Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дарро ба рӯйи баъзе аз муҳоҷирон мебандад


Вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, муҳоҷират ба Русия маҳдудият ва монеаҳои муайян дошта бошад.

Бо ин мақсад, намояндагони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, раиси Кумитаи умури амният Ирина Яровая ва муовини раиси ин кумита Александр Хинштейн як силсила пешниҳодҳоеро ба барномаи кори Дума ворид карданд. Онҳо мегӯянд, бахши зиёди пешниҳодҳо аз барнома ва ваъдаҳои пешазитихоботии раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин сарчашма мегиранд.

Хонуми Яровая ба рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, қонуни нав бояд номгӯйи афродеро муайян кунад, ки вориди Русия шуда наметавонанд. Инҳо афроде хоҳанд буд, ки даст ба ҷиноят задаанд, доғи судие доранд, ки пок нашудааст, барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакии муҳоҷиратӣ боздошт шудаанд ва ҳам онҳое, ки аз Русия ихроҷ шуда, аммо харҷи депортро надодаанд. Солона аз Русия наздики 10 000 нафар ихроҷ мешаванд, ки, бино ба омори ғайрирасмӣ 30 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Дар рӯзҳое, ки раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар шаҳри Душанбе ваъда медод, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабукиҳои бештар дода хоҳад шуд, сарвазири ин кишвар Дмитрий Медведев пешниҳод мекард, ки муҳоҷирони қонуншикан на барои 5 сол бояд депорт шаванд, балки 5 сол зиндонӣ гарданд. Ахиран муҳоҷирони тоҷик шикоят мекунанд, ки ҳатто барои напардохтани харҷи телефони ҳамроҳи худ ба муддати то 2 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд.

Муаллифони тарҳи нав ҳамчунин мехоҳанд, сабтиноми муҳоҷирон таҳти назорати шадид бошад. Онҳо қайди муҳоҷири зиёд дар як манзилро қабул надоранд ва мегӯянд, баъзан дар як хонаи хурд зиёда аз 100 нафар сабт шудаанд. Дар баробари ин ҳама гуна муомилаи манзил бо афроде, ки шаҳрванди Русия нестанд, бояд таҳқиқ шавад.

Коршиноси маркази “Мигратсия. Асри 21”, Василий Кравтсов мегӯяд, беш аз ҳама дастури кифояти манзилгоҳ барои сабти номи муҳоҷирон ба дурнамои муҳоҷират таъсир хоҳад дошт. Барои намуна агар дар Маскав ҳадди ақалли масоҳати манзил барои як нафар 10 метри мураббаъ муқаррар шудааст, дар хонаи 60-метрии оилаи сенафара танҳо 2 муҳоҷирро метавон сабти ном кард. “Ин қонун гӯё мехоҳад, назму тартибе ба миён орад, вале дар амал сабаби он мешавад, ки ҳазорон муҳоҷир имконияти кору иқомати қонуниро аз даст медиҳанд ва ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ табдил меёбанд.”

Дар тарҳи пешниҳодии ҳамҳизбиёни Путин омадааст, ки ширкатҳои бинокорӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, зеро онҳо ба хотири нерӯи арзони кор қоидаҳои муҳоҷиратро поймол мекунанд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар риштаи сохтмон кор мекунанд ва чанде пеш санитари асосии Русия Геннадий Онишенко даъват карда буд, ки тамоми коргарони ширкатҳои бинкорӣ мавриди тафтиш қарор гиранд. Вай гуфт, зиёда аз 10 миллион нафар дар ин соҳа кор мекунанд ва аксаран ба таври ғайриқонунӣ, ки ба амнияти эпидомологии Русия хатар дорад. Вай гуфтааст, “то замоне ки бизнеси бинокорӣ дар Русия ба сохти ғуломдорӣ бартарӣ медиҳад, мушкили тиф ва бемориҳои дигар боқӣ хоҳад монд.”

Коршиносони рус бо вуҷуди он ки аз ин тағйиру иловаҳо дар Қонуни муҳоҷирати Русия ҳимоят кардаанд, мегӯянд, дар он ба сахттар кардани ҷавобгарии шаҳрвандони Русия барои ҷалби муҳоҷирони ғайриқонунӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо вакилони Думаи давлатии Русия гуфтаанд, ин танҳо қадами аввал дар танзими қонунгузории муҳоҷират аст ва ислоҳи қонун идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG