Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пилотҳои муҳоҷир ба ҳавопаймоҳои Русия роҳ ёфтанд


Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ин ҳақро пайдо карданд, ки то 200 мутахассиси муҳоҷирро ба муддати панҷ сол барои рондани ҳавопаймо ҷалб кунанд.

Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” -и чопи Маскав бо такя ба қарори ҳукумати Русия дар бораи тартиби истихдоми ҳавонавардони хориҷӣ дар идораи ҳавопаймоҳои мулкӣ хабар додааст.

Дар матни ин санад омадааст, ки ширкатҳои ҳавонавардии Русия иҷозат доранд, то 200 пилотро ба муддати панҷ сол ба кор бигиранд. Иттифоқи касабаи пилотҳо ба ин назар аст, ки бо ҷалби муҳоҷирони ҳавонавард, ки нисбат ба пилотҳои рус маоши камтар хоҳанд гирифт, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд аз ҳисоби маош 20 то 30 дарсад ҳифз кунанд.

Интизор меравад, ки “Росавиация” ҳамасола дархости ширкатҳои ҳавопаймоиро дар заминаи истихдоми муҳоҷирони ҳавонавард ҷамъоварӣ кунад. Ба гуфтаи манбаъи “Коммерсант”, тартиби ҷалби “гастарбайтерҳо" барои идораи ҳавопаймоҳои Русия то охири сол тасдиқ ва дар оғози зимистон иҷро мешавад.

Виталий Савелев, раҳбари “Аэрофлот” - бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия, соли гузашта аз раисҷумҳур Владимир Путин хоста буд, ки ба ҷалби пилотҳои муҳоҷир иҷозат бидиҳад. Ӯ гуфта буд, бинобар камбуди ҳавонавардон ширкатҳо маҷбуранд қимати чиптаҳо ва маоши пилотҳоро боло бубаранд.

Ба навиштаи матбуоти Русия, бинобар камбуди ҳавонавардон "Аэрофлот" ба кормандонаш барои ҷалби халабонҳо аз ширкатҳои дигар то 200 ҳазор рубл ҷоиза таъин кардааст. Матбуоти Русия маоши пилотҳои русро 157 ҳазор доллар дар сол баршумурдааст, ки дар муқоиса бо ҳамтоҳои онҳо аз бисёри дигар кишварҳои шӯравии собиқ бештар аст. Сабаби аслии маошҳои баланд дар Русия камбуди ҳавонавардони варзида гуфта мешавад.

Таълими як ҳавонавард дар Русия 5 сол ва дасти кам 5 миллион рублро дарбар мегирад. Ва он бе назардошти ҳазорон доллари дигар, ки барои курсҳои идораи "Боинг" ва " Эйрбас" дар Амрико ва Аврупо сарф мешаванд. Қимати пилотҳое, ки ин ҳама давраҳои таълимро хатм мекунанд, дигар ба зар баробар мешавад ва ин аст, ки ширкатҳо ба ҷалби пилотҳои алакай омода аз ширкатҳои дигар бартарӣ медиҳанд.

Аксар мутахассисони соҳа бар ин боваранд, ки пилотҳои хориҷӣ аз ҷиҳати омодагии ҳирфаӣ аз ҳамтоҳои руси худ камӣ надоранд ва аз ӯҳдаи кор ба хубӣ мебароянд. Ҳамзамон онҳо таъкид мекунанд, ки ин ибтикор мушкили марбут ба камбуди ҳавонавардҳоро ҳал намекунад ва то ҷойе метавонад низоми мавҷудаи тарбияи пилотҳо дар дохили Русияро вайрон кунад.

Ба гуфтаи ширкати "Боинг", то соли 2031 Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳудудан ба 12 ҳазор ҳавонавард ниёз хоҳанд дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки мактабҳои ҳавонавардии Русияро дар соли 2013 танҳо 600 мутахассис хатм кардааст ва аз ин шумор ҳам на ҳамааш мехоҳад дар авиатсияи мулкӣ кор кунад.
XS
SM
MD
LG