Пайвандҳои дастрасӣ

Русия қарордоди реадмиссия бо Тоҷикистонро таҳия кардааст


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст ва мехоҳад ин қарордодро бо Душанбе имзо кунад.

Ҳукумати Русия пешнависи қарордод дар бораи реадмиссия бо Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст ва мехоҳад ин қарордодро бо ҷониби Тоҷикистон имзо кунад. Дар ин бора ҳукумати Русия дар торнамои худ хабареро ба нашр расондааст ва гуфтааст, ки ҳамроҳ бо қарордод як протокол дар бораи иҷрои қарордод низ таҳия ва дар кобинаи вазирони Русия ба тасвиб расидааст.

Ҳукумати Русия дастуре ҳам содир кардааст ва гуфтааст, ки бояд дар давоми 30 рӯзи оянда бо Тоҷикистон дар ин бора музокира анҷом бигирад ва қарордод имзо шавад. Бар асоси пешнависи ҷониби Русия, муҳоҷироне, ки дар Русия қонуншиканӣ мекунанд, бояд дар давоми 30 рӯзи қонуншиканӣ бо нақлиёти ҳавоӣ ба ватанашон фиристода шаванд. Пули интиқоли муҳоҷирон аз ҳисоби кишвари худи шаҳрвандонест, ки дар Русия қонунҳоро риоят намекунанд. Кишвари мавриди назар, албатта, Тоҷикистон аст ва Русия ба қавле мехоҳад ин қарордодро хоставу нахоста бар дӯши Тоҷикистон бор кунад.

Вале ҷониби Тоҷикистон ба ин моддаҳои қарордод то ҳол ризоят нишон надодааст ва имкон дорад, ки як ҳайати ҳукуматӣ 21 сентябр ба Маскав сафар ва ин масъаларо бо ҷониби Русия баррасӣ кунад. Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии

Абдулфайз Атоев

Абдулфайз Атоев

вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин пешниҳоди Русия аст, вале иҷрои мантиқии ин қарордод ба назари ман ин гуна аст, ки ҳамон кишвари пешниҳодкунанда бояд роҳҳои иқтисодии иҷрои онро низ биандешад. Ин гуна қарордодҳо пеш аз ҳама бояд аз ҳисоби иқтисоди худи ҳамон кишвар амалӣ карда шаванд”.

Интизор мерафт, ки чунин қарордод миёни Тоҷикистону Русия дар аввалҳои соли 2011 ба имзо расад ва ҳамон вақт низ ҷониби Русия дар матбуоти худ ба таври фаъол ин масъаларо доман мезад. Он вақт Тоҷикистон ошкоро гуфта буд, ки иҷрои ин қарордод маблағгузории зиёдро тақозо мекунад ва Тоҷикистон барои иҷрои он омода нест. Аз ҷумла, Анвар Бобоев, собиқ муовини аввали раиси Оҷонси давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар музокирот бо ҷониби Русия гуфта буд, ки шароити реадмиссия ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон мувофиқ нест.

4-уми марти соли 2015 соли ҷорӣ дар ҷараёни боздиди Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз Маскав, Русия таҳия ва имзои ин қарордодро бо ҷониби Тоҷикистон матраҳ карда буд. Чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистон то ҳол чунин мавзеъгирии худро ҳифз кардааст.

Абдулфайз Атоӣ мегӯяд, “албатта пешнависи ҳар қарордоде, ки ба баррасӣ гирифта мешавад, бояд ҳама ҷанбаҳои он муҳокима шаванд. Агар Русия аз ҳисоби ҳамон ҷаримаҳое, ки аз муҳоҷирони кории тоҷик ҷамъ мешавад, як ҳисоби махсус боз кунад ва як қисми онро барои иҷрои қарордоди реадмиссия сарф кунад, дар он сурат иҷрои ин қарордод шояд кори мушкил набошад”.

Тоҷикистон хуб медонад, ки дар сурати имзои ин қарордод дасти Русия барои истирдод ё депорти муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия боз мешавад ва барои ин кор Русия ҳуқуқи бештар ҳам пайдо хоҳад кард.

Тибқи ин қарордод, ҷониби Русия, яъне ниҳодҳои марбутаи муҳоҷиратии Русия феҳристи муҳоҷирони ғайриқонуниро таҳия мекунанд ва ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон мефиристанд. Ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон, яъне Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон онҳоро аз қаламрави Русия ба ватан бозмегардонад. Тоҷикистон бояд барои бозгардони ин гуна муҳоҷирон аз буҷаи худ маблағеро ихтисос диҳад. Тоҷикистон то ҳол бо ҳеҷ кишвар қарордоди реадмиссия надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG