Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро тоҷикҳо дар орзуи шаҳрвандии Русияанд?


Бархе аз ҷавонони муҳоҷир аз шунидани хабарҳои осон шудани дарёфти шаҳрвандии Русия изхори хушҳолӣ мекунанд ва талош доранд аз ин фурсат истифода баранд.

Собири Фозил, ки чаҳор соли ахир дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунад, аз ҳоло дар ин андеша буд, ки баъди бозгашт ба ватан , ки садҳо ҳамсолаш ҷой кор надоранд,чӣ кор хоҳад кард. Аммо ҳоло ӯ мегӯяд, аз дӯстонаш шунидааст, ки дар сурати даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон имкони гирифтани тобеияти Русия осонтар мешавад. Ба гуфтаи Собир, агар ин хабар воқеият дошта бошад, дар ҳаёти ӯ як таҳавулоти бузург рух хоҳад дод ва тамоми орзуҳояш ба осонӣ амалӣ хоҳанд шуд. Вай меафзояд, агар ба соддагӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кунад, пас аз хатми донишгоҳ дар Русия мемонад ва бо тахассус, ки дорад, ҷои кори мувофиқ ин ҷо пайдо хохад кард.

Собир афзуд, «аз рӯи шуниди ман, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия бояд ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат намоӣ ва расман аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст бикашӣ. Баъд аз ин дар муддати 3 моҳ шаҳрвандии Русияро соҳиб мешавӣ. Ман ҳоло дар андешаи супоридани шиносномаи тоҷикии худ ҳастам,чун ояндаи худро дар Тоҷикистон намебинам. Зеро агар шаҳрванди Русия шавам, ҳам гашту гузор ваҳам зиндагиву фаъолиятам дар ин кишвар роҳаттар мешавад.»

Мисли Собир бисёре аз ҷавонони дигари муҳоҷир низ мегӯянд, аз рафту омад байни Тоҷикистону Русия хаста шудаанд ва беҳтар аст, дар ин кишвар бимонанд. Ба гуфтаи онҳо, беҳтарин роҳ барои мондану ҷои кори дуруст ёфтан дар ин кишвар гирифтани шаҳрвандии Русия аст. Ин ҳамсӯҳбатони ман бар инанд, ки бо дарёфти шиносномаи Русия ба ҳуқуқи онҳо низ арҷи бештар гузошта мешавад ва ранҷу азоби онҳо поён меёбад.

Муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Муҳоҷири тоҷик дар Маскав
Ҳоло аксари муҳоҷирони тоҷик бо вуҷуди доштани асноди зарурӣ барои кору зист дар Русия ҳамоно ба ҳар баҳона аз ҷониби мақомоти пулиси ин кишвар таҳти азият ва фишор қарор доранд. Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, онҳо нафақат дар кӯчаву ҷои кор, ҳатто дар хона ҳам бо эҳсоси тарсу ҳарос шабро рӯз мекунанд. Чун ҳар лаҳза пулиси рус бе ягон гуфтугӯ ва санҷиши аснод онҳоро бо худ мебаранд.

Нисо, як ҳамватани дигари мо, низ дар андешаи дарёфти шаҳрвандии Русия бар ивази дасткашӣ аз тобеияти Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, «агар ман боварӣ дошта бошам, ки дар Тоҷикистон зиндагии устувор хоҳам дошт, ҳеҷ гоҳ аз шаҳрвандӣ даст намекашам. Вале чун мебинам, ки барои ман ва фарзандонам дар Русия шароити зисту зиндагонӣ ва таҳсил ба маротиб беҳтар аст, албатт,а аз чунин имконият истифода мебарам. Дар сурати шаҳрванди Русия шудан муносибати мардуми маҳаллӣ низ нисбати мо тағйир меёбад ва кори хуб низ пайдо кардан осон мешавад.»

Бо он ки тасмимҳои ахири Русия дар мавриди осон кардани раванди дарёфти шаҳрванди муҳоҷирони тоҷикро умедвор кардаву теъдоде аз онхо ба хотири раҳоӣ аз бекорӣ ва беҳтар кардани зиндагии худ дур аз ватан, ҳатто ба тағйири шаҳрвандӣ розиянд, аммо таҳлилгарон аз паёмадҳои ногувори ин раванд ҳарф мезананд.

Таҳлилгарон мегӯянд, тӯли 10 соли ахир қонунгузории муҳочирати Русия чунон таҳия шудааст, ки муҳоҷирони солим ва соҳибмаълумоти кишварҳои дигарро ки ба Русия барои кор меоянд, муқимӣ намояд.

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлили “Индем” бар ин аст аст, Русия ки институти шахрвандиро аслан бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебарад, аз эхтимол дур нест, агар дар чанд соли наздик ба садҳо ҳазор ҷавонон шаҳрвандӣ бидиҳад.
Аз нигоҳи ҷаноби Дӯстов, агар барои худи ҷавонон ин хуб бошад, вале барои иқтисоди кишвари мо зарбаи сахте хоҳад буд.

