Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷалби донишҷӯён аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия чӣ маъно дорад? Оё ин талоше барои сохтани "колоннаҳои панҷум"-и Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ барои оянда нест?

Аз 30 май то 6 июн дар Душанбе ва шаҳри Кӯлоб интихоби хатмкунандагони мактабҳои миёна барои таҳсил дар донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия идома меёбад. Ин барнома се сол пеш оғоз шуда буд. Бар асоси имтиёзе, ки донишгоҳҳои Русия ба вазорати маорифи Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, довталабон аз ҳисоби будҷаи донишгоҳҳои Русия ба таври ройгон таҳсил хоҳанд кард. Ҷониби Тоҷикистон ва ё худи донишҷӯён барои таҳсил маблағе пардохт нахоҳанд кард. Довталабон аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии дигар ба Душанбе омада, дар озмун ширкат кардаанд. Вале як гурӯҳ аз Санкт-Петербург барои санҷиши довталабон ба шаҳри Кӯлоб рафтааст.

Саодат Гадоева - муовини раиси барномаҳои байналмиллалии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, соли ҷорӣ барои таҳсил 5 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои Русия хоҳанд рафт: “Қариб 5 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар сафарбар карда мешаванд. Мо хориҷа гуфта Русияро дар назар дорем. Англия, Америка, Полша ва Хитойро мо ҳоло намедонем, ки имсол чанд нафар мераванд. Вале ба Русия қариб 5 ҳазор нафар аз ҳисоби будҷети Русия мераванд.”

Ба гуфтаи хонум Гадоева, ин довталабон дар донишгоҳҳои Маскаву Санкт-Петербург, Қазон, Новочеркеск, Самара, донишгоҳҳои Поволже, Рязан, Барнаул ва амсоли он таҳсил хоҳанд кард.

Фаррух Сатторов, ки аз Санкт-Петербург бо Маркази барномаҳои байналмилалии назди вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, бо ҳайати донишгоҳии Русия ба Душанбе омадааст. Вай дар намунаи як гурӯҳ дар бораи тартиби кори ҳайатҳои донишгоҳӣ чунин мегӯяд: “Аъзои як гурӯҳ ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ карданд, имтиҳонҳоро гузарониданд ва ба Санкт-Петербург баргаштанд, то натиҷаҳои имтиҳонҳоро бисанҷанд ва ҷавобашро ба Тоҷикистон бифиристанд, то маълум шавад, ки кадом довталабон муваффақ шудаанд.”

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия. Акс аз бойгонӣ

Аз Елена Орлова - мудири бахши кор бо донишҷӯёни хориҷии донишгоҳи Санкт Петербург мепурсам, оё Русия намехоҳад анъанаҳои даврони Шӯравиро барқарор кунад ва таълими ҷавонон магар яке аз намунаҳои он ба шумор намеравад? Хонум Орлова чунин мегӯяд: “Ман бахшиш мепурсам, пас мо бо чӣ кор машғулем? Албатта, бо ҳамин кор машғулем. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳамон анъанаҳоро барқарор кунем, гарчӣ ҳифз кунем гуфта наметавонам. Ба ҳамин хотир мо ба ин ҷо омадаем ва ҷавононро ҷалб мекунем. Ба фикрам, сафари мо ба ин ҷо гувоҳи он аст, ки мо талош мекунем, то мисли даврони Шӯравӣ бошад.”

Гурӯҳи хонум Орлова то ҳол ба Беларусу Қазоқистон сафар кардааст ва Тоҷикистон кишвари севум аст. Вай мегӯяд,
ин барнома се сол пеш оғоз шудааст ва сол то сол шумораи ҳар чӣ бештари довталабон ба таҳсил ҷалб мешаванд.

Суоле пеш меояд, ки шояд дар донишгоҳҳои Русия камбуди довталабон эҳсос мешавад ва ин донишгоҳҳо барои такмили донишҷӯён ба ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин аз ҷумла ба Тоҷикистон рӯ меоранд? Хонум Орлова ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, шумораи довталабон аз худи Русия хеле зиёд аст ва аксари онҳо ба таври қарордодӣ таҳсил мекунанд. Пас ҳадафи таҳсили ройгони ҷавонони кишварҳои дигар дар Русия чист, агар шумораи умумии онҳо соле ба 5 ҳазор нафар бирасад?

Оё чунин нахоҳад шуд, ки ҷавонони таълимдидаи донишгоҳҳои Русия замоне бо дастурҳои пинҳонӣ, чун дар Қрим, парчамҳои Русия дар даст ба хиёбонҳои Душанбе биёянд ва мисли баъзе аз аҳолии Қрим ба ҷонибдорӣ аз Русия садо баланд кунанд?
Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов - намояндаи порлумон, ки дар Русия таҳсил кардааст, ин нуктаи назарро рад мекунад ва мегӯяд, албатта донишандӯзӣ дар ҳар кишвар хуб аст, Тоҷикистон саъй мекунад дар ҳамаи арсаҳо бо Русия ҳамкорӣ кунад, вале Тоҷикистон, ба хусус ҷавонон ҳеҷ гоҳ набояд баъд аз таҳсил дар Русия ба нафъи кишвари дигаре ҳушёрии сиёсии худро аз даст диҳанд: “Мо кӯшиш мекунем, ки Русия бо Тоҷикистон муносибати ошкоро дошта бошад, на дар чаҳорчӯбаи дурӯягӣ ё серӯягӣ, балки ошкоро, бо дили кушода ва фаҳмо. Ҳеҷ гоҳ мо бояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Агар мо дар дохил идеяҳои миллие дошта бошем, ки тоҷиконро муттаҳид месозад, хеле ҳам хуб хоҳад буд”.

Ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия дар ҳоле анҷом мегирад, ки солҳои ахир Русия барномаҳои тавсеаталабонаи худ дар кишварҳои пасошӯравиро пинҳон намедорад ва талош дорад ин кишварҳоро ба наҳве бо худ нигоҳ дорад ва ҳатто наздиктар созад. Баъд аз истиқлолият ҷавонони ин кишварҳо бештар ба таҳсил дар донишгоҳҳои ғарбӣ бартарӣ медиҳанд, бо вуҷуди ин ки таҳсил дар он ҷо хеле гарон аст. Насли ҷавон то андозае аз забони русӣ дур монд ва Русия дар пиндори онҳо дигар кишвари улгӯ ё намуна нест.

Бӯрихон Нурмуҳаммадов - сиёсатшинос ва раиси Маркази мутолеоти иҷтимоии Қазоқистон мегӯяд, Русия бояд корҳои зиёде анҷом диҳад, то худро чун кишвари дилпазир ва демократӣ ба кишварҳои Шӯравии пешин нишон диҳад.

Оқои Нурмуҳаммадов талошҳои кунунии Русия дар Украинаро намуна меорад ва мегӯяд, бо вуҷуди таълим ва тарбияи шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои худ Русия наметавонад ҷавонони тоҷик ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ба нафъи худ сафарбар кунад, зеро ҷавонони ин кишварҳо худро як ҷо бо Русия “одамони навъи якӯм” ё ба қавле “люди первого сорта” эҳсос нахоҳанд кард. Гузашта аз ин, мазҳаб ва анъанаҳои мардуми Осиёи Марказӣ аз Русия фарқ дорад ва ҷавонони ин кишварҳо бар зарари кишвари худ аз Русия ҳимоят нахоҳанд кард: “Агар русҳо бихоҳанд, ки Русия кишвари ҷаззоб бошад, бояд арзишҳои башарӣ дар он ҷо риоят шаванд. Озодиҳои умумибашарӣ ва аврупоӣ вуҷуд дошта бошад. Муттаассифона, ҳоло дар Русия чунин нест. Мо дар ин кишвар ҳар гуна раҳпаймоиҳо, задухӯрд ва аъмоли зӯргӯёнаро мебинем.”

Харитаи ШӮравии собиқ

Харитаи ШӮравии собиқ

Нуфузи Русия дар густураи Шӯравии собиқ пойин рафтааст ва он кишварҳои каронаи Балтик, Гурҷистон ва акнун Украинаро натавонистааст дар “итоат”-и худ нигоҳ дорад. Кишварҳои дигар низ аз сиёсати “каҷ дору марез” кор мегиранд ва чун то андозае пойбанди Русия ҳастанд, барои наранҷонидани ин абарқудрат аз роҳҳое муросоро пеша кардаанд.

Русия ин равандро хуб эҳсос мекунад ва барои дилҷӯии кишварҳои Шӯравии пешин онҳоро шарики стратегии худ эълон кардааст ва мехоҳад барномаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳояшро бахше аз чунин ҳамкориҳои стратегӣ ҷилва диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG