Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: Туркия қотили халабони русро боздошт кунад


Алпаслон Челик, ки иддао дорад, халабони русро ӯ куштааст
Алпаслон Челик, ки иддао дорад, халабони русро ӯ куштааст

Русия аз Туркия талаб кардааст, ки ҷиҳати боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашондани қотили халабони рус иқдом кунад.

Маскав хостори боздошти афроди гумонбар дар қатли халабони ҳавопаймои ҷангии Русия Олег Пешков шудааст. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 30 декабр гуфт, “мо талаб дорем, то мақомоти Туркия ҷиҳати дастгир кардани Алпаслон Челик ва шарикони ӯ ва ба ҷавобгарӣ кашондани онҳо барои куштани халабони Русия билофосила иқдом кунад.”

Алпаслон Челик, як чирикии туркман рӯзи 27 декабр дар мусоҳиба бо рӯзномаи туркии “Hurriyet” мустақиман иддао накард, ки халабони русро ӯ куштааст, вале гуфт, “интиқом гирифтани ҳаққи табиист” ва виҷдони ӯ “барои нафаре, ки ҳар рӯз болои мардуми осоиштаи туркман бомб меандохт, азоб намекашад.”

Ҳарду халабони ҳавопаймои СУ-24 Русия, ки рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия дар наздикии марзи Туркия бо Сурия суқут дода шуд, тавонистанд тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андозанд. Вале якеи онҳо - Олег Пешков - ҳангоми фуруд омадан дар як минтақаи марзии Сурия аз тири чирикиҳо кушта шуданд. Халабони дувум наҷот ёфт ва тавассути як амалиёти нирӯҳои вижаи Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози рус кушта шуд, берун кашида шуд.

Туркия ҷанозаи Олег Пешковро рӯзи 30 ноябр ба Русия фиристод
Туркия ҷанозаи Олег Пешковро рӯзи 30 ноябр ба Русия фиристод

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, сӯҳбатҳои Алпаслон Челик “мустақиман даст доштани ӯ дар қатли халабони Русияро нишон медиҳад.” Ӯ рӯзномаи “Hurriyet”-ро низ ба он айбдор кард, ки “ба минбаре табдил ёфтааст, ки дар он террористҳо ва қотилон аз ҷиноятҳои худ лоф мезананд ва адоват нисбат ба Русияро талқин мекунанд.”

Суқути ҳавопаймои ҷангии Русия, ки дар амалиёти низомии ин кишвар дар Сурия ширкат дошт, ба бузургтарин таниш дар равобити Русияву Туркияи муосир оғоз гузошт.

Туркия мегӯяд, қабл аз задан ҳавопаймои Русияро дастикам 10 маротиба ҳушдор додаанд, ки вориди ҳарими ҳавоии Туркия шудааст ва билофосила берун шавад, вале халабонҳои рус ин ҳушдорҳоро сарфи назар кардаанд.

Русия аммо мегӯяд, ҳавопаймояшро дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут додаанд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин суқути ҳавопаймои русӣ аз сӯи Туркияро “ханҷар аз пушт” номид ва гуфт, Туркия аз кори кардааш пушаймон хоҳад шуд.

Путин: Аллоҳ Туркияро ҷазо додааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Маскав аз Анкара талаб кард, ки барои ин амалаш узр бихоҳад. Вале раҳбарони аввали Туркия, бо шумули раиси он ҷумҳурӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва сарвазираш Аҳмад Довудуғлу батакрор гуфтаанд, ки ҳаққ ба ҷониби онҳост ва Туркия барои амале, ки дар он ҳаққбаҷониб аст, узр нахоҳад пурсид.

Дар пайи ин ҳодиса Русия алайҳи Туркия як силсила таҳримот ҷорӣ кард, ки бахши аъзамаш аз 1 январ ба иҷро медароянд.

Русия эълон кардааст, ки аз соли нав равуои бидуни визаро барои шаҳрвандони Туркия лағв ва истихдоми шаҳрвандони Туркия барои кор дар корхонаҳову ширкатҳои Русияро манъ мекунад. Ҳукумати Русия ахиран рӯйхати маҳсулоти асосан кишоварзии Туркияро нашр кард, ки воридоташон низ аз 1 январ манъ мешавад. Ин “рӯйхати сиёҳ” маҳсулоте, чун аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи, бодирингу корнишон, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, земляникаву клубника ва намаки сохти Туркияро дар бар мегирад. Идораи “Роспотребнадзор”, ки дар солҳои охир ба як фишанги сиёсӣ дар дасти Кремл табдил ёфтааст, мегӯяд, ки маъмуронаш аз 1-уми январ мағозаву бозорҳоро тафтиш ва маҳсулоти Туркияро мусодира хоҳанд кард.

Ҳукумати Русия ҳамчунин як силсила тадбирҳоро барои маҳдуд кардани фаъолияти соҳибкорони Туркия омода кардааст. Рӯзи 24-уми декабр сарвазири Русия Дмитрий Медведев қарореро имзо кард, ки танҳо ба 53 ширкат иҷозаи истихдоми шаҳрвандони Туркияро медиҳад. Тибқи ин қарор, туркҳо дар Русия танҳо дар бахшҳои сохтмон, мошинсозӣ, тавлиди масолеҳи сохтмон, лӯлаҳо ва асбобҳои сантехникӣ кор карда метавонанд.

XS
SM
MD
LG