Ӯ меафзояд, «имрӯз беш аз 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ аст, ҳарчанд ҳукумати кишвар то 45 дарсади онро эътироф мекунад.Танҳо дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик ҳудуди 4,6 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон ворид карданд,ки танхо пулҳои нақди тавассути бонкҳо равон кардаи онҳост. Ин маблағҳо барои, каме ҳам бошад, боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар кишвар, ҳамчунин манбаи даромад барои бозори сохтмонии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар ҳолате,ки аксарияти мардум шаҳрванди Русия мешаванд, интихоби макони зист пайдо мекунанд ва пайвандҳои иқтисодии аксарияти онҳо аз Тоҷикистон аз байн хоҳад рафт ва ин, албатта, барои иқтисоди Тоҷикистон зарбаи мудҳише хоҳад буд.»

Тибқи таҳлили коршиносон ҳоло дар Русия беш аз 300 ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд ва ё дар марҳилаи муқимишавӣ бо роҳи ба даст овардани иҷозаи иқомат ҳастанд.

Дарёфти шаҳрвандии Русия осонтар мешавад

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ҳафтае қабл пешнависи қонуни нав дар бораи дарёфти шаҳрвандии Русия қироати аввал дар Думаи давлатӣ гузашт ва рӯзи 16 апрел Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии порлумони Русия ҳам ин тағйиротро, ки дарёфти шаҳрвандии ин кишварро барои русзабонҳо осон мекунад, тасвиб кард.

Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии порлумони Русия тағйирот ба қоунни шаҳрвандии Русияро, ки дарёфти шаҳрвандии ин кишварро барои русзабонҳо осон мекунад, тасвиб кард.

Тибқи тағйирот ба қонуни шаҳрвандии Русия, ки маҷлиси болоии парлумони ин кишвар рӯзи 16 апрел тасвиб кард, тартиби баррасии дархости шаҳрвандӣ осонтар ва замони баррасии асноди довталаби шаҳрвандии Русия камтар карда мешавад. Аммо ин имтиёз ба онҳое дода мешавад, ки “соҳиби забони русӣ бошанд” ва агар “ин афрод, ё хешовандони мустақими онҳо дар қаламрави Федеросиюни Русия ваё қаламравҳои марбут ба империяи Русия ва СССР дар ҳудуди марзҳои Федеросиюни Русия ба сар бурдаанд.”

Шарти дигари шаҳрвандии боимтиёз барио ин тоифа “кӯчидани онҳо ба Русия ва даст кашидан аз шаҳрвандии кишвари хориҷӣ” гуфта мешавад.

Бино ба гузориши ИТАР-ТАСС, муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова ҳангоми шарҳи ин тағйирот ба Шӯрои Федеросиюн гуфтааст, як шарти асосӣ барои таомми довталабон донистани забони русист ва санади ба ин забон балад будан ё набудани довталабро тавассути мусоҳиба аъзои як кумиссиюни вижа хоҳанд дод. Ба гуфтаи Егорова, аҳамият на дониши грамматикӣ, балки ба ин дода хоҳад шуд, ки довталаб то куҷо дар зиндагии ҳаррӯзааш озодона ба русӣ сӯҳбат мекунад.
Дар ҳоли ҳозир барои дарёфти шаҳрвандии Русия 5 соли зиндагии доимӣ дар қаламрави ин кишвар ва тасдиқи дониши забони русии довталаб аз сӯи ягон ниҳоди маориф ҳатмист. Дар Тоҷикистон то соли гузашта санади донистани забони русиро ба довталабони шаҳрвандии Русия аз ин кишвар Донишгоҳи славянӣ медод, вале дар пайи як баҳс бо масъулони сафорати Русия аз ин ҳаққ маҳрум шуд.

То кунун дарёфти шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирони тоҷик, ки умдатан дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, барои осонтар кардани шароити ҳам буду бош ва ҳам кору тиҷорати онҳо дар он кишвар ҳоизи аҳамият буд. Аз ҷумла бо дарёфти шаҳрвандӣ муҳоҷири тоҷик дигар вобастаи квотаҳое ки Русия барои муҳоҷирони ҷудо мекунад, намемонд ва ҳам аз масъулияти пардохти иҷозатномаи кор, ки вобаст аба минтақааш солона то ба 40 000 рубл мерасад, раҳо меёфт.

Аммо баъди рӯйдодҳои Украина, ки ҳимоят аз ҳуқуқи русзабонҳо ва шаҳрвандони Русия баҳонаи асосии дахолати Маскав дар умури ин кишвари ҳамсояаш ва ҳатто ишғолу тасарруфи вилояти Қрими Украина аз сӯи Русия шуд, пойтахтҳои дигари пасошӯравӣ ба иқдомҳои Кремл ҷиҳати осон кардани тартиби дарёфти шаҳрвандии Русия як каме бо шак нигоҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG