Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони тоҷик: Русия дар Сурия дунболи манфиатҳои худ мегардад


Коршиносони тоҷик мегӯянд, амалиёти низомии Русия дар Сурия, ки зери шиори "мубориза зидди ДИИШ" шурӯъ шудааст, як маъракаи ҷавобгӯи манофеи сиёсии ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Бархе аз соҳибназарони тоҷик аз зарбаҳои ҳавоии Русия ба нуқтаҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин созмон изҳори пуштибонӣ карда, аммо мегӯянд, танҳо Путин танҳо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ муваффақ нахоҳад шуд, ки ДИИШ-ро аз байн бубарад. Дар Тоҷикистон ба иқдоми ахири Русия алайҳи “Давлати Исломӣ” аз даричаи бадбахтиҳои хонаводаҳои тоҷик, ки иддае аз ҷавонон дар доми ин созмон дар Сурия кушта шуда ва хонаводаҳои онҳо дучори рӯзи сиёҳ гардидаанд, нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, аз ҳар нерӯе, ки алайҳи ДИИШ меҷангад, тарафдорӣ хоҳанд кард.

Аммо бархе аз коршиносони масоили низомӣ ва амниятӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз дар робита ба ҳамлаҳои ҳавоии Русия, ки бо иқдоми раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Путин сурат мегирад,

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

хушҳолӣ кардан барвақт аст. Генерал Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 2 сентябр бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳарчанд Русия дар Сурия манфиатҳои хоси худро амалӣ карданист, аммо танҳо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ намешавад ДИИШ-ро комилан маҳв кард: “Русия фақат бо ҳамлаҳои ҳавоӣ барои нест кардани ДИИШ пешрафт карда наметавонад, дар он ҷо нерӯи пиёданизом лозим аст, чунки қувваи пиёданизоми Башор Асад заъиф шудааст ва ба ДОИШ муқобила карда наметавонад.

Ҳарчанд курдҳо ва Ҳизбуллоҳ муқовимат мекунанд, вале онҳо ҳам мувафақ намешаванд. То нерӯи иловагӣ ворид нашавад, ДИИШ-ро нест карда намешавад”, - мегӯяд Нуралишо Назаров. Ҷомеаи Тоҷикистон ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоии Русияро аслан тариқи шабакаҳои телевизионҳои русӣ ва ҳамин тавр аз шабакаҳои моҳвораӣ тамошо ва хулосабарорӣ мекунад.

Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

Генерали дигари тоҷик Саиданвар Камолов вуруди ҷангандаҳои Русия ба Сурияро чизе бештар аз як амалиёти низомӣ – маъракаи ҷавобгӯи манофеи сиёсии ин кишвар арзёбӣ мекунад. “Ин сиёсат аст. Дар он ҷо Русия манфиати геополитикии худашро дорад. Ғарб ҳам манфиати худашро ҳимоят мекунад. Аммо барои мо, тоҷикҳо масъала ин аст, ки дар Сурия бачаҳои тоҷик фиреб хӯрда бадбахт шудаанд”, - гуфт генерал Саиданвар Камолов.

Ба ин далел, генерал Камолов мегӯяд, бисёр мехоҳад бовар кунад, ки амалиёти ҳавоии Русия дар Сурия воқеан бо ҳадафи маҳви гурӯҳи худхондаи “Давлати Исломӣ” пиёда мешавад ва Русия манофеъи худро поёнтар аз ин ҳадаф мегузорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои шабакаҳои телевизионӣ, нахустин асобати мушакҳои Русия дар минтақаи таҳти назорати “Давлати Исломӣ” ҳудуди 20 сокини мулкиро кушта ба ҷой гузоштааст.

Дар ҳоле, ки Русия бо вуҷуди мушкилоти ҳалношудааш бо Украина, боз ҷанг дар Сурияро пеш гирифтааст, иддае аз коршиносон инро як бозии махсуси Путин арзёбӣ мекунанд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

масоили мазҳабӣ мегӯяд, агар Русия фақат ба хотири маҳв кардани “Давлати Исломӣ” ҳамлаҳои ҳавоиии худро ба роҳ андохта бошад, обрӯи ин кишварро хоҳад афзуд, вале Маскав аллакай аз доираҳои ғарбӣ мавриди танқид қарор мегирад, ки дар Сурия аз аҳли ташаюъ ҳимоят дорад.

Баръакси коршиносон, мақомоти расмии Тоҷикистон аз изҳори назар дар робита ба амалиёти ҳавоии Русия дар Сурия худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон аз беш аз 500 шаҳрванди ин кишвар, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат доштанд, наздик ба 200 тани онҳо кушта шуда ва ҳоло на бештар аз 300 нафари дигар дар Сурияву Ироқ боқӣ мемонанд. Чанде пеш мақомоти тоҷик бо пахши як гузориши вижаи телевизионӣ аз бозгашти беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ хабар дода буданд.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида, озими Сурияву Ироқ мешаванд. Нозирони умур низ муҳоҷирони беҳуқуқ дар Русияро як тӯъмаи осон барои шабакаҳое мешуморанд, ки машғули ҷалби «гӯшти тоза» барои гурӯҳҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна ва Афғонистону Покистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG