Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Бекҷон озод шуд


Муҳаммад Бекҷон (аз тарафи рост) баъди раҳоӣ аз зиндони "Зарафшон". Рӯзи 22 феврали соли 2017
Муҳаммад Бекҷон (аз тарафи рост) баъди раҳоӣ аз зиндони "Зарафшон". Рӯзи 22 феврали соли 2017

Муҳаммад Бекҷон – сардабири нашрияи мухолифи "Эрк" ва бародари хурдии Муҳаммад Солиҳ, аз рақибони сиёсии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, аз зиндон раҳо шуд. Вай аз соли 1999 боз дар маҳбас ба сар мебурд.

Муҳаммад Бекҷон рӯзи 22 феврал дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ раҳоияшро тасдиқ кард ва гуфт, ки табъаш болида аст. Ӯ гуфт, баъди адои муҳлати ҷазояш аз зиндони "Зарафшон" озод шудааст.

Бекҷон моҳи марти соли 1999 дар Киев боздошт ва баъдан дар ватанаш дар аввал ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Баъдан дар соли 2011 муҳлати зиндони ӯ чаҳор моҳу ҳашт моҳи дигар дароз гардид. Мақомот ӯро барои даст доштан дар таркишҳои моҳи феврали ҳамон сол айбдор карданд.

Аммо худи ӯ дар мурофиа тамоми айбномаро рад карда ва гуфта буд, ки дар ҷараёни тафтишот шиканҷааш кардаанд.

XS
SM
MD
LG