Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як мошин ангури Тоҷикистонро ба Русия роҳ надоданд


Акс аз сомонаи "Росселхознадзор"

Акс аз сомонаи "Росселхознадзор"

Мақомоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбурги Русия боз як мошин бо 18 тонна ангур аз Тоҷикистонро аз марзи Русия баргардондаанд.

Маъмурони идораи “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбурги Русия боз як фураи пур аз ангурро ба қаламрави Русия роҳ надодаанд. Офелия Микаэлян, раҳбари дафтари матбуоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбург ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бор тибқи санадҳояш аз Қирғизистон меомад, вале ҳангоми тафтиш маълум шудааст, ангур ангури Тоҷикистон аст: “Сертификати фитосанитарии ин бори ангурро Қирғизистон додааст, вале маълум шуд, ки маълумоти дар ин сертификат нишондодашуда бо боре, ки дар мошин буд, мувофиқат намекунад. Ангур ангури Тоҷикистон буд, на аз Қирғизистон.”

Ин мошин бо 18 тонна ангурро рӯзи 16 сентябр дар посгоҳи “Оқбулоқ” манъ карда, худи ҳамон рӯз аз тариқи гузаргоҳи “Сагарчин” ба Тоҷикистон пас фиристодаанд.

Вале азбаски ангур як маҳсулоти зудвайроншаванда аст, ба эҳтимоли ғолиб, ин бор то Тоҷикистон намерасад.

Дар камтар аз 20 рӯзи охир ин алакай дувумин мавриди аз марзи Русия пас гардондани ангури Тоҷикистон аст. Дар поёни моҳи август як ронандаи дигари тоҷикро аз ҳамин гузаргоҳи “Оқбулоқ” нагузоштанд, ки бо 18 тонна ангураш вориди Русия шавад. Он ангур низ ҳамчун моли Қирғизистон санад шуда буд, вале он дафъа мақомоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбург инро сабаб оварданд, ки гӯё соҳиби бор сертификати санитарии Қирғизистонро надорад.

Дар пайи ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон ва аз байн рафтани зарурати расмиёни гумрукӣ дар тиҷорати байни кишварҳои узви ин созмон бархе соҳибкорон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва асосан аз Узбакистону Тоҷикистон ба хотири осон шудани кори худ талош мекунанд, то ибтидо бори худро дар Қирғизистон ҳуҷҷат карда, сипас ба Қазоқистону Русия интиқол диҳанд. Гуфта мешавад, маҳз боҷу хироҷи баланди гумрукӣ боис шудааст, ки бисёре аз соҳибкорони тоҷику узбак маҳсулоти кишоварзиро аз ин кишвар бо роҳҳои қочоқӣ ба Қазоқистон ё Қирғизистон интиқол дода, сипас ҳамчун маҳсулоти он кишварҳо бидуни пардохти ягон боҷ ба Русия мебаранд.

Аз хатти марзи Русия баргардондани инак мошини дуюм бо ангури боғҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Русия баъди эълони таҳримҳои ҷавобӣ ва манъи воридоти хеле аз маҳсулоти ғизоӣ, бо шумули меваву сабзавот аз Аврупо, маҳсулоти боғу полезҳои Осиёи Марказиро як роҳи алтернативии таъмини бозораш мешумурд. Кишоварзон ва тоҷирон аз Осиёи Марказӣ низ ҷанги таҳримҳо байни Русияву Ғарбро фурсати муносибе барои тақвияти ҷойгоҳи маҳсулоти худ дар бозори Русия медиданд ва ҳукуматҳои ин минтақа низ дар фикри афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзиашон ба Русия мебошанд.

“Росселхознадзор”, ё Хадамоти федеролии назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия масъулияти назорат бар тавлид, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ин кишварро бар ӯҳда дорад ва дар солҳои охир бештар бо тасмимҳои “сиёсаӣ”-аш, чун манъи воридоти оби “Боржоми” аз Гурҷистон, шириниҳои сохти ширкати “Рошен”-и раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва манъи воридоти зираву қурут аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф шудааст. Нақши ин идора бахусус дар пайи таҳримоти ҷавобии Русия ба таҳримҳои Ғарб ва маъракаи маҳви маҳсулоти таҳримшуда дар Русия хеле боло рафтааст.

Элдар Абакиров, иқтисодшиноси қирғиз мегӯяд, Русия ҳарчанд маҷбур шуд, ки расмиёти гумрукиро барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз байн барад, вале дар иваз мониаҳои ғайригумрукие, ба мисли Росселхознадзорро дар роҳи ҳамлу нақли маҳсулот аз ин кишварҳо эҷод кардааст, ки як намунааш ҳамин нагузоштани мошинҳои ангур ба қаламрави Русия аст.

Мамониатҳо дар роҳи содироти ангури Тоҷикистон ба Русия дар ҳолест, ки ба гуфтаи деҳқонони тоҷик, имсол дар кишвар ҳосили хуби ангур ба даст омадааст ва агар содироти он таъмин нашавад, ин ҳосил хеле фаротар аз эҳтиёҷоти танҳо бозори дохилист. Ҳоло як кило ангур дар бозор аз 3 то 5 сомонӣ шудааст.

Гузашта аз ин, харидуфурӯши ангур мисли худи он як тиҷорати ҳассос аст ва тоҷире, ки як бор дар ин кор бисӯзад, дигар ба он даст намезанад. Мисли инак ду мошини ангур аз Тоҷикистон, ки баъди тай кардани қариб 2400 километр аз марзи Русия пас гардонда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG