Пайвандҳои дастрасӣ

"Корпоратсия"-и Русия дар баробари "Роҳи нави абрешим"-и Амрико?


Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Русия,Тоҷикистон ва Покистон зимни як нишаст дар Маскав. 8-уми декабри соли 2010. Акс аз бойгонӣ.

Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Русия,Тоҷикистон ва Покистон зимни як нишаст дар Маскав. 8-уми декабри соли 2010. Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Русия мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба воситаи кишварҳои Осиёи Миёна, ба рушди иқтисодии ин минтақа таваҷҷуҳ карда ва Корпоратсияи рушди Осиёи Миёнаро таъсис додааст.

Пешниҳоди таъсиси чунин корпоратсия ҳанӯз моҳи марти соли гузашта аз ҷониби роҳбари Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов садо дода буд. Ҳарчанд он замон ин ташаббус аз ҷониби бархе аз вазоратхонаҳои ин кишвар, аз ҷумла Вазорати молияи Русия дастгирӣ нашуд, охири моҳи апрел бо дастури Ҳукумати Русия ҶСШК «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» бо сармояи аввалияи 2 миллиард доллар таъсис дода шуд.

Ташабусскори ин тарҳ Виктор Иванов дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки корпоратсияи нав барои сохторҳои тиҷоратии дигар шароити пешбурди бизнесро дар кишварҳои Осиёи Миёна фароҳам меорад: «Масалан кишвари шарики мо Тоҷикистон аввалин шуда буду худаш зарбаи ҳероиниро аз Афғонистон эҳсос мекунад. Бар замми ин қувваи корӣ дар ин кишвар зиёд аст ва ҷои кор нест. Ҳарчанд чандин фармону қарорҳо дар мавриди иҷрои тарҳҳои гуногун дар ин кишвар қабул шудааст, мавқеи Русия дар ин кишвар афзун нагаштааст. Чунки барои иҷрои онҳо як замина мисли ингуна корпоратсия зарур аст.»

Виктор Иванов, роҳбари Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия

Виктор Иванов, роҳбари Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия

Ба гуфтаи ҷаноби Иванов, таваҷҷӯҳи корпоратсия мазкур дар кишварҳои Осиё Миёна ба харидори саҳмияҳои НБО-ҳо, мурғпарварӣ ва васлкунии қисмҳои тайёри таҷҳизот равона хоҳад шуд. Ба таъкиди вай, дар соли аввали фаъолият ин корпоратсия метавонад беш аз 30 ҳазор ҷойи кории нав дар ин минтақа таъсис диҳад.

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Иванов гуфтааст, ки кишвараш дар бунёди НБО-и Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон машғул аст, аммо кишвари поёноби минтақа ба ин кор мухолифат нишон медиҳад: «Стратегияи ҳамкории алоҳида бо ҳар як кишвари Осиёи Миёна ғалат аст. Чунки ҳамкорӣ бо як кишвар боиси ранҷиши кишвари дигар мешавад. Масалан, Каримов дар як баромадаш соли гузашта дар Қазоқистон гуфт, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ барои Узбакистон зарари калони иқтисодӣ дорад ва бунёди онҳо метавонад боиси сар задании моҷаро ва ҳатто ҷанг шавад.»

Аз ин рӯ ба таъкиди ҷаноби Иванов, барои ҳалли чунин ихтилофҳо як платформае мисли Корпоратсия рушд зарур аст ва Русия бояд дар муносибатҳояш бо ин кишварҳо эътидолро риоя кунад.

Дар ҳамин ҳол ИМА низ стратегияи алтернативии рушди кишварҳои Осиёи Миёнаро бо номи «Роҳи нави абрешим» пешниҳод дорад. Мувофиқи ин тарҳ, пахта ва дигар сарватҳои кишварҳои Осиёи Миёна ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ мисли Покистону Ҳиндустон интиқол ва дар он ҷо коркард шуда, ба кишварҳои дигар ҷаҳон содир мегардад. Ин тарҳ ҳамчунин фуруши газу нафт ва нерӯи барқи кишварҳои ОМ ро ба Афғонистону Покистон дар назар дорад.

Аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз мансабдорони воломақоми Тоҷикистон нисбати ин тарҳҳои пешниҳодии Русия ва Амрико ибрози назар накардаанд. Фаррух Солиев, роҳбари бахши муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки то ба ҳол ин ниҳод ҳеҷ як номаи расмие дар мавриди ин ду тарҳ дарёфт накардааст, вале Тоҷикистон омодааст, аз ҳар тарҳи манфиатовари сармоягузорӣ дастгирӣ кунад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик

Барои истифода аз ин тарҳҳо, ба ақидаи коршиносон, Тоҷикистон бояд ҳавасмандӣ нишон диҳад ва талош кунад, тарҳҳои худро шомили ин барномаҳо гардонад. Вале, зоҳиран, ин интихоб ба иллати сиёсатзадагии тарҳҳои иқтисодӣ ва заминаи геополитикии онҳо то ҳол ба таъхир афтодааст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Тоҷикистон бояд ягоне аз ин тарҳоро рад накунад ва бо ҳар ду кишвар омодаи ҳамкорӣ бошад. Масалан, Қирғизистон ҳам аз тарҳҳои Амрико ва ҳам Русия рӯ намегардонад ва аз онҳо суд мебинад. Ҳатто дар ин кишвар ҳам базаи ҳарбии Амрико ва ҳам Русия мустақар аст. Бояд Тоҷикистон низ аз ҳамин шева кор бигирад.»

Дастикам дар ду нишасти байнулмилалӣ, яке бо ширкати мақомоти баландпояи Русия ва дигаре бо иштироки ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Роберт Блейк ин тарҳҳо аввали сол дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуданд. Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки кившар дар кадоме аз онҳо то ба кадом андоза ширкат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG