Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз соли 2005, аз замони хуруҷи нирӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон - Маскав ҳеҷ гоҳ ҳавои бозгашт ба ин марзҳоро аз сар дур накардааст.

Ахиран сафири Русия дар Афғонистон гуфт, “Русия мехоҳад дар марзи Тоҷикистон нирӯ мустақар кунад, то баъди хуруҷи НАТО аз Афғонистон тавонад аз таҳдидҳое мисли маводи мухаддир ва терроризм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад.”

Ин нуктаро Андрей Аветисиён, сафири Русия дар Афғонистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Ройтерс баён дошт. Сафири Русия гуфтааст: “Мо бартарӣ медиҳем, ки ин таҳдидҳоро дар марзи Афғонистон манъ кунем.”

Андрей Аветисиён гуфтааст, “Мо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳузури назаррас доштем ва вазъият он вақт беҳтар буд ва аз ин рӯ, ҳузури мо дар ин ҷо ба манфиати Тоҷикистону Русия ва ҳатто ба манфиати Афғонистон аст.”

Аветисиён гуфт, ки ин ҳузур нирӯҳои марзбони Русияро дар бар мегирад, аммо аз шарҳи теъдоди он худдорӣ кард.

Нирӯҳои марзбони Русия, ки солҳо марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро назорат кардаанд, соли 2005 ба мероси даврони Шӯравӣ хотима гузоштанд ва зимоми марзро ба нирӯҳои сарҳадбонони тоҷик супурданд. Ду кишвари дигари собиқ шӯравӣ - Ӯзбакистон ва Туркманистон низ дар қисмати шимол бо Афғонистон марзи муштарак доранд.

Аветисиён таъкид кард, ки ҳамагуна тасмими нигаҳбонии марз аз тарафи нирӯҳои рус, албатта дар созиш бо Тоҷикистон гирифта мешавад.

То ҳол вокуниши Тоҷикистон ба изҳороти сафири Русия дар Афғонистон маълум нест. Аммо мақомоти Тоҷикистон борҳо ба ин суол, ки оё бозгашти русҳо ба марз имкон дорад, гуфтаанд, ки Тоҷикистон аз ӯҳдаи нигоҳубини марзу буми худ ба пуррагӣ мебарояд ва ниёзе ба бозгашти русҳо нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG