Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозиҳои калон" дар бозори хурди бензин дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


"Газпромнефт" бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст.
"Газпромнефт" бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон дар 6 моҳ камтар аз нисфи бензинеро, ки мувофиқи созишнома бо Русия бидуни боҷ ворид мекард, масраф кардааст.

Аммо ширкатҳои маҳаллии воридкунандаи маводи сӯхти Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло бидуни пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия бензин харидорӣ карда наметавонанд.

Масъулони ширкатҳои маҳаллии воридкунандаи маводи сӯхт дар сӯҳбатҳои алоҳида ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дуи ҳафтаи охир коршарикони онҳо аз Русия хабар додаанд, ки лимити муқарраркардаи Русия барои содироти бензини бидуни пардохти боҷ ба Тоҷикистон тамом шудааст. Дар ҳоле ки бино бар иттилои Хадамоти гумрук Тоҷикистон дар ним сол ҳамагӣ 158 ҳазор тонна бензин, камтар аз нисфи лимити муқарраркардаи Русияро ворид кардаасту халос.

Пас чаро ширкатҳои дар воридкардани сӯзишвории бидуни боҷ мушкил доранд?

Як масъули ширкати “Умед 88”, ки нахост номашро бубарем, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шарикони тиҷоратии онҳо дар Русия гуфтаанд, ки ҳамаи ҳаҷми муайяншудаи маводи сӯхти бидуни боҷи гумрукӣ барои Тоҷикистон харидорӣ шудааст. Аз ин рӯ, мо дигар аз Русия бидуни пардохти боҷи гумуркӣ сӯзишворӣ харидорӣ карда наметавонем. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт:

“Гӯё лимите, ки барои Тоҷикистон дошт, тамом шудааст. Шарикони тиҷоратии мо дар хориҷа мегӯянд, ширкатҳои калон назири “Газпром нефт” ҳамин лимити сӯзишворие, Русия барои Тоҷикистон муқаррар кардааст пешакӣ пурра харидорӣ кардааст. Ҳамакнун мо маҷбурем, ки бо пардохти боҷи гумрукӣ сӯзишворӣ ворид кунем, ки ин нархро гарон мекунад ва мо бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ дар Тоҷикистон монанди “Газпром нефт” рақобат карда наметавонем”.

Ин масъули ширкати “Умед- 88” афзуд, боҷи гумрукие, ки Русия ба ҳар як тонна сӯзишворӣ таъйин кардааст, тақрибан 280 доллари амрикоӣ аст. Ба таъкиди вай дар сурати бо пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия ба Тоҷикистон сӯзишворӣ ворид карда шавад нархи ҳар литри он ба ҳисоби миёна як сомонӣ гарон хоҳад шуд.

Айни чунин шикоятҳоро дар суҳбат ба Радиои “Озодӣ” масъулони боз чаҳор ширкати воридкунандаи маводи сӯхт иброз доштанд. Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон иддаоҳои ширкатҳои маҳаллиро дар мавриди тақсимоти ноодилонаи квотаи Тоҷикистон барои хариди сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ рад мекунанд.

Сайдалӣ Зарифов, масъули арсаи маводи сухти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шикоятҳои ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар доираи созишномаи байнидавлатӣ асос надорад. Вай гуфт: “ Ин як гапи беасос ва сафсатаи кӯчагӣ аст. Маҳз барои омӯзиши ҳамин масъала гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон озими Русия шуданд. Ин гурӯҳи корӣ ҷой доштани чунин мушкилиҳоро исбот карда натавонист, чи гуна тоҷирони алоҳида ин хел гап мезананд ман намефаҳмам."

