Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафи қонуни нави Русия -- рабудани "мағзҳо" аз Осиёи Марказӣ


Русия ба шаҳрвандӣ пазируфта шудани шахсони дорои ихтисосҳои муайянро сабук кард ва иҷрои ин қарори ҳукумати Русия аз 7-уми август сар мешавад.

Вазорати кору ҳифзи иҷтимоии Русия фармоне баровард, ки татбиқи он аз 7-уми августи соли равон оғоз меёбад. Бар асоси он мутахассисони кишварҳои хориҷӣ ё мутахассисоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, метавонанд ба осонӣ соҳиби шиносномаи Русия шаванд.

Дар феҳристе, ки ин вазорат ба чоп расондааст, номгӯи 74 касбу кор оварда шудааст ва ба он на танҳо ихтисосҳое, ки дар донишгоҳҳои олӣ аз худ кардаанд, балки ихтисосҳое, ки дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва ё омӯзишгоҳи тиббӣ низ омӯхтаанд, дохил мешавад. Ин фармон аз ҳамшираи шафқат ва кафшергару харроту дуредгар то муҳандису пизишк ва технологу донишмандони бахши риёзиро дар бар мегирад. Дар ин феҳрист, ки Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Русия онро як ҷо бо фармони вазорат ба чоп расондааст, бори аввал ихтисоси математик ё риёзидон низ омадааст. Вале аксари касбҳои пешниҳодшуда ба бахши саноат тааллуқ дорад.

Дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки ба истилоҳ “фирори мағзҳо” хеле барвақт оғоз шуда буд, акнун роҳ барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳамвортар ва бозтар мешавад. Шодибек Лаблабонов, сокини ноҳияи Ванҷ 15 сол дар Липетск бо кафшергарӣ машғул аст. Вай мегӯяд, ки бояд шаҳрвандии Русияро бигирад, то аз имтиёзҳо бархӯрдор шавад ва баробари як коргари рус музд гирад. Шодибек дар давраи Шӯравӣ омӯзишгоҳи касбӣ-техникиро дар Душанбе хатм кардааст ва бо дипломи ин омӯзишгоҳ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия собиқаи корӣ дорад. Вале давраи кори Русия барои вай собиқаи корӣ намеорад, балки “гастербайтер” ҳисоб мешавад ва собиқаи кории 15 солааш бар абас меравад. “Барои он ки мо шаҳрвандӣ надорем, моро дар ягон кори асосӣ, масалан, дар ягон корхона, қабул намекунанд. Мақсади мо ин аст, ки ақаллан баъди гирифтани шаҳрвандӣ озод гашта, кор кунем,” -- мегӯяд Шодибек.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, агар шаҳрвандӣ гирад, имконият пайдо мекунад, ки дар як ҳафта мисли коргарони Русия ду рӯз истироҳат кунад ва дар як сол як моҳ рухсатӣ дошта бошад.

Яке аз пажӯҳишгоҳҳои ҳастаии Русия
Яке аз пажӯҳишгоҳҳои ҳастаии Русия

Аммо Иброҳим Сарҳадов, донишманди тоҷик дар Маркази таҳқиқоти ядроии Русия дар Дубнаи вилояти Маскав аз кору зиндагии худ ризост. Вай соли 1998 бо як сафари илмӣ ба ин марказ омад, вале баъд аз ошноӣ бо кори илмии вай барояш пешниҳод кардаанд, ки дар ин ҷо монад. Акнун ӯ дар ин ҷо 17 сол собиқаи кор дорад. Иброҳим ҳоло бештар дар бораи нафақааш фикр мекунад ва мегӯяд, ихтисоси вай дар ҳамаи кишварҳо даркорист. Сарҳадов дар давраи Шӯравӣ дар яке аз озмоишгоҳҳои ядроии Харков таҷрибаомӯз ҳам будааст. Бо вуҷуди ин то ҳол натавонистааст шаҳрвандии Русия гирад. Вай дарёфти шаҳрвандиро яке аз роҳҳои расидан ба имтиёз медонад ва мегӯяд, агар шаҳрвандӣ нагирад, аз нафақа маҳрум хоҳад шуд.

Абдулло Давлатов, пизишки саршиноси тоҷик дар Маскав ва таҳлилгари умури муҳоҷират шаҳрвандии Русияро дорад. Вай мегӯяд: “Ҳадафи қонун он аст, ки мутахассисони кордону босаводро аз ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин ё аз кишварҳои хеле ақибмонда ба Русия ҷалб кунанд. Чашми Русия дар навбати аввал ба сӯи кишварҳои пасошӯравӣ дӯхта мешавад. Сабаб ин аст, ки аз кишварҳои пешрафта аз қабили кишварҳои аврупоӣ ё Амрико, аз кишварҳои Шарқи Наздик ва ё аз Сингапуру аз Малайзия ба Русия коршиносон намеоянд, чун шароити кор дар кишварҳои худашон беҳтар аст”.

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, чунин қонуну фармонҳои Русия бештар барои ҷалби муттахассисони кишварҳои Осиёи Миёна аст, ҳарчанд дар ин бора ошкоро чизе гуфта намешавад. Кишварҳои каронаи Балтик ё қисман кишварҳои Қафқоз дар ин маврид истисноянд. Вале аз Тоҷикистон акнун муҳоҷирати мутахассисони касбу кори гуногун бештар мешавад, чун Русия ба ҳар баҳона ба онҳо имконият медиҳад, ки ба Русия оянд ва дар ин ҷо бимонанд. Гузашта аз ин донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои Русияро хатм мекунанд, иқомат ва кор дар Русияро ихтиёр мекунанд.

Дар феҳристи касбҳои пешниҳодкардаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия дида мешавад, ки ин кишвар бештар ба коршиносоне ниёз дорад, ки онҳо бояд дар оянда саноати сабук ва саноати вазнини ин кишварро рушд диҳанд ва дар бахши саноати низомӣ кор кунанд. Аз сӯи дигар, коршиносони Русия дар матбуот ба мушкилиҳои демографии ин кишвар низ ишора мекунанд. Ба ақидаи онҳо, ин кишвар ҳамзамон бо ҷалби коршиносони беҳтарин аз кишварҳои Шӯравии пешин ҳалли масъалаҳои демографии худро низ дар мадди назар дорад.

XS
SM
MD
LG