ бар асоси қарордодҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва риоят накардани он ҷаримаву ҷазоҳои бузурге дар пай дорад."

Бар илова ҳаргуна осеб дар ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Аврупо талошҳои Иттиҳодияи Аврпо барои аз байн бурдани пойбандиаш ба гази Русияро суръат хоҳад бахшид. Ва баъди таҳримҳо ҳам Русия дар саҳнаи иқтисодии ҷаҳонӣ ҷойи пешинаашро нахоҳад дошт ва кишвари ҷаззобе барои сармоягузорӣ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG