Пайвандҳои дастрасӣ

Ахиран ба ин мазмун дар Душанбеву Табошар музокироте барпо шуд.

Ба ин манзур як ҳайъат аз бахши ҳарбиву саноатии Русия аз корхонаи воҳиди давлатии “Заря Востока”-и шаҳраки Табошар, воқеъ дар 40-километрии шимоли Хуҷанд дидан намуда ва аз сар гирифтани ҳамкориҳои низомиву иқтисодиро баррасӣ кард.

Қайюмҷон Маҳмудов, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Заря Востока” ба “Озодӣ” гуфт, дар Табошар мутахассисони тоҷику рус эҳёи корхонаи мазкур ва истеҳсоли маводҳои мухталиф барои бозорҳои Тоҷикистону Русияро мавриди баҳс қарор доданд.

Вай афзуд: “Ҳоло бо корхонаҳои Русия гуфтушунид дорем, ки онҳо бо технологияву мутахассисон ба мо ёрмандӣ кунанд. Тоҷикистон аз ҷониби худ имконоти таъмин бо маводи хом, ҳадди ақал бо 50 дарсадро ҷустуҷӯ дорад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмудов, дар дидор бо мутахассисони рус таҳти раҳбарии муовини мудири Департаменти саноати низомии Вазорати энергетика ва савдои Русия, мушаххасан имконоти роҳандозии истеҳсоли полиуретан барои саноати мошинсозӣ ва пойафзол, коркарди резина, ду навъи селлулёза, ки аз ҷумла дар бахши низомӣ ба кор меравад, маводи пластикии сохтмонӣ, мебел ва ранг мавриди гуфтушунид қарор гирифтааст.

Корхонаи “Заря Востока” дар шаҳри Табошар 45 соли пеш чун як ҷузъи муҳими саноати низомии шӯравии собиқ таъсис ёфта, умдатан ба тавлиди сӯзишворӣ барои мушакҳо ва мавод барои тавлиди ураниуми хом ихтисос дошт. Вале бо барҳам хӯрдани давлати шӯравӣ ва гусастани робитаҳои иқтисодӣ, фаъолияти ин корхона дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта фалаҷ гашт.

Раҳбари корхонаи "Заря Востока" дар посух ба ин пурсиш, ки оё Тоҷикистон метавонад дар ҳамкорӣ бо Русия фаъолияти ин корхонароро барои истеҳсоли маводи низомӣ дубора ба роҳ андозад, гуфт:

"Ин мавзӯъ низ аз ҷониби мутахассисони тоҷику рус мавриди баррасӣ қарор дорад, вале имкони дар ин замина фаъол намудани корхона дар муддати наздик номумкин ба назар мерасад. Чунки технологияи корхона кӯҳнаву фарсуда гашта, мутахассисони зарурӣ низ надорад."

Ба гуфтаи вай, мушкили дигар дар ин самт арзиши гарон ва мушкил будани ҳамлу нақли маводи радиоактив аз қаламрави кишварҳо аст. Аз ин рӯ, дар ҳоли ҳозир мутахассисони тоҷику рус умдатан сари масъалаи фаъол сохтани тавони истеҳсолии “Заря Востока” барои тавлиди маводи ғайринизомӣ меандешанд.

Тоҷикистон дар чанд соли охир ҷиҳати эҳёи корхонаи “Заря Востока” сармоя меҷӯяд ва чашми умед ба сӯи Русия дӯхтааст. Ин ягона корхонаест, ки чун як корхонаи низомӣ дар рӯйхати Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) сабт ва эҳёи он дар оянда таъкид шудааст. Аммо иқдомҳои Русия ҳанӯз аз сатҳи ваъдаҳои сармоягузорӣ берун нарафтааст.

Ба гуфтаи Қаюмҷон Маҳмудов, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Заря Востока”, дар ҳоли кунунӣ корхонааш бархе маводи резинӣ барои нақлиёт, калӯш, мебел барои дафтару мактабҳо, лӯлаҳои пластикӣ истеҳсол мекунад ва коргоҳи дӯзандагӣ ҳам дорад, ки дар он ҳудуди 100 кас кор мекунанд. Соли 2012 ин корхона ба маблағи 3.5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.

Вай афзуд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳодҳои худро барои ҳамкорӣ бо Русия дар мавриди фаъол сохтани “Заря Востока” ба ҳайати мутахассисони ин кишвар пешниҳод карда, он дар дидори дигар моҳи сентябри соли равон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG