Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барномаи бозгашти марзбонҳои рус ба Тоҷикистон рӯи даст нест"


Як мақоми баландпояи низомии Русия гуфтааст, ки ҳеч барномае барои бозгашти эҳтимолии марзбонони он кишвар ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон рӯи даст нест.

Як мақоми баландпояи нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гуфтааст, ки марзбонони рус қасди бозгашт ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон надоранд. Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерз", генерал-полковник Александр Манилов, ҳамаҳангсози нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 11 ноябр дар Остона -- пойтахти Қазоқистон гуфтааст, ки "ин масъала дар барномаи онҳо вуҷуд надорад" ва афзудааст, ки ҳукумати Русия "қасди анҷоми чунин маъмуриятро ҳам надорад".

Ин суханони генерал-полковник Александер Манилов дар ҳолест, ки қаблан мақомоти дигари русӣ борҳо аз қасди бозгашти нерӯҳои марзбонии он кишвар ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон сӯҳбат карда буданд.

Аз ҷумла Юрий Борисов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Остона -- пойтахти Қазоқистон дар посух ба ин суол, ки дар ҳолати дархости Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳади он кишвар бо Афғонистон, онҳо чигуна ба он кишвар кумак хоҳанд кард, гуфт, "мо чунин эҳтимолро баъид намедонем. Ҳамчунон, ки шумо медонед, пойгоҳи низомии мо дар он ҷо мустақар мебошад."

Марзбонони Русия, ки солҳои тӯлонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон буданд, соли 2005 бо дархости Тоҷикистон онҷоро тарк карданд. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд. Ба ин тартиб, марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия, барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.

Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистон аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфта буданд, ки зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзори лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.

Аммо ҳоло бо ноором шудани вазъ дар шимоли Афғонистон ва суқути чандин минтақа дар марзи кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон ба дасти Толибон, сару садоҳо дар мавриди бозгашти дигарбораи нерӯҳои русӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG