Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангу ҷустуҷӯ дар Украина идома дорад


Сарбозони украинӣ дар посгоҳе дар рустои
Никишине дар вилояти Донетск.

Сарбозони украинӣ дар посгоҳе дар рустои Никишине дар вилояти Донетск.

Дар Украина ҷанг бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва таҳқиқ дар маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия идома дорад.

Боқимондаи ҷасади теъдоде аз қурбониёни ҳавопаймои Малайзия, ки 17 июл дар шарқи Украина суқут кард, ба шаҳри Харков фиристода шуд. Сеюми август 4 мошини дорои яхдон боқимондаи ҷасадҳои пайдошударо ба шаҳри Харков расонданд ва акнун аз Харков ба Ҳолланд фиристода мешаванд. То ҳол бештар аз 220 ҷасад фиристода шудааст. Коршиносони байналмиллалӣ бо ёрии сагҳои бӯгир дар маҳали суқути ҳавопаймои ширкати Малайзия дар масоҳати 20 километри мураббаъ боқимондаи ин ҷасадҳоро пайдо кардаанд. Ин ҳавопаймо рӯзи 17-уми июл бо 298 мусофираш дар шарқи Украина суқут кард ва гуфта мешавад, ки онро ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушак сарнагун кардаанд.

Питер Яап Алберсберг-раҳбари ҳайати байналмиллалии коршиносон ҷустуҷӯ мегӯяд, ки 70 нафар бозрасон аз Австралия ва Ҳолланд бо вуҷуди даргириҳои миёни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва нируҳои Украина дар шарқи ин кишвар фаъолияти худро идома медиҳанд. Вазъ дар минтақа ҳамчунон ноором боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол, Андрей Лисенко-сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина иддао кард, ки нируҳои ҳукуматӣ ду шаҳраки аслиро дар шарқи Украина ба назорати худ даровардаанд.

Андрей Лисенко дар Киев гуфт, ки нируҳо шаҳракҳои Красноҳоровка ва Старомихайливкаро дар наздикии шаҳри Донетск аз ҷудоихоҳон гирифтаанд. Мақомоти маҳаллӣ 3 август гуфтаанд, ки дар даргириҳои нав дар атрофи шаҳрҳои Донетск ва Луҳанск 3 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Мақомоти низомии Украина мегӯянд, ки онҳо дар даргириҳои ахир талафоти ҷонӣ надоштаанд.

Дар харитае, ки роҷеъ ба мавқеи нируҳо Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина ба нашр расонд, мушоҳида мешавад, ки роҳҳои икмолотии ҷудоихоҳони минтақаи Донетск аз ҷудоихоҳони Луҳанск баста ва робитаи онҳо бо якдигар аз роҳи заминӣ қатъ шудааст. Лисенко гуфтааст, бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ дар баъзе минтақаҳо дар 5 километрии марз бо Украина нируҳои Русия ҷамъ шудаанд.

Ба гуфтаи Лисенко, нируҳои Русия ба аҳолии манотиқи марзии Русия дастур додаанд, ки то 3 август ҳосили зироати худро ҷамъоварӣ намоянд. Шаҳрдории Донетск даргириҳо дар ноҳияи Бирюзоваро таъйид кардааст. Шӯрои шаҳрии Луҳанск гуфтааст, ки хатҳои интиқоли барқ ва шабакаҳои обрасонии он қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG