Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Русия ба баррасиву тасвиби Думаи давлатии ин кишвар тарҳи қонуни созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Ӯзбакистонро дар бораи бахшидани қарзҳои ҳамдигар ворид кард.

Ҳукумати Русия ба баррасиву тасвиби Думаи давлатии ин кишвар тарҳи қонуни созишномаи байни ҳукуматҳои Русия ва Ӯзбакистонро дар бораи бахшидани қарзҳои ҳамдигар ворид кард. Дар сайти расмии ҳукмати Русия гуфта мешавад, ки ин қарорро нахуствазири кишвар Дмитрий Медведев имзо кард ва масъули ратификатсияи ин созишнома муовини вазири молияи кишвар Сергей Сторчак таъйин шудааст.

Думаи давлатӣ бояд санадеро тасвиб кунад ки Ӯзбакистону Русия онро дар декабри соли 2014 дар ҷараёни музокироти президентони ин ду кишвар имзо кардааст. Ба ин тартиб, Русия қарзи Ӯзбакистонро дар ҳамҷи 865 миллион доллар мебахшад. Ҳаҷми куллии қарзи Ӯзбакистон дар баробари Русия 890 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати тасвиби қарори қонун, Тошканд танҳо 25 миллион доллари ин пулро ба Маскав бармегардонаду халос. Ин ба он маъност, ки Русия аз баҳри 97 % қарзи Ӯзбакистон мегузарад.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки тасмими мазкур аз куҷо маншаъ мегирад ва ҳам сабаби ба чунин шакли бисёр саховатмандона бахшида шудани қарзҳои Ӯзбакистон дар чист. Вале нозирон таъкид мекунанд, ки яке аз сабабҳояш ин аст, ки ҳоло Путин ба муттафиқони бештари калидӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он ниёз дорад ва барояш муҳим аст, ки шахсиятҳои бонуфузи мисли Ислом Каримов ҳам на дар сангари ғарб, балки Русия қарор дошта бошанд.

Бахшидани қарз дар остонаи сафари Каримов ба Маскав

Хабари бахшидани қарзи Ӯзбакистон аз ҷониби Русия дар остонаи сафари давлатии президент Ислом Каримов ба Маскав сурат мегирад. Ҳанӯз санаи дақиқи сафари раҳбари Ӯзбакистон ба Русия мушаххас нест, вале омодагиҳо ба ин барнома ҳанӯз ду ҳафта пеш шурӯъ шудааст.

Аз ҷумла, рӯзи 15 июл вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сафари якрӯзааш ба Тошканд ва мулоқоташ бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов шароити ин сафарро заминагузорӣ кардааст. Сергей Лавров он вақт гуфта буд, ки мӯҳлати ин сафар дар наздиктарин фурсат мушаххас мешавад ва қарор аст дар ҷараёни ин диду боздидҳо «як бастаи калони ҳуҷҷатҳо барои баррасиву тасвиб омода шавад».

Даъвати расмии Каримов ба Маскав дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Уфа рӯзҳои 9-11 июл садо дод ва Каримов ҳам гуфт, ки ин даъватро мепазирад. Путин гуфтааст, ки мехоҳад ин сафар соли ҷорӣ баргузор шавад.

Ҷумҳурии Ӯзбакистон дар чашми Кремлин яке аз кишварҳои муҳими минтақа ба шумо меравад ва ин вижагӣ пеш аз ҳама ба шахсияти президент Ислом Каримов ҳам иртибот дорад. Дар тӯли раҳбарии беш аз 20-солааш, Ислом Каримов ба ҷуз як мӯҳлати кӯтоҳи наздикиаш бо ИМА ва истиқлолияти бештар сиёсиаш, дар маҷмӯъ дар бисёр ҳолатҳо ҳамфикри Русия будааст.

Русияву Ӯзбакистон, аз ҷумла, узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳастанд ва мавқеи Каримов ба унвони яке аз раҳбарони кӯҳансолу бонуфуз дар минтақа барои Кремлин муҳим арзёбӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG