Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати маориф ва илми Русия талаботи наверо сари даст гирифтааст, ки ҳамакнун бар асоси он ҳар як муҳоҷири корӣ бояд на кам аз 850 калима ба забони русӣ балад бошад.

Ба иттилои «Газета.ру», масъулин таҳияи ин санадро баъди мавриди амал қарор гирифтани талаботи аз 1 декабри соли 2012 ҷорӣ шуда дар мавриди ҳатмӣ эълон шудани супоридани имтиҳон аз дониши забони русӣ аз сӯи муҳоҷирон шурӯъ карданд.

Аммо то имрӯз як чунин талаботи ягонаву қабулшуда барои муайянсозии дараҷаи забондонии муҳоҷирони корӣ вуҷуд надошт. Ин барои аввалин бор аст, ки санаде бо номи «Талаботи давлатии федералӣ барои муайянсозии дараҷаи забондонии муҳоҷирони корӣ» аз сӯи Вазорати маориф ва илми Русия таҳия мешавад.

Лоиҳаи талабот ҳамагӣ аз чанд банд иборат буда, мазмуни аслии он чунин аст, ки муҳоҷир бояд матнҳои осонро хонда тавонад ва мазмуни умумии онҳоро дарк кунад. Инчунин, дар ҳолатҳои зарурии рӯзгор бо забони русӣ гуфтугӯ карда тавонад ва ҳадди ақал 850 калимаро ба ин забон балад бошад.

Аммо ба иддаои «Газета.ру», баъзе аз бандҳои ин лоиҳа баҳсбарангез аст ва кадом вақт будани ҳолатҳои зарурии рӯзгору маҳз кадоме аз 850 калимаи русиро балад будани муҳоҷирони корӣ норӯшан боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар мавриди супоридани имтиҳони ҳатмӣ аз дониши забони русӣ аз сӯи муҳоҷирон гуфта буданд, ки ҳар сол на камтар аз 140 ҳазор муҳоҷири корӣ аз чунин имтиҳон хоҳад гузашт. Ба қавли мақомот, пеш аз қабул шудан ба кор дар соҳаи хидматрасонӣ, шахс бояд санади тасдиқкунандаи донишҳои русиашро нишон диҳад. Агар шахс то соли 1991 мактаби миёнаро хатм карда бошад ва ё аз кишваре бошад, ки забони русӣ дар он мақоми забони давлатиро дорад, зарурате барои доштани чунин як санад пеш намеояд.

Ҳукумати Русия гуфта буд, ки ин қадами нахустин буда, дар оянда, аниқтараш то соли 2015 қонун дар бораи донистани таърих ва асосҳои давлатдории Русия қабул мешавад. Аз рӯи ин муқаррарот, муҳоҷирони корӣ баъд аз се сол бояд дар баробари имтиҳони забони русӣ, имтиҳони таърихи ин кишварро низ супоранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар сол на камтар аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад ва шумори хеле зиёди онҳо ҷавононе мебошанд, ки аз манотиқи дурдасти кишвар канда шуда, таҷрибаи муошират ба забони русиро надоранд. Илова ба ин, таълими забони русӣ дар мактабҳои миёна, бахусус дар деҳоти кишвар, назар ба солҳои шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG