Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби ҷавонони футболи Русия (U-21) барандаи Ҷоми Иттиҳод-2016 гардид.

Мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Русия дар мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 пирӯз шуд. Футболбозони ҷавони русиягӣ дар бозии ниҳоӣ, ки шаби шанбеи 23-юми январ дар маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гардид, мунтахаби ҷавонони Молдоваро бо ҳисоби 4-2 шикаст доданд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 хотима ёфт. Дар нимаи дувуми бозӣ русиягиҳо се гол ва молдовиҳо як гол заданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Русия бо Ҷоми Иттиҳод ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Молдова барои ҷойи дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Мунтахаби Эстония, ки шоми шанбе дар бозӣ барои ҷойи 3-юм дастаи Қирғизистонро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-1 (замони асосӣ -0-0) шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид. Мунтахаби Қирғизистон чорум шуд.

Барои ҷойи панҷум мунтахаби Беларус бар тими Латвия аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5-4 (замони асосӣ – 0-0) ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ҷойи ҳафтум аз тими Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Мунтахаби Қазоқистон дар ҷойи ҳафтум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи охирин – ҳаштум – қарор гирифтанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дар ҳамаи чаҳор бозӣ аз тимҳои Русия (1:2), Эстония (1:4), Латвия (2:3) ва Қазоқистон (2:3) шикаст хӯрд. Тоҷикистон ягона дастае буд, ки дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ягон имтиёз ба даст оварда натавонист. Таносуби тӯбҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 6-12 мебошад.

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Қазоқистон – Тоҷикистон - 3:2

Голҳо: Агайсин, 2 (1:0). Аймбетов, 13 (2:0). Бобоҷонов, 17 (2:1). Аймбетов, 83 (3:1). Эргашев, 84 (3:2).

Қазоқистон: Голубничий, Аслан, Агайсин, Тунгишбоев, Одилхонов, Куксин, Лебедев (Соколенко, 77), Таубай, Аймбетов, Воменко (Антипов, 27), Гладченко.

Тоҷикистон: Сониев, Ҳакимов (Ҷалилов, 83), Табрези Давлатмир, Ҷӯрабоев, Умарбоев, Ф. Шарифов (Эҳсони Панҷшанбе, 83), Алиев, Бобоҷонов, Эргашев, Қараев, Фузайлов (Раҳматов, 17).

Огоҳонида шуданд: Аслан, 28. Ф. Шарифов, 29. Агайсин, 58. Лебедев, 65. Умарбоев, 71. Куксин, 76. Қараев, 76. Эргашев, 79.

Аз майдон хориҷ шуданд: Антипов, 76. Табрези Давлатмир, 76.

Доварон: Панин, Сайфиддинов, Каруненко (ҳама аз Русия).

23 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский».

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Беларус – Латвия - 0:0, аз рӯи силсилаи пеналтӣ - 5:4

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Қирғизистон - Эстония - 0:0, аз рӯи силсилаи пеналтӣ - 1:4.

Бозии ниҳоӣ

Русия - Молдова - 4:2

Голҳо: Спатару, 10 (0:1). Сутормин, 11 (1:1). Муллин, 67 (2:1). Карпов, 73 (3:1). Муллин, 80 (4:1). Бойчук, 82 (4:2).

Русия: Бородко, Куфтин, Кирисов, Карпов, Серасхов, Петров (Милдзихов, 84), Букия, Жабкин (Рудковский, 38), Корян (Зинковский, 61), Сутормин (Муллин, 61), Шейдаев (Болов, 70).

Молдова: Аврам, Тарас, Стариш, Разгонюк, Драган (Пайрели, 63), Андроник, Спатару, Ребенжа (Свинаренко, 79), Макритский, Рогак, Семиров (Бойчук, 50).

Огоҳонида шуд: Разгонюк, 76.

Доварон: Казарсев, Болшаков, Милюченко (ҳарсе аз Русия).

23 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский». 3000 тамошобин.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев соли гузашта дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 дар байни 12 даста дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Молдова, Латвия, Литва ва Эстония пеш гузашта буд.

Футболбозони ҷавони тоҷик аз 6 бозӣ дар дутоаш бар тимҳои Қазоқистон (1-0) ва Литва (2-1) пирӯз шуда, дар чор бозӣ аз дастаҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (1-3), Туркманистон (0-2), Қирғизистон (1-3) ва Қазоқистон (0-2) шикаст хӯрда буданд.

Соли гузашта мунтахаби ҷавонони зери 20-солаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия дар бозии ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони зери 21-солаи Финляндияро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG