Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори омодагии Маскав ба сабуктар кардани таҳримоти зидди Толибон


Замир Кобулов - аз рост

Замир Кобулов - аз рост

Намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон гуфтааст, Маскав омода аст, мавқеи худро дар робита ба таҳримоти СММ бар зидди Толибон нармтар кунад.

Замир Кобулов, раҳбари департаменти дуюми Осиё дар вазорати хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосие бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, Маскав аз хатти машши ҳукумати Афғонистон барои расидан ба оштии миллӣ пуштибонӣ мекунад ва “омода аст дар масъалаи сабуктар кардани режими таҳримоти Шӯрои Амнияти СММ алайҳи Толибон бархӯрди нармтар кунад.” Аммо Кобулов илова кардааст, ки “агар ин мухолиф ба манфиатҳои миллии Афғонистон набошад.”

Замир Кобулов дар ин мусоҳиба, ки рӯзи 29 декабр нашр шуд, гуфтааст, миссияи Амрико ва муттаҳидонаш аз паймони НАТО дар Афғонистон “комилан барбод рафт” ва “ҳадафи ниҳоии ин маърака – сохтани давлати демократии мутамарказ дар ин кишвар иҷро нашуд.” Ӯ афзуда, ки ба ҷои рушди саноату кишоварзӣ тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ҳаҷму миқёси бесобиқа гирифтааст ва “имрӯз дигар касе дар бораи пирӯзӣ бар Толибон аз роҳи низомӣ ҳарф намезанад ва сиёсати мусолиҳаи миллӣ дар асл ба маънои ба қудрат баргардондани онҳост.”

Замир Кобулов вазъи имрӯза дар Афғонистонро хеле вахим тасвир карда, мегӯяд, дар 27 вилоят аз 34 вилояти ин кишвари ҷангзада даргириҳо идома доранд: “Аммо мояи нигаронии аз ҳама бештари мо фаъол шудани ҷангҷӯён дар шимол, дар наздикии марзи шарикони мост. Дар ҳоли ҳозир ҷангҷӯёни Толибон ҳамроҳ бо созмонҳои дигари ифротӣ ду платсдарм сохта, гурӯҳҳои азими ҷангҷӯёнро дар онҳо ҷамъ овардаанд – яке дар шимолу шарқ (вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Қундуз) ва дувумӣ дар шимолуғарб (вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб ва Бодғис). Теъдоди умумии ифротиён дар шимоли Афғонистон ҳудуди 15 000 нафарро ташкил медиҳад. Таҳдиде вуҷуд дорад, ки ҷангҷӯён барои убур аз Афғонистон ба қаламрави Осиёи Марказӣ кӯшиш хоҳанд кард. Моро махсусан самти Туркманистон дар ташвиш овардааст, чунки ҷангҷӯён дар ин самт алакай ба марз расидаанд.”

Исми Замир Кобулов ҳафтаи гузашта низ бо изҳороти пурсарусадояш дар бораи тамосҳои Русия бо Толибон дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифта буд. Замир Кобулов гуфт, манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд.

Ба қавли ин дипломати аршади рус, ҳам Толибони покистонӣ ва ҳам афғонӣ хилофати Абубакри Бағдодиро, ки худро халифаи мусулмонон эълон карда ва давлати худхондаашро дар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия ташкил додааст, қабул надоранд. Замир Кобулов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ҳукумат дар Кобул муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомӣ бидиҳад, аммо ин корро боэҳтиёт ва ба таври тиҷоратӣ анҷом хоҳад дод.

Се рӯз пеш нашрияи бритониёии “The Sunday Times” аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон навишт, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳанӯз моҳи сентябр дар қаламрави пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе бо раҳбари кунунии ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур мулоқоти махфӣ дошт ва онҳо роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баҳс кардаанд. Ба иддаои ин манбаъ, Толибон қабл аз пешрафтҳояш дар вилояти ҷанубии Ҳилманд аз сӯи Русия ваъдаи ёриҳои моливу таслиҳотӣ гирифтааст.

Иддаои манбаи “The Sunday Times” дар бораи мулоқоти махфии Путин ва Мулло Мансурро ҳам Толибон ва ҳам мақомоти Русия рад карданд. Толибон бо нашри як эъломия гуфт, бо кишварҳои мухталифи минтақа тамос доранд, вале дар мубориза алайҳи созмони “Давлати исломӣ” аз касе кӯмак нахостааст. Толибон мегӯяд, барои муқобила бо ин гурӯҳи рақибаш ба ёрӣ ниёз надорад ва дар ин замина бо ягон тараф сӯҳбат ҳам накардааст.

Вале як мақоми истихборотии Афғонистон, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо бахши дарии Озодӣ хабари дидори Толибон бо як мақоми русиро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, як узви Шӯрои Кветта (мақоми олии раҳбарии Толибон), ки ба гумони ағлаб шояд Мулло Мансур бошад, бо як мақоми муҳими русӣ дидор доштааст. Вале ин мансабдори афғон гуфтааст, маълум нест, ки ин мақоми Русия дақиқан кӣ буд?

Парлумони Афғонистон рӯзи шанбе хабарҳо дар бораи тамосҳои Русия бо Толибонро мудохила дар умури ин кишвар номид. Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи 27 декабр Александр Мантепский, сафири Русия дар Афғонистонро ба вазорат эҳзор карда, дар бораи тамосҳои кишвараш бо Толибон тавзеҳ хост. Мантепский майли Маскав ба ҳамкорӣ бо Толибон барои мубориза бо “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ кардааст, вале гуфта, ки Русия ба хотири пайдо кардани як роҳи ҳалли ҷанги Афғонистон бо Толибон тамос гирифтааст.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 ба вуҷуд омада, соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар як соли пеш ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар моҳи сентябр барои чанд рӯз шаҳри муҳими Қундузро ба даст оварда, ҳоло чанд вулусволӣ дар вилояти Ҳилманд ва дастикам ду вулусволӣ дар марз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ доранд. Аммо дар ин авохир дар баробари ҳукумати Афғонистон бо рақибони худ аз “Давлати исломӣ” низ дастбагиребон шудаанд. Аз ҷумла аз моҳи ноябр ба ин сӯ дар бораи даргириҳои шадид байни ин ду гурӯҳи чирикӣ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG