Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон соҳиби ҷавшане шуданд, ки 80 дарсади бадани онҳоро аз тир ва оҳанпораҳо ҳифз хоҳад кард.

Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия хабар дод, ки сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон соҳиби маҷмӯи ҳифозатии "Пермячка" шуданд. Бахши асосии онро ҷавшане ташкил медиҳад, ки ахиран барои артиши Русия сохта шудааст.

Намояндаи расмии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, Ярослав Рошупкин, ба хабаргузории «РИА Новости» гуфтааст, ин маҷмӯа дифои беҳтари сарбозонро аз тир ва пораҳои мина таъмин хоҳад кард.

«Ҷавшани ин маҷмӯаи ҳифозатӣ аз маводи арамидӣ сохта шуда, 80 дарсади бадани сарбозро давродавр аз оҳанпораҳои вазнашон 1,5 грамм, ки бо суръати 510 метр дар сония парвоз мекунанд, ҳимоят хоҳад кард, ҳамчунин аз три аксари силоҳи оташфишон,» -- гуфт Рошупкин.

Вай афзуд, маҷмӯа ҳамчунин аз 20 ашё барои пинҳон кардани худ дар зимистону тобистон, нимтанаи нақлиётӣ ва кӯлбори сафар иборат аст. Ба ғайр аз ин рахтихоби сафарӣ, филтри шахсӣ барои пок кардани об, белчаи сапёрӣ низ шомили он мешаванд.

Ҳавопаймои бесарнишини пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

Ҳавопаймои бесарнишини пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Русия борҳо гуфтааст, барои таҳкими пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз ҳамаи чораҳои мумкин истифода мешавад. Дар мояи майи соли равон ин пойгоҳ соҳиби дастгоҳҳои нави «Град» шуд. Моҳи сентябр ба он маҷмааи сайёри тирандозӣ (ПСО-Р) дода шуд, ки бо мавҷҳои радиоӣ идора мешавад. Пештар, дар моҳи феврали соли равон Русия ба ин пойгоҳи худ ҳавопаймоҳои бесарнишин ворид кард ва мегӯяд, бо истифода аз онҳо ба амали "самарбахштар"-и нерӯҳои худ даст хоҳад ёфт.

Ҷаноби Рошупкин мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҷосусии рӯзона ва шабонаи манотиқ, суратгирӣ ва видеобардорӣ аз мавзеъҳо ва ташхиси масоили дигари амниятӣ, аз ҷумла ошкор кардани нурафканиҳои радиоӣ истифода хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳавопаймоҳои мазкур ҳамчунин метавонанд, бо парокандани мавҷҳои муайян ба кори мавҷгирҳо ва мавҷпароканҳо халал ворид кунанд. Дар хабар дар бораи тартиби истифода аз ин ҳавопаймоҳо ва ризоияти ҳукумати Тоҷикистон ба он чизе гуфта намешавад.

Ярослав Рошупкин, намояндаи расмии Округи ҳарбии марказии Русия зикр кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи «Гранат» ва «Застава» барои наворбардорӣ ва аккосии минтақаҳо ба роҳ монда шуда, навъи «Леер» метавонад нуқтаҳои нурафканӣ дар диапазонҳои радиоро мушаххас кунад ва сигналҳои радиоиро дар мавҷҳо халалдор ё маҳдуд намояд.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари рус дар се шаҳри Тоҷикистон-Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Тоҷикистон ва Русия мӯҳлати ҳастии онро дар қаламрави Тоҷикистон то соли 2042 тамдид карданд. Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кӯмак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG