Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия муттаҳам ба терроризмро ба Тоҷикистон дод


Русия як тоҷики муттаҳам ба терроризимро, ки мақомоти расмӣ 13 сол боз дар ҷустуҷӯяш буданд, ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Додситонии вилояти Маскав бо нашри баёнияе дар рӯзи ҷумъа гуфт, Давлатшо Кучакшоеви 40-соларо, ки ҳамчунин ба одамрабоӣ муттаҳам мешавад, бо амри Додгоҳи Олии Русия моҳи октябр ба мақомоти масъули Тоҷикистон таслим карданд.

Ба гуфтаи додситонӣ, Давлатшо Кучакшоев соли 1999 узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ буда ва дар ҳамон сол дар Душанбе чаҳор нафарро гаравгон гирифта ва аз хонаводаи онҳо 15 ҳазор доллар хунбаҳо талаб кардааст. Мақомоти интизомии Русия ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2011 дар қаламрави вилояти Маскав дастгир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи гузашта шаҳрванди дигари Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, ки дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор мешавад, аз Волгоград ба Душанбе интиқол ёфт. Аммо мақомот хабари интиқоли ин фармондеҳони собиқи Иттиҳоди оппозитсиюни тоҷик аз Русия ба Душанберо рад мекунанд.

Бо назардошти воқеаҳои ҳамсони гузашта, аз ҷумла рабуда шудани раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, дар соли 2005 бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳадс мезананд, ки мумкин аст, Қорӣ Восит низ ба ҳамин шакл аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Онҳо дар Маскав нопадид шудани айбдоршавандаи дигар Низомхон Ҷӯраев ва дар Душанбе зоҳир шудани ӯро низ ба ҳамин шеваи кор марбут медонанд.
XS
SM
MD
LG