Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди ҳаводиси хунини Андиҷон


Ҷанозаи қурбониёни тиру тӯпи низомиён дар Андиҷон, 14-уми маи 2005
Ҷанозаи қурбониёни тиру тӯпи низомиён дар Андиҷон, 14-уми маи 2005

Имрӯз ба рӯйдодҳои хунини чаҳор соли пеши Андиҷони Узбакистон чаҳор сол пур шуд.

Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ин санаро бо даъватҳо барои идомаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Узбакистон хотирнишон мекунанд, гарчӣ солҳои ахир бисёре аз ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ муносиботи худро бо ин кишвар беҳбуд бахшидаанд.

Амнести Интернешнл ё Афви Байнулмилал аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ҳамаи имконоти маҳвҷударо ба кор гирад, то барои анҷоми расидагии комил ба рӯйдодҳои чаҳор соли пеши Андиҷон фишорро идома диҳад. Рӯзи сешанбе дар як номаи сарбоз ин ниҳоди байналмиллалии дидбони ҳуқуқи башар ёдоварӣ кард, ки расидагии мустақил ба рӯйдодҳои Андиҷон, ки Иттиҳодияи Аврупо дархост карда буд, дар асл ҳеҷ гоҳ сурат нагирифтааст. Афви Байнулмиллал ҳамчунин аз Иттиҳодияи Аврупо хост 29-уми май дар мулоқоти ҳамаи вазирони Осиёи Марказӣ ба мақомоти Узбакистон паёми ошкор фиристад.

Номаи сарбоз дар ҳоле мунташир шудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе як гурӯҳи хурди эътирозкунандагон барои ёдоварӣ аз ин рӯз дар Тошканд гирдиҳам омаданд. Бино ба гузориши бахши узбакии радиои Озодӣ, пулис ин тазоҳуркунандагонро зуд пароканда кардааст ва 7 нафари онҳо боздошт шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар робита бо солгарди рӯйдодҳои Андиҷон тазоҳуроти эътирозӣ дар Дюсселдорфи Олмон ва Стокголми Шевеция дар назар гирифта шудааст.

Қарор аст дар Вошингтон низ сенатор Ҷон мак Кейн роҷеъ ба рӯйдодҳои Андиҷон мухтасар суханронӣ кунад. Мак Кейн, ки дар робита бо саркубии тазоҳуроти Андиҷон аз Узбакистон боздид кардааст, хостори ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи мақомоти расмии Узбакистон аст. Ба ақидаи вай, онҳо дар ҳодисаҳои Андиҷон нақши мустақим доранд. Бисёре аз ононе, ки имрӯз солгарди рӯйдодҳои Андиҷонро ёдоварӣ мекунанд, мегӯянд, ҳар қадр, ки вақт аз ин ҳодисаҳо бештар гузарад, хотираҳо аз ин ҳодисаҳо ба ҳамон андоза зудуда мешавад ва ҳукуматҳои ғарбӣ қотеияти худро барои анҷоми расидагии мустақил бар ин ҳодисаҳо аз даст медиҳанд.

Дэвид Николз, як мақоми иҷроӣ барои сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Амнести Интернешнл дар Бруссел, дар ин бора ин гуна изҳори ақида кард: "Даъват ба расидагии мустақил бар рӯйдодҳои Андиҷон дар меҳвари тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Узбакистон дар соли 2005 буд. Аммо, агар шумо ба лаҳни Иттиҳодияи Аврупо дар робита бо муттаваққиф сохтани таҳримҳо ва ё дар робита бо лағви таҳримҳо таваҷҷуҳ кунед, дар он ҷо дигар пешниҳоде ё расидагӣ ба кушторҳои дастаҷамъии Андиҷон мушоҳида намешавад. Ва, албатта, ҳангоми гуфтугӯ бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо мо хеле нигарон мешавем, ки ин масъала аз дастури рӯз бардошта шудааст. Бинобар ин мо аз Иттиҳодияи Аврупо дархост мекунем, то онҳо рӯшан кунанд, ки то ҳол расидагии байнулмиллалӣ дар меҳвари муносиботи онҳо бо Узбакистон қарор дорад, ё хайр".

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки 13-уми маи соли 2005 ҳангоми тирандозии нируҳои Узбакистон ба сӯи тазоҳуркунандагон садҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта шуданд. Аммо Тошканд мегӯяд, ки баъд аз фирори зиндониён ва як ҷо шудани онҳо бо тазоҳуркунандагон дар майдони аслии шаҳр барои барқарории субот артиш вориди амал шудааст. Вале тирандозии беназм маҳофили байнулмиллалиро дар тааҷҷуб гузошт ва онҳо расидагии мустақили байнулмиллалӣ ба фоҷеаро тақозо карданд. Ба дунболи он Иттиҳодияи Аврупо сафари мақомоти зидахл дар ин ҳодисаро ба қаламрави худ мамнӯъ эълон кард. Фурӯши аслиҳа низ ба Тошканд таҳрим шуд. Ҳамаи он ба шартҳои расидагии мустақили байнулмиллалӣ ба фоҷеъаи Андиҷон иртибот дошт.

Вале баъдтар Иттиҳодияи Аврупо аз ин мавзеъгирии худ ақибнишинӣ кард ва сабаб пеш овард, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон беҳтар шудааст. Яъне Узбакистон муҷозоти эъдомро аз миён бардошт ва баъзе аз зиндниёни сиёсиро озод кард. Аммо Афви Байнулмилал дар номаи сарбози худ рӯзи сешанбе гуфт, аз чигунагии расидагии мустақили байнулмилалӣ розӣ нест ва набояд дар ин бора дархостҳо тағир ёбад. Аммо ҳукумати Узбакистон изҳор доштааст, ки мехоҳад парвандаи Андиҷон баста шавад, дар ҳоле, ки баъзе созмонҳои ғарбии ҳифзи ҳуқуқи башар аз мавзеъгирии Иттиҳодияи Аврупо изҳори норизоятӣ кардаанд ва гуфтаанд, кишварҳои ин иттиҳодия манофеи тиҷоратии худро аз ҳифзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон боло гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG