Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Башор Асад: Амрико бояд ба посухи мо низ омода бошад


Башор Асад ҳангоми мусоҳиба бо CBS

Башор Асад ҳангоми мусоҳиба бо CBS

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад Амрикоро аз пайомадҳои ҳамлаи эҳтимолӣ алайҳи кишвараш ҳушдор додааст.

Башор Асад, ки шоми якшанбе тавассути телевизиони амрикоии CBS сӯҳбат мекард, даст доштани нерӯҳои содиқ ба ҳукуматаш дар ҳамлаҳои кимиёиро рад кард ва гуфт, агар президент Обама фармони ҳамла болои болои Сурияро содир кунад, ИМА ва муттафиқонаш бояд ба посухи Сурия омода бошанд.



Раисиҷумҳури Сурия гуфт, ба ғайр аз паёмадҳои мустақим, Амрико бояд ба авоқиби ғайримустақими ҳамлааш низ бияндешад. Чунин ҳамла, ба бовари Асад, "бесуботӣ ва тавсиаи терроризм"-ро низ дар пай хоҳад дошт.

Асад аз ҷумла ба ин нукта ишора кард, ки давлати ӯ "танҳо бозигар дар минтақа нест." Режими Димишқ, таври маълум, аз сӯи Эрон ва Ҳизбуллоҳ, гурӯҳи тундрави мазҳабии шиъаҳои Лубнон, ҳимоят мешавад.

Баҳсҳои тунд бар сари зарбаҳои эҳтимолӣ болои Сурия ба хотири ҷазо додани режими Асад барои истифода аз силоҳҳои кимиёӣё ҳокист, ки Русия низ аз ин танҳо кишвари муттаҳидаш дар Ховари Миёна ҳимоят мекунад.

Дар ҳоле, ки конгресси Амрико ба арзёбии ҳамлаи эҳтимолӣ болои Сурия оғоз мекунад, Маскав ҳушдор додааст, ки муҷозоти Сурия боиси авҷи терроризм дар Ховари Миёна хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳушдор додааст, ки ҳамлаи Амрико болои Сурия метавонад ба инфиҷори терроризм замина гузорад.


Лавров ба Муаллим роҳ нишон медиҳад

Лавров ба Муаллим роҳ нишон медиҳад

Рӯзи душанбе дар пайи сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Сурия Валид Муаллим, Лавров гуфт, ки истифодаи нерӯ боиси авҷи терроризм дар Сурия ва кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд: “Шумори бештари кишварҳо ва симоҳои сиёсии олам бо мо мувофиқанд, ки истифодаи нерӯ боиси тавсеаи терроризм дар Сурия ва кишварҳои ҳамсоя мешавад. Ҳамчунон мавҷи паноҳҷӯён ба кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ хоҳанд шуд. Ин раванд баъди эълони тасмими ҳамлаҳои ИМА болои Ҷумҳурии Араби Сурия оғоз ёфтааст.”

Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Русия, Маскав саъй дорад, аз вазъи ногувор дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунад ва ҳозир ҳаст, тамоми ҷонибҳои манфиатдорро барои дарёфти роҳи ҳалли сиёсӣ ба Маскав даъват кунад. Валид Муаллим гуфт, ки ҳукумати Сурия ба музокирот бо нерӯҳои сиёсии тарафдори сулҳу суботи ин кишвар омода аст.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи олам, маъруф ба G20, президенти Русия Владимир Путин ваъда дод, ки дар сурати ҳамла болои Сурия кишвараш ба мақомоти Димишқ кумак хоҳад кард. Ӯ афзуд, Маскав ҳанӯз ҳам мутмаин нест, ки масъули ҳамлаҳои кимиёӣ режими Башор Асад бошад.


Денис МакДоноҳ

Денис МакДоноҳ

Як ёвари баландпояи президенти ИМА мегӯяд, эҳсоси умумӣ ин аст, ки президенти Сурия Башор Асад масъули ҳамлаҳои кимиёӣ мебошад. Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон расии дастгоҳи Барак Обама Денис МакДоноҳ гуфт: “Ин як амали ҳадафмандонаи маҳдуд ба хотири манъи истифодаи чунин силоҳ аст. Агар мо баҳри иҷрои ин амр талош наварзем, силоҳ тавсеа ёфта, дӯстону муттафиқони моро бо таҳдид мувоҷеҳ хоҳад кард.”

Дар айни замон, Денис Макдоноҳ эътироф кардааст, ки кишвараш шаҳодати возеҳи собиткунандаи чунин масъулиятро дар ихтиёр надорад.

Мусоҳибаи Макдоноҳ замоне нашр шуд, ки маъмурияти президенти ИМА саъй дорад, пуштибонии вакилони Конгресс барои “амалиёти маҳдуд” дар Сурияро ба даст орад. Пешбинӣ мешавад, ки ҳар ду маҷлиси Конгресс рӯзи душанбе баррасии амалиёт дар Сурияро оғозкунанд, вале то ҳол маълум нест, ки конгрессменҳо аз он дастгирӣ хоҳанд кард ё не? Баъзе қонунгузорон хавф доранд, ки ҳамла болои Сурия метавонад Амрикоро ба як ҷанги тӯлонии ҷангҷӯён бар зидди ғарб хоҳад бурд.


Ҳейг ва Керрӣ дар Лондон

Ҳейг ва Керрӣ дар Лондон

Рӯзи душанбе дар Лондон ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Британия котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ эътироф намуд, ки низоъ дар Сурия ҳалли низомӣ надорад, вале ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки режими Асад бояд барои истифодаи силоҳи кимиёӣ муҷозот шавад: “Ошкоро мегӯям, ки ИМА, президенти Амрико Барак Обама ва худи ман бовар дорем, ки низоъ дар Сурия ба ҳалли сиёсӣ ниёз дорад. Ҳалли низомии ин низоъ вуҷуд надорад ва мо дар ин маврид хаёли хом надорем.”

Керрӣ гуфт, агар режими Асад тамоми силоҳи кимиёии дар ихтиёр доштаашро дар давоми як ҳафта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таслим кунад, шояд зарурати амалиёти низомӣ низ аз байн равад, вале Башор Асад чунин тасмим надорад.

Вилям Ҳейг - вазири корҳои хориҷии Британия хотирнишон кард, ки парламенти кишвараш ба ширкати сарбозони британиявӣ дар ин амалиёт иҷозат надодааст, вале дар мавриди Сурия Лондон аз тамоми иқдомҳои Вашингтон пуштибонӣ мекунад.

Коммиссари олии ҳуқуқи башари СММ хонум Навӣ Пилай мегӯяд, афроди масъули ҳамлаҳои кимиёии Сурия бояд мушаххас шаванд.
XS
SM
MD
LG