Ҷаноби Зарифов афзуд, мушкили аслии ширкатҳои маҳаллии воридкунандаи маводи сӯхт дар он аст, ки иқтидори харидории ҳаҷми зиёди безинро надоранд ва аз ин рӯ аз маводи сӯхти бидуни боҷе, ки Русия барои Тоҷикистон муқаррар кардааст, маҳрум мешаванд. Ба таъкиди Зарифов, барои ворид кардани маводи сӯхт ширкатҳои Тоҷикистон бояд, якбора 50 ҳазор тонна бензин харанд, аммо чунин имконро надоранд.

Александр Кременетский масъули дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Русия дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия ягон ширкати махсусро баҳри экспорти сузишворӣ ба Тоҷикистон бе пардохти боҷи гумрукӣ муайян накардааст. Аммо ба таъкиди Кременетский ба ин вазорат то ба ҳол аз сӯи ҳамтоёни тоҷикашон дар мавриди вуҷуди кадом як мушкил дар воридоти сӯзишворӣ номае нагирифтаанд.

Зимнан коршиносон мегӯянд, вогузор кардани бозори маводи сухти кишвар танҳо ба як ширкат ва он ҳам хориҷӣ вогузор кардан барои Тоҷикистон хатарнок аст.

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, мудири маркази таҳлилии “Индем” ба Радиои Озодӣ гуфт, дарзамони Вазири саноат ва энергетика будани Гул Шералӣ ширкатҳои маводи сӯхти Русия дар Тоҷикистон ҷойи по пайдо карданд: “Муҳимтарин бозори Тоҷикистон- бозори сӯзишворӣ ба ҷавлонгоҳи ширкатҳои русӣ табдил ёфт ва баъдтар Русия аз ин ҳамчун як абзори фишори сиёсӣ истифода кард. Ҳарчанд як миллион тонна сӯзишворие, ки Русия барои Тоҷикистон муқарар кардааст барои кишвар басанда аст, аммо созишномаи байнидавлатӣ дар ин маврид аз сӯӣ мақомдорони тоҷик хеле беҳунарона навишта шудааст. Бо истифода аз камбудиҳои ин созишнома ширкати “Газпром нефт” бозори маводи сухти Тоҷикистонро дубора зери дасти худ даровард”.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, якатоз шудани “Газпром нефт” дар хариди маводи сӯхти дар доираи созишномаи Тоҷикистону Русия аҳамияти ин қарордодро барои Тоҷикистон камранг мекунад. Қарордоде, ки Тоҷикистон онро бар ивази тамдид кардани муҳлати будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия ба даст оварда буд.

Ба таъкиди ин коршиносон, ҳарчанд “Газпром нефт” ягона ширкате боқӣ мондааст, ки имкони харидории сӯзишвории бебоҷро аз Русия дорад, аммо чун дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст бо кадом нархе, ки хоҳад сӯзишвориро ба фурӯш мебарорад. Онҳо боло рафтани қимати бензин дар моҳи ахирро намуна меоранд, ки аз 60 то 80 дирам гарон шуд. Ҳоло як литр бензини навъи АИ 92 бо нархи 5 сомониву 60 дирам арзиш дорад.

Ширкати "Газпромнефт"-и Русия беш аз нисфи бозори маводи сӯхти Тоҷикистон 50, 2 дарсади онро дар ихтиёр дорад. Аммо коршинсон мегӯянд ин ширкат бо воситаи ширкатҳои дигари ҳампаймонаш то 90 дарсади бозори маводи сухти Тоҷикистонро назорат мекунад. Бинобар омори охирини Хадамоти гумрук Тоҷикистон аксарияти кулл ва ё 88, 5 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад.

Тибқи созишномае, ки Тоҷикистону Русия 6 уми феврали соли равон ба имзо расонидаанд, Тоҷикистон ҳақ дорад то 1 миллион тонна маҳсулоти нафтиро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ метавонанд ворид кунад. Аз ин як миллион тонна сӯзишворӣ 360 ҳазор тоннааш бензин, 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ ва боқимондааш мум, мазут, кокси нафтӣ аст.

XS
SM
MD
LG