Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози озмоиши "Окно", ки пули иҷорааш ... 1 сомонӣ будааст


Маркази “Окно”

Маркази “Окно”

Нирӯҳои дифои ҳавоиву кайҳонии артиши Русия аз 1 июн ба озмоиши пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистон шурӯъ мекунанд. Ин пойгоҳ ба Тоҷикистон солона ҳамагӣ 1 сомонӣ пули иҷора медиҳад.

Намояндаи нирӯҳои дифои ҳавоиву кайҳонии артиши Русия полковник Алексей Золотухин хабар дод, ки озмоиши пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно” дар Тоҷикистон хоҳанд гузашт. Гуфта мешавад, ин озмоишҳо аз 1 июн то поёни тирамоҳ идома хоҳанд кард.

“Окно” бахше аз Шабакаи назорати фазои кайҳонии Русия ба шумор рафта, дар маҷмӯъ аз 10 истгоҳ иборат аст. Вале дар моҳи марти соли 2004, баъди аз Тоҷикистон ба Русия гузаштани ҳаққи моликият ба ин пойгоҳ танҳо як қисми истгоҳҳои “Окно” ба “навбатдорӣ”, яъне ба назорати ҷирму ҷинсҳои кайҳонӣ шурӯъ карданд. Тайи ин 10 сол маркази назорати кайҳонии “Окно” беш аз 9000 ҷирму ҷинси кайҳониро ташхис ва рӯйхат кардааст.

Гуфта мешавад, баъди озмоишҳои имсола маркази “Окно” метавонад ба сурати пурра ба кор бипардозад ва ҳамаи 10 истгоҳи мавҷудаашро фаъол гардонад. Ин имкон медиҳад, то ин марказ орбита ё қаламрави таҳти назораташ дар кайҳонро густариш дода, ҷинсҳои кайҳониеро, ки начандон баланд парвоз мекунанд, дақиқтар ташхис ва назорат кунад.

Алексей Золотухин дар Маскав ба хабарнигорон гуфтааст, “дар давраи тобистонаи таълимӣ, ки аз 1 июн то поёни тирамоҳ давом хоҳад кард, баргузории озмоишҳои давлатии тамоми комплекси оптикиву электронии ташхиси ҷинсҳои кайҳонӣ, мавсум ба “Окно” дар Тоҷикистон бо ҳадафи мавриди баҳрабардории низомӣ қарор додани он дар назар дошта шудааст.”

Нирӯҳои дифои ҳавоиву кайҳонии Русия ҳамчунин бунёди маҷтамаъҳои дигари Шабакаи назорати фазои кайҳониро дар қаламрави худи Русия дар назар гирифтаанд.

Пули иҷораи солонаи “Окно” – ҳамагӣ... 1 сомонӣ

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд ва дар сари ағбаи Шар-шар, бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст, дар соли 2004 ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Бино бар созишномае, ки он вақт раисони ин ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар сол иҷора гирифта шудааст.

Ин марказ аз нигоҳи идорӣ дар таркиби пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аст, ки бо зери 7 000 аскару афсари мустақар дар Душанбеву Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва як ротаи хурд дар “Окно” бузургтарин пойгоҳи низомии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия дар хориҷ аз он кишвар ба шумор меравад.

Дар соли 2012 Душанбе замони ҳузури пойгоҳи 201-ро дастикам то соли 2042 тамдид кард ва боз ҳам бидуни талаби пули иҷора. Ба ин тартиб, маркази “Окно” низ то соли 2042 дар канори Норак амал карда, дар ин 38 сол – аз соли 2004 то соли 2042 – ба буҷаи Тоҷикистон ...38 сомонӣ хоҳад супурд.

Маҷмуаи оптикию электронии “Окно” як иншооти мураккаб ва камназирест, ки ҳаракати хурдтарин ҷирмҳои осмониро дар баландии сар аз 2000 то 40 000 километр сабт мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракат дар фазои кайҳонии Аврупо, Осиё, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Марказӣ, уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантик аз ҷониби маркази “Окно” дида ва ба таври автоматӣ сабт мешавад. Барои муқоиса Иёлоти Муттаҳида ин ҳаҷми маълумотро бо истифода аз чаҳор маркази ҳамсон ҷамъоварӣ мекунад.
Маркази Решетев, пойгоҳи дигари назорати кайҳонии Русия дар шаҳри Железногорск

Маркази Решетев, пойгоҳи дигари назорати кайҳонии Русия дар шаҳри Железногорск

Дарвозаҳои пойгоҳи "Окно" ба рӯи матбуоти маҳаллӣ баста аст. Вале дар моҳи майи соли 2013 телевизиони давлатии Русия аз ин пойгоҳ гузориши муфассале таҳия карда буд. Дар он барнома фармондеҳи феълии маркази “Окно” сарҳанг Владимир Хромченков гуфт, афсароне, ки бо аҳли хонаводаҳояшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Русия интиқол дода шуданд, баъди ба моликияти Русия гузаштани он дубора ба пойгоҳи “Окно” баргаштаанд ва акнун дар шаҳраке зиндагӣ мекунанд, ки берунтар аз ҳудуди ин марказ, дар канори шаҳри Норак бунёд шудааст.

Ҳамин тавр гуфта мешуд, ки ба хидмати яксола дар ротаи нави маркази назорати кайҳонии “Окно” маъмулан хатмкунандагони муваффақи донишгоҳҳои махсуси Русия даъват мешаванд. Ҳамчунин ба онҳо имкон дода мешавад, ки дар ин ҷо барои рисолаҳои дипломии худ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд.

“Окно” харҷашро кайҳо баровардааст”
Нирӯҳои пойгоҳи 201

Нирӯҳои пойгоҳи 201

Фармондеҳи қисми ҳарбии 52168-и вазорати дифои Русия, сарҳанг Владимир Хромченков ба шабакаи “Вести” гуфтааст, ҳар шабонарӯз дар ин ҷо феҳрасти муфассали ҷирмҳои мавҷудаи мадори Замин таҳия мешавад ва камтарин тағйиру зуҳури ҳама гуна ҷирми нав ҳадафи дидбонӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи полковник, марказ бархе аз вазифаҳои тиҷоратиро низ анҷом медиҳад: “Мо ҳамчунин кӯмак мекунем, ки моҳвораҳо ба ҷирмҳои осмонӣ ё “ахлот”-и кайҳонӣ барнахӯранд.”

Низомиёне, ки барои кор ба пойгоҳи “Окно” меоянд, ба гуфтаи фармондеҳ, аз имтиҳони як ҳайати махсус мегузаранд ва маоши миёнаи онҳо 120 000 рубли русӣ, муодили қариб 4000 долларро ташкил медиҳад.

Маҷмуаи оптикию электронии “Окно” ҳамчунин ба иҷрои дархости фармоишгарон хориҷӣ низ машғул аст. Аз ҷумла танҳо сабти координатҳои ҷирми кайҳонӣ барои фармоишгари хориҷӣ 500 доллар нарх дорад. Сабти ҳамаи масири ҳаракати чунин ҷирм 1500 долларро ташкил медиҳад. Корманди аршади маркази “Окно” Олег Марков аз ифшои теъдоди умумии чунин фармоишҳо худдорӣ карда, вале гуфтааст, ки пойгоҳ “харҷи худро кайҳо баровардааст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG