Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикистон бо роҳи Украина меравад", "Декоммунизатсияи тоҷикӣ" ва "Тоҷикистон исми қаҳрамонҳои СССР-ро пок мекунад"… Телевизиону расонаҳои чопии Русия аз нияти шаҳрдории Душанбе барои тағйир додани исми чанд кӯча ба тундӣ интиқод карданд.

"Россия 24", телевизиони расмии Русия, дар шарҳи ин тасмими ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, «Тоҷикистон бо роҳи Украина меравад». Нашрияи "Известия" ин иқдоми мақомоти тоҷикро "ҷанг бо мероси Шӯравӣ" унвон карда гуфтааст, Тоҷикистон намехоҳад, ки насли ҷавонаш дар мавриди гузаштаи худ иттилои дуруст дошта бошад.

Ин валвала ва ҳангомаи расонаҳои Русия дар Тоҷикистон бисёриҳоро ҳайрон кардааст, ки чаро ба иваз шудани номи чанд кӯча дар Душанбе Русия чунин ҳассосият нишон медиҳад? Сергей Абашин, доктори илмҳои таърих ва устоди Донишгоҳи Аврупо дар шаҳри Санкт-Петербург, мегӯяд, вокуниши Русия дар сатҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ба тасмими мақомоти иҷроияи як шаҳр, ки ҳанӯз иҷро нашудааст, дар таҷрибаи муносиботи байни давлатҳо бесобиқа аст.

Чаро Ленинград Санкт-Петербург шуд?

Ӯ рӯзи 23-юми август ба Озодӣ гуфт, «иваз кардани номи як кӯча ин кори ҳатто сатҳи ҷумҳуриявӣ нест. Салоҳияти ҳокимияти маҳал ва сокинони ҳаммон кӯча аст. Барои чӣ ҳукумати давлате, ки худаш коммунистӣ нест, аммо аз дигарон мехоҳад, ки ёдгориҳои коммунистиро пок накунад, воқеан аҷиб аст. Дар худи Русия иваз кардани номҳои ҷуғрофӣ вуҷуд дорад. Масалан, шаҳре, ки ман зиндагӣ мекунам, пеш Ленинград ном дошт, ҳоло Санкт-Петербург аст.»

Сергей Абашин

Сергей Абашин

Абашин афзуд, дар қаламрави Русия даҳҳо ҳайкалу пайкараҳо, исми кӯчаҳо, ки дар худ рамзи даврони Шӯравиро доштанд, барчида ва ё иваз карда шуданд ва Русия ҳаққи маънавӣ надорад, ки аз кишварҳои дигар чунин талаб бикунад.

Аммо бархе аз таҳлилгарони рус ингуна мавзеъгирии ҳукумати Русияро нисбат ба табдили номҳои ҷуғрофӣ ва ёдгориҳои бозмонда аз Шӯравӣ ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд. Юрий Крупнов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи демография ва муҳоҷирати Русия, мегӯяд, вокуниши Русия на ба нобуд кардани бозмондаҳои коммунистӣ аст, балки нобуд кардани таърихи ягона аст.

"Таърихи ягона"?

“Кишварҳои мо таърихи ягона доранд. Чунин вокунишҳои Русия ин нуктагирӣ нест, балки кӯшиши ҳифз кардани таърихи ягона ва ҳавзаи ягонаи тамаддунӣ аст. Ман дар ин ҷо ягон чизи ғайриодиро намебинам.

Ин як хусусияти идеологияи ҳозираи Русия аст. Идеологияе, ки омехтаи Сталинизм, Коммунизм ва шовинизм аст.

Мушкил дар коммунизм ё антикоммунизм нест, балки ин таърихи муштараки мо аст ва ин таърихро намешавад хат зад.»

Мавзӯи табдили исми кӯчаҳо дар Душанбе дар изҳороти Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав рӯзи 18-уми август садо дод. Ӯ гуфт, «Русия умедвор аст, ҳукумати шаҳри Душанбе ба назари собиқадорон ва таърихшиносон гӯш дода» исми ин кӯчаҳоро иваз намекунад. Ба дунболи изҳороти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, як узви Палатаи ҷамъиятии Русия аз Сергей Лебедев, раҳбари иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, хост, ки ба амалкарди мақомоти тоҷик дар бораи ивази номҳои бозмонда аз Шӯравӣ "баҳои равшан" диҳад.

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

«Омехтаи сталинизм, коммунизм ва шовинизм»

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин мавзеъгириҳои Русия ва ҳангомаи расонаҳояш бархоста аз идеологияест, ки Кремлин ҳоло аз рӯи он амал мекунад. Вай афзуд, «дар Русия миёни рамзҳои коммунистӣ ва зиддирусӣ фарқ гузошта наметавонанд. Дар ҳар кишвари пасошӯравӣ, ки иқдоме ҷиҳати аз байн бурдани бозмондаҳои сталинизм ва коммунизм гирифта шавад, онҳо фикр мекунанд, ки ин зиддирусӣ аст. Ин як хусусияти идеологии ҳозираи Русия аст. Идеологияе, ки омехтаи Сталинизм, Коммунизм ва шовинизм аст.»

Аз ин рӯ, гуфт Парвиз Муллоҷонов, кӯшишҳои мамлакатҳои алоҳидаро барои баргаштан ба таъриху фарҳанги хеш дар назари идеологҳои Кремлин як раванди зидди русӣ ҷилва медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG