Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми зиёди Русия аз муҳоҷирон "метарсидаанд"


Панҷоҳу як дар сади аҳолӣ зимни назарсанҷӣ гуфтаанд, ки мухолифи таъсиси урдӯгоҳ барои муҳоҷирон ҳастанд.

Панҷоҳу як дар сади аҳолӣ зимни назарсанҷӣ гуфтаанд, ки мухолифи таъсиси урдӯгоҳ барои муҳоҷирон ҳастанд.

Назарсанҷие дар Русия нишон додааст, ки 65 дар сади аҳолӣ муҳоҷиронро "хатар" мепиндоранд ва аз онҳо метарсанд.

Маъракаи ахири мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирони корӣ ва ба ҳайси “бачаҳои баду қонуншикан” намоиш додани онҳо, ба ҳадде ба афкори умум дар ин кишвар таъсир гузоштааст, ки гуфтаанд, дар умум аз муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунӣ бим доранд.Назарсанҷии бунёди “Афкори Умум” дар Русия нишон додааст, ки 65 дар сади аҳолии ин кишвар аз муҳоҷирон тарсу ҳарос доранд ва танҳо 27 ҳеҷ хатару “бадие” дар онҳо намедидаанд.

Бар асоси ин назарсанҷӣ умдатан занҳо ва мардуми камдаромади Русия, муҳоҷиронро хатар пиндошта ва мегуфтаанд, ки онҳо ба кишварашон аслан лозим нестанд. Ирина Осипова, таҳлилгари Бунёди “Афкори Умум” ба Радиои Озодӣ гуфт, баръакс мардҳо ва табақаи миёнаҳол дар ҳузури муҳоҷирони корӣ дар Русия мушкилеро намедидаанд:
“Аз ҳама бештар занон ва мардуми камдаромад аз муҳоҷирон бим доранд, яъне онҳое, ки даромадашон дар як моҳ аз 9 ҳазор рубл зиёд нест. Мардҳо умдатан аз муҳоҷирон бим надоштаанд, яъне аз ҳисоби умумии 27 дар сади аҳолӣ, ки аз муҳоҷирон тарс надоранд, 33 дар сади онҳо мардон ҳастанд. “

Сабабҳои муносибати манфӣ ва тарси назардодагон аз муҳоҷирони корӣ гуногун будааст, баъзе аз ҳисси миллатгароӣ, баъзе аз эҳсоси хусусӣ ва баъзе ҳам таҳти таъсири “бадгӯиҳои” матбуоти Русия мондаанд, ки гуфтаанд, барои муҳоҷирон дар кишварашон ҷой нест. Ба гуфтаи Ирина Осипова, назардодагон далелҳои муносибати манфиашон ба муҳоҷиронро чунин шарҳ додаанд:
“Дар маҷмӯъ ақидаи умумӣ ин аст, ки дар Русия теъдоди муҳоҷирон беш аз ҳад шудааст, ҳарчанд мардум зарурате ба онҳо намебинанд. Дигар ин ки аз муҳоҷирон метарсанд, ба ақидаи онҳо, муҳоҷирон вазъи ҷиноиро бадтар мекунанд ва ё муҳоҷирон ҷойҳои кории мардуми маҳаллиро мегиранд.“

Далели муносибати манфии теъдоди дигар ба муҳоҷирон ин будааст, ки "тоби дидани муҳоҷирро" надоранд ва ё азбаски “ватандӯст” ҳастанд, ғайрирусҳоро бад мебинанд. Баъзе ҳам аз он хотир муҳоҷирони кориро дӯст намедоштаанд, ки дар симои онҳо “паҳнкунандагони бемориҳои сироятиро” медидаанд. Ба гуфтаи Ирина Осипова, таҳлилгари Бунёди “Афкори Умум” дар Русия, дар чунин шакл гирифтани ақидаҳои мардум дар Русия нақши матбуот зиёд аст:

“Ғолибан сабаби ин аксар вақт баҳс шудани масоили муҳоҷират дар матбуот аст. Ҳар вақт ҳодисае бо ширкати муҳоҷири корӣ рух диҳад, онро дар сархати ахбори худ қарор медиҳанд ва ҳеҷ гоҳ паҳлӯҳои мусбати онро намегӯянд. Ба назари ман, мушкил ҳамин аст, ки пайваста дар бораи муҳоҷирон гапи бад зиёд мегӯянд ва мардумро аз онҳо метарсонанд. “

Назарсанҷӣ ҳафтаи гузашта ва баъд аз он анҷом шудааст, ки маъмурони амниятӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия бо раҳандозии амалиёте ҳазорон нафар муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро боздошт карда ва теъдоде аз онҳоро аз Русия ронданд. Амалиёти мазкур таҳти унвони поксозӣ аз унсурҳои ҷиноӣ ҳанӯз идома дорад. Ирина Осипова афзуд, аксарияти назардодагон ҳамчунин мухолифи таъсиси урдӯгоҳҳои махсус барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ будаанд, мисли урдӯгоҳе, ки 30 июл дар ноҳияи Голяновои Маскав аз хаймаҳо бунёд карданд ва онҷо 1500 муҳоҷирро нигаҳ доштанд. Баъди ихроҷи теъдоде аз ин муҳоҷирон ва интиқоли бақия ба боздоштгоҳҳои дигари муваққатии Маскав ин урдӯгоҳ рӯзи 20-уми август баста шуд.

Ирина Осипова гуфт, 51 дар сади назардодагон гуфтаанд, ки таъсиси урдӯгоҳ барои муҳоҷирон кори дурусте нест, зеро монеъи ихроҷи онҳо аз Русия мешавад, 41 дар сади тарафдори таъсиси чунин урдӯгоҳ будаанд, чунки инро чораи аввал барои ихроҷи баъдии муҳоҷирон медонистаанд. Вале айни замон нисфи зиёди аҳолии Русия мухолиф набудаанд, ки муҳоҷирони мутахассис ва “аҳл” дар кишварашон бошанду кор кунанд. Зимни назарсанҷӣ аз мардум пурсидаанд, ки мухолиф нестед, агар ба муҳоҷирони забондону фармонбардори қонун, дар Русия иҷозаи кор бидиҳанд ва аз 63 дар сад посухи мусбат гирифтаанд. Сиву ду дар сад гуфтаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдор нестанд, ки муҳоҷирони мутахассис ҳам дар Русия кор кунанд.

Ба гуфтаи Ирина Осипова, бо вуҷуди тамоми тарсу ҳаросашон, мардум эътироф мекунанд, ки Русия ба муҳоҷироне, ки бе ҷинояту қонуншиканӣ кор мекунанд, зарурат дорад. Бино ба оморҳои расмӣ, Русия мизбони тақрибан як миллион нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки аз “қаҳрамонҳои манфии” матбуоти он кишвар ҳастанд. Назарсанҷии мазкур дар миёни 1000 нафар аз сокинони минтақаҳои гуногуни Русия ва аз тариқи телефон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG