Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Русия қарор кардааст, ки аз 12 ноябр созишномаи фурӯши бидуни боҷи гумрукии маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро ба сурати муваққат ба иҷро бидарорад.

Созишнома дар бораи бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон фурӯхтани маводи сӯхти Русия ҳанӯз 6 феврали соли 2013 ба имзо расида, тибқи он, қарор буд, Русия то поёни ҳамин сол ба Тоҷикистон 1 миллион тонна бензину соляркаву керосин ва равғанҳои молиданӣ(ГСМ)-ро бидуни боҷ бифурӯшад. Албатта, ба шарти аз Тоҷикистон ре-экспорт, яъне дубора ба кишварҳои сеюм нафурӯхтани ин маводи сӯхте, ки ин кишвар бо чунин шароити боимтиёз аз Русия мегирад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба “Азия Плюс” гуфтааст, ин созишнома то замони расман тасвиб шуданаш дар Русия ба сурати муваққат мавриди иҷро қарор мегирад: “Тибқи банди 11-уми созишнома, он аз замони нашри расмиаш тибқи қонунгузории ҳарду кишвар муваққатан ба иҷро гузошта мешавад. Аз ин рӯ, мо бар онем, ки аз ин лаҳза тибқи банди панҷуми созишнома маҳсулоти нафтие, ки аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми лозим барои пӯшондани талаботи дохилӣ содир мешаванд, дигар таҳти боҷу хироҷи гумрукӣ қарор нахоҳанд гирифт.”

Игор Лякин-Фролов ин иқдомро “бахше аз иқдомот дар роҳи иҷрои тавофукқоти бадастомада дар ҷараёни сафари 4-5 октябри соли 2012-уми раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон” ба қалам додааст. Натиҷаи асосии он сафар ва мулоқоти Путин бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 60-солагии оқои Раҳмон ва дар арафаи 60-солагии худи Путин билохила имзо кардани қарордоди низомие буд, ки замони ҳузури пойгҳои 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро дастикам то соли 2042 тамдид мекард.

Бар хилофи ҳадсу гумонҳое, ки мегуфтанд, Душанбе дар ивази ин пойгоҳ то 300 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, Душанбе дар матни ниҳоии созишнома аз пойгоҳи Русия талаби ягон маблағ накард. Русия дар иваз розӣ шуд, ки барои муҳоҷирони тоҷик каме сабукиҳо