Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия гуфтааст, ҳамроҳ бо муттаҳидонаш ба расондани ёриҳои мустақим барои таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шурӯъ мекунад.

Як мақоми баландпояи Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, корҳои муқаддамотӣ барои иҷрои барномаи кумак ба таҳкими марзи тӯлонӣ ва "аз нигоҳи релефи ҷуғрофӣ пурмушкил"-и Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфтааст ва "ҳоло мо ба марҳалаи расондани кумакҳои мустақим мегузарем".

Александр Стерник, мудири департаменти сеюми кишварҳои СНГ дар Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 2 июн ба хабаргузории "Интерфакс" бо зикри ин хабар гуфт, ёриҳо ба Тоҷикистон дар чорчӯби як қарори вижаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ироа хоҳанд шуд.

Стерник гуфтааст, "барои онки таҳаввули манфии вазъ дар Афғонистон давлатҳои Осиёи Марказиро дар як ҳолати ноомадагӣ нагузорад, Русия ва муттаҳидонаш аз Паймони амнияти дастҷамъӣ аз ҳоло фаъолона чора меандешанд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи таҳкими амнияти марзи кишварҳои ҳамсоя меравад. Дар навбати аввал мо Тоҷикистон ва марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар назар дорем."

Ба гуфтаи дипломати баландпояи Русия, "тамоми чораҳои лозим барои пешгирӣ аз чунин таҳдид аз берун андешида мешаванд. Онки дар дохили Афғонистон чӣ рух хоҳад дод, масъалаи дигар аст."

Паймони амнияти дастҷамъӣ дар моҳи сентябри соли 2013 ба Тоҷикистон дар амри таҳкими ҳифозати марзи қариб 1400-километриаш бо Афғонистон ваъдаи ёрӣ дода буд. Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа он замон гуфта буд кумакҳо барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ду самт ироа хоҳанд шуд: "Якум, ироаи кумакҳои оҷил ба Тоҷикистон дар амри таъмини марзбонон бо заруртарин чизоҳе, ки барои боло бурдани сатҳи ҳифозати марзҳо лозим доранд. Ва дувум, таъсиси барномаи байнидавлатии таҷҳизоти инженериву фаннии марз бо Афғонистон, ки марзи берунии тамоми кишварҳои узви СПАД аст. Ва аз вазъи он амнияти тамоми ин кишварҳо вобаста аст."

Аммо то ҳол, бино ба эътирофи мақомоти Тоҷикистон, ироаи ин ёриҳо амалан оғоз наёфтааст ва ин ҳама маълум нест, ки барои кумак ба Тоҷикистон кишварҳои узви Паймон чӣ маблағеро дар назар гирифтаанд.

Фаъол шудани гурӯҳҳои тундрави исломӣ, пеш аз ҳама танзимҳои марбут ба Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон, дар вилоятҳои шимоли Афғонистон нигарониҳои амниятӣ дар пойтахтҳои пасошӯравӣ ва пеш аз ҳама дар Душанберо бештар кардааст. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи ҷангидани даҳҳо шаҳрванди тоҷик дар сафи ин гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар шимоли Афғонистон сӯҳбат мекунанд.

Дар саҳнаи бе он ҳам буғранҷи минтақа пайдо шудани созмони тундрави “Давлати исломӣ”, ки хеле аз гурӯҳҳои дигари ифротии исломиро зеори қаноти худ овардааст, ва таҳдиди ин гурӯҳ барои кӯчондани майдони набардаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ нигарониҳоро дар ин замина амиқтар мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон ибтидо мегуфтанд, бархе, бавижа матбуоти Русия эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои ифротиро як каме аз будаш бузургтар нишон медиҳанд, Ҳарчанд бисёре аз мақомот дар аввал гуфтанд, ки расонаҳо дар бораи фаъол шудани Толибону гурӯҳҳои тундрав дар шимоли Афғонистон муболиға мекунанд, вале ахиран Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ гуфт, таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ҳукумати кишварро ҷиддан нигарон кардааст: “Мутаассифона, авзоъ бисёр ноором аст ва албатта, мо бисёр нигарон ҳастем. Аз як тараф Тоҷикистон марзи дарозе бо Афғонистон дорад ва ин марз мутаассифона, аз манотиқи кӯҳӣ ва душворгузар убур мекунад. Аз ҳамин сабаб мо бояд барои муҳофизати марзи худ талоши зиёде ба харҷ бидиҳем. “

Бо ин вуҷуд, мақомоти Душанбе мегӯянд, нирӯ ва тавони кофӣ барои ҳифзи марз бо Афғонистонро доранд ва дар ин роҳ танҳо ба кумакҳои фанниву таслиҳотии бештар аз сӯи муттаҳидонашон аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ, бахусус аз Русия ниёз доранд. Дар моҳи май бо 2500 сарбозу афсар ва даҳҳо тонку тӯпу чархбол аз артишҳои 6 кишвари узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ – Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – дар тӯли марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои низомии густардае анҷом дода шуд, ки як ҳадафаш намоиши зӯри бозу ба гурӯҳҳои ифротии фурсатталаб гуфта мешуд.

Игор Лякин –Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар маросиме дар пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон тақрибан 6000 нерӯ дорад, гуфт, эҳтимоли марзи ин кишварро рахна кардани гурӯҳҳои ҷангҷӯ вуҷуд дорад, вале "душманони мо ҳам бояд қудратмандӣ ва тавони ҷангии пойгоҳи 201-умро ба ҳисоб бигиранд." Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон дар ҳамроҳӣ бо Русия тавони рафъи ҳар қасди ҳамла ба қаламравашро хоҳад дошт.

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, зери 20 000 нафарро ташкил медиҳанд, вале воҳидҳои низомии ин кишвар аксаран бо силоҳҳои куҳнаи бозмонда аз замони Шӯравӣ мусаллаҳанд ва ниёз ба навсозӣ доранд. Русия дар соли 2012 дар пайи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш барои навсозии артиши Тоҷикистон ваъдаи 200 миллион доллар кӯмак дода буд, вале бо гузашти инак 3 сол дар бораи ба иҷро расидани ин барнома низ ҳанӯз гузорише ба даст нарасидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG