Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи 201-и Русия ба по мехезад, агар...


Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов

Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов

Намояндаи баландпояи Русия мегӯяд, кившараш метавонад дар ҳоли бад шудани вазъи амниятӣ аз пойгоҳи 201-и худ дар Тоҷикистон истифода кунад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов, мегӯяд, дар ҳоли таҳдиди рӯйирост ба амнияти Тоҷикистон ё кишварҳои дигари узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия метавонад мавриди истифода қарор гирад. Дар мусоҳиба бо нашрияи “Kommersant business daily”рӯзи сешанбе сафири Русия дар Тоҷикистон ба он ишора кардааст, ки мумкин аст, вазъият дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 бад шавад. Вай гуфтааст: “Бешубҳа, вазъият метавонад ба гунае шавад, ки таҳдиди мустақиме ба амнияти Тоҷикистон ё мутаносибан ба кишварҳои дигари узви СПАД ба миён ояд.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки сафирони Русия дар Осиёи Марказӣ дар як ҳамоиш дар Тошканд, пойтахти Узбакистон, масъалаҳои минтақаии давраи пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Ҷаноби Лякин-Фролов афзуд, созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳузури ҳарбии Русия истифодаи пойгоҳро дар ҳамоҳангӣ бо раҳбарияти Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар тақвияти гуфтаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, воқеан ҳам ин кишвар бо ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-ум ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст ва он дар асоси ҳамоҳангӣ сурат мегирад. Ҳарчанд ҷаноби Маҳмадалиев мегӯяд, ки агарчӣ ҷанбаҳои ин ҳамкориҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд, аммо равобити низомӣ дар чаҳорчӯби санаду созишномаҳои дуҷониба, ки миёни Русияву Тоҷикистон дар ин авохир ба имзо расидааст анҷом мешавад.Вай афзуд, «ҳамкорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷузъу томҳои пойгоҳ вуҷуд дорад. Ҳамкориҳои мо дар доираи созмонҳои бонуфуз ва ҳам дар алоҳидашӣ сурат мегирад. Аз ҷумла мо ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ техникӣ дорем. Ба хотири амнияти минтақа ҳамасола машқҳои ҳарбӣ гузаронида мешавад. »

Таҳлилгарони тоҷик низ рӯи ҳамин ҳамоҳангии пойгоҳи 201-ум бо Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд ва Маҳдии Собир, яке аз коршиносони амниятӣ дар шарҳи мафҳуми "ҳамоҳангӣ" ва манфиати ин пойгоҳ дар таъмини амнияти Тоҷикистон мегӯяд, «Тоҷикистон мехоҳад вориди Иттиҳоди гумрукӣ шавад, дуюм ин ки мо бо Русия дар як Иттиҳод яъне иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҳастем ва ҳамчунин Тоҷикистон аъзои СПАД аст ва ҳамин се шева имкон медиҳад, ки Русия дар Тоҷикистон нерӯҳояшро нигоҳ дорад ва дар ҳама муҳорибаҳо аз ин кишвар ҳимоят кунад. Ҳимоят метавонад дар шакли кӯмаки ҳарбӣ бошад ва ё дар ҳолати бад шудани вазъият метавонад худи нерӯҳои Русия,ки дар Тоҷикистон қарор доранд. бевосита ба ҷанг ворид шавад.Ҳузури ин пойгоҳ дар кишвар дар пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳо барои таъмини амният бениҳоят манфиати калон дорад.»

Лашкари 201-ум ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст, ва бо касби истиқлоли ин кишвар ба пойгоҳи низоми Русия табдил ёфт. Ҳарчанд дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин пойгоҳ худро дар ҷанги Тоҷикистон бетараф эълон карда буд, аммо намояндагони мухолифон борҳо гуфтаанд, ки ин нерӯ ба ҳарду тарафи даргир, ҳукумат ва мухолифон силоҳ мефурӯхт. Баъдан Русия мақоми аскароне, ки дар солҳои ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хизмат кардаанд ба мақоми ветеранҳои ҷанги бузурги ватанӣ баробар кард ва бо ин ба гунае собит сохт, ки ин нерӯ дар ҷанги Тоҷикистон тарафи беғараз набуд.

Дар пайи сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 барои 49 соли дигар ба имзо расид ва ахиран парлумонҳои ҳар ду кишвар онро тасвиб карданд. Кумак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумла ваъдаҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар қаламрави Тоҷикистон додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ҳар ду кишвар ҳузури ин пойгоҳро омили таъмини субот амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Қарордоди тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ баъди чанд соли баҳси ду кишвар бар сари шароити ҳузури минбаъдаи низомиёни рус ва ҳатто гӯё талаби то 300 миллион доллар пули иҷора кардани Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2012 дар рӯзи 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд.

Маскав дар иваз барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия бархе сабукиҳо дод ва боҷи гумрукии содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро барои ҳаҷми муайяни чунин мавод бекор кард.

Як моҳ пеш Русия эълом дошт, ки пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистонро то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон пурра такмил хоҳад кард. Вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу гуфт, такмили пойгоҳи 201-ум, ки бо зери 7000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад, алакай то моҳи декабри соли равон 80 дарсад анҷом хоҳад шуд.

Аксар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ,ки мухолифи имзои қарордоди тӯлонӣ дар мавриди буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон буданд, ҳамин далелро пеш оварданд, ки будани ин нерӯ барои амният ва истиқлолияти Тоҷикистон бетахатар нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG