Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона эъломияи сартосариро то соли 2020 ба таъхир гузошт


Порлумони Қазоқистон дар қироати аввал тағйироти ба таъхир гузоштани эъломияи сартосариро аз соли 2017 то соли 2020 қабул кард. Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев, зимни мурофиаи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи андозситонӣ ва расмиёти гумрукӣ хабар дод, ки гузаштан ба эъломияи даромадҳо ва дороиҳои шахсони воқеӣ "дар робита ба нуқсони низоми иттилоотӣ" то соли 2020 ба таъхир гузошта мешавад.

Дар ибтидо мақомоти Қазоқистон ният доштанд, ки соли 2017 низоми эъломияи сартосариро ҷорӣ кунанд. Эҳтимол мерафт, дар навбати аввал ходимони давлатӣ, вакилон, судяҳо ва ҳамсарони онҳо, баъдтар афроди расмии ширкатҳои миллӣ ва кормандони корхонаҳои давлатӣ эъломия пур кунанд.

Мақомот ният доштанд, ки аз соли 2017 аз шаҳрвандони қаторӣ эъломия талаб кунанд.

XS
SM
MD
LG