Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия аз анҷоми тафтиши парвандаи қатли сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсов хабар доданд. Аммо суоли асосӣ - фармоишгари ин куштор кӣ буд? - бепосух боқӣ мондааст.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, тафтиши парвандаи қатли сиёсатмадори мухолиф Борис Немтсовро анҷом додааст ва рӯзи 29 декабр ба эълони айбномаи 5 нафари гумонбар дар ин куштор шурӯъ мекунад. Ҳамаи ин 5 гумонбар – Заур Дадаев, Анзор Губашев, Ҳамзат Бахаев, Шадид Губашев ва Темирлан Эскерханов – зодагони ҷумҳурии мухтори Чеченистонанд. Бино ба хабарҳо, дар айбномаи ниҳоӣ ин 5 нафар ба он айбдор мешаванд, ки барои анҷоми қатли Немтсов ҳамчун зархарид киро шуда буданд.

Кумитаи тафтишот гуфт, ташкилкунандаи эҳтимолии қатли Немтсов – Руслан Муҳуддинов – дар ҳоли фирор ба сар мебарад. Ӯ узви нирӯҳои амниятии раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров буд ва дар баталйони “Север”-и вазорати дохилаи ин ҷумҳурӣ хидмат мекард.

Дар ҳамин ҳол, вакили хонаводаи Немтсовҳо аз инки дар таъқиби ташкилкунандагони ин куштор мехоҳанд бо Муҳуддинов иктифо кунанд, изҳори нохушбинӣ кард. Вадим Прохоров рӯзи 29 декабр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, Муҳуддинов метавонад танҳо ташкилкунандаи ҳалқаи поёнии ин ҷиноят бошад. “Фармоишгарон одамони баландпояанд,” – гуфтааст ин вакил.

Прохоров афзудааст, иттиҳоми ташкили қатли Немтсовро барои он ба Руслан Муҳуддинов бор мекунанд, то ки зарбаро аз доираҳои атрофи Рамазон Қодиров дур бубаранд.

Руслан Муҳуддинов ронандаи Руслан Геремеев, муовини фармондеҳи баталйони “Север” буд. Геремеев аз афроди наздик ба доираҳои ҳокими Чеченистон маҳсуб мешавад. Ӯ аз хешовандони наздики муовини сарвазири Чеченистон Адам Делимхонов буда, як бародари ӯ – Сулаймон Геремеев – сенатор аз ҷумҳурии Чеченистон дар Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия ва бародари дигараш - Ваха Геремеев - сардори идораи пулиси ноҳияи Шелковское мебошанд. Руслан Геремеев баъди кушта шудани Немтсов аз Русия фирор кардааст ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар Дубай ба сар мебарад.

ЛИЛИЯ ДУБОВАЯ: ФАРМОИШГАРРО ДАР КРЕМЛ БОЯД ҶӮСТ

Лилия Дубовая, сухангӯи пешини Борис Немтсов ва муаллифи китоби маъруфи "Немтсов, Хакамада, Гайдар, Чубайс. Қайдҳои котиби матбуот", дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бо ин фарзияи Кумитаи тафтишот дар бораи фармоишгари асосии қатли Немтсов розӣ нест. "Ман бо духтари Немтсов Жанна комилан розиям, ки Кремлро айбдор мекунад. Аз ибтидо маълум буд, ки агар худи Путин фармоишгари мустақими куштор набошад, пас, бидуни шубҳа, касе ба кадом сабабе ба хулосае расид, ки бо куштори Немтсов Путинро хушҳол хоҳад кард, мегӯяд ӯ.

Лилия Дубовая

Лилия Дубовая

Хонум Дубовая меафзояд, "Немтсов ягона сиёсатмадор ва садои мухолифин буд ва инро он вақт намефаҳмиданду баъд аз маргаш дарк карданд, зеро ҳоло садои мухолифин баланд намешавад. Немтсов гапҳои заруриро мегуфт, гузоришҳо менавишт, пеши роҳи ӯро гирифтан номумкин буд, ба садои ӯ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия гӯш медоданд, ӯ дар байни мухолифин шахсе буд, ки метавонист вазъро ором кунад, яъне Немтсов чеҳраи сиёсии бидуни шубҳа хело қавӣ ва қавитарин дар сафи мухолифин буд, ки ба мақомдорон халал мерасонд".

Ба гуфтаи Лилия Дубовая, хонаводаи Немтсов ангушти иттиҳом сӯи Рамазон Қодиров мекунад ва аммо мегӯяд, ки Путин дар вазъи феълӣ ҳеҷ гоҳ ба Қодиров кордор намешавад. Ман фикр мекунам, ки онҳо шояд касеро ба истилоҳ, қурбонӣ кунанд ё шояд тафтишотро идома диҳанд, ман чизе гуфта наметавонам... Хуб, аҷаб нест, ки ягон чеҳраи камарзишро қурбонӣ кунанд, аммо номи фармоишгари ҳақиқиро то замоне, ки Путин сари қудрат аст, мо нахоҳем донист, гуфт мусоҳиби мо.

Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати кунунии Русия ва раҳбари ҳизби ПАРНАС шаби 27 феврал дар наздикии бинои Кремл дар Маскав кушта шуд. Ӯ ҳамагӣ 56 сол дошт. Дар қиболи ин ҷиноят бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия – моддаи 105 (куштор) ва моддаи 222 (гардиши ғайриқонунии силоҳ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомот алакай чанд рӯз баъд аз кушта шудани Немтсов 5 зодаи Чеченистонро бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карданд.

Немтсов ва Путин. Акс аз соли 2000

Немтсов ва Путин. Акс аз соли 2000

Борис Немтсов аз сиёсатмадорони маъруфи солҳои 90 дар Русия шинохта мешуд. Немтсов солҳои 1991-1997 волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои 1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд. Немтсовро дар поёни солҳои 90 ҳатто яке аз ворисони эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ном мебурданд. Аммо интихоби хонаводаи пурнуфузи Елтсин дар масъалаи ворис дар ниҳоят рӯи Владимир Путин, ки он замон ҳанӯз дар як мақоми хурде дар маъмурияти президент кор мекард, қарор гирифт ва Путинро дар як муддати кӯтоҳ ибтидо раиси ФСБ, баъд сарвазир ва дар ниҳоят ба ҷои Елтсин президент карданд.

Баъди сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст. Ӯ дар солҳои охир яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор мерафт ва дар бораи фасодзадагии мақомоти баландпояи ин кишвар чандин гузориши муфассал таҳия ва нашр кард. Наздиконаш мегӯянд, Немтсов замоне кушта шуд, ки ба нашри як гузориши муфассал дар бораи даст доштани Русия дар ошӯбҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина омодагӣ мегирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG