Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Афғонистон 10 ҳазор "Калашников" дод


Русия ба ҳукумати Афғонистон расман 10 ҳазор мил силоҳи "Калашников" додааст. Сафири Русия дар Кобул гуфтааст, ки кишвараш дар оянда низ ба ёриҳои низомияш ба Афғонистон идома хоҳад дод.

Маскав даҳ ҳазор мил силоҳи "Калашников" ва муҳимоти дигарро дар ихтиёри нерӯҳои амниятии афғон қарор додааст. Александр Матитский, сафири Русия, рӯзи 24 феврал дар маросими супурдани муҳимоти ҷангӣ дар Кобул гуфтааст, Маскав хостори як Афғонистони босубот аст ва барои тақвият ва пешрафти нерӯҳои амниятии афғон аз ҳеч талош дареғ нахоҳад варзид.

Сафири Русия аз ҷумла гуфтааст, "ин иқдом сабаби идомаи дӯстии Маскаву Кобул мешавад ва ин ба он маъно аст, ки Русия ҳимояташро аз Афғонистон идома медиҳад. Кишвари мо хостори як Афғонистон озод, бетараф, холӣ аз маводи мухаддир ва терроризм ва дорои як иқтисоди пешрафта мебошад."

Фиристодани донишҷӯёни Афғонистон ба донишгоҳҳои низомии Русия дар соли ҷорӣ, аз ваъдаҳои дигари сафири Русия дар Кобул будааст.

Русия дар замони ҳукумати коммунистӣ низ силоҳҳои пешрафта ва ҳавопаймоҳо ба Афғонистон дода буд, ки бархе аз онҳо ҳоло фарсуда шудаанд.

Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Афғонистон, ки дар маросими супурдани силоҳҳо ба нерӯҳои афғон ширкат дошт, гуфтааст, ки Русия дар як марҳилаи ҳассос кӯмаки низомӣ ба Афғонистон кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи афғон, ҳукумати Афғонистон аз ҳама муттаҳидонаш, аз ҷумла Русия хостааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ, тӯп, силоҳҳои вазнин ва таҷҳизоти кашфиро дар ихтиёри нерӯҳои амниятии афғон қарор бидиҳанд. Ӯ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон дар муқобили он гурӯҳҳои террористӣ меҷанганд, ки на танҳо ба Афғонистон, балки барои минтақа, ба вижа Русия таҳдиди ҷиддӣ мебошанд.

Русия дар ҳоле ба ҳукумати Афғонистон кӯмаки низомӣ намудааст, ки бино ба маълумоти Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Як намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба агентии Associated Press гуфтааст, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд.

Ин манбаъ гуфтааст, далелҳое ба даст омадааст, ки Русия дар тасарруфи шаҳри Кундуз, дар шимоли Афғонистон дар моҳи сентябри соли 2015 ба Толибон кӯмак карда, аъзои ин гурӯҳро омӯзиши низомӣ дода ва бо силоҳ таъмин кардааст.

Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба Associated Press гуфтааст: "Русҳо ба Толибон пул ва силоҳ доданд, то онҳо алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, вориди набард шаванд. Бад ин тартиб, дар дасти аъзои гурӯҳи Толибон худкори навтарини "Калашников", ки танҳо дар Русия истеҳсол мешавад, пулемёти "Калашников" ва гранатамётҳои зиддитанкӣ пайдо шуданд".

Ба гуфтаи ин намоянда, ин кумакҳои низомӣ мумкин аст хеле осон аз тариқи Тоҷикистон ба манотиқи шимоли Афғонистон ирсол шавад. Манбаъи Associated Press муътақид аст, ки Русия аз тариқи пуштибонӣ аз гурӯҳи Толибон мехоҳад, ба ҳукумати дастнишони амрикоии Кобул садама ворид кунад.

Зимнан, музокироту ҳамкориҳои Русия бо гурӯҳи Толибони Афғонистон мавзӯъи тозае набуда ва дар зарфи се моҳи ахир расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, нашрияи бритониёии “The Sunday Times” дар шумораи рӯзи 27 декабри соли гузашта аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари кунунии ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар додааст.

Манбаи нашрия, ки номаш нашр шудааст, гуфтааст, Путин ва Мулло Мансур роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд. Ба иддаои ин манбаъ, дидори онҳо нисфишаб сари хӯроки шом дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон доир шудааст. Ӯ ҳамчунин ба “The Sunday Times” гуфта буд, ки Толибон қабл аз пешрафтҳояш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз сӯи Русия ваъдаи ёриҳои моливу таслиҳотӣ гирифтааст. Вале як сухангӯи Кремл ба “The Sunday Times” гуфта буд, ки ин хабар асос надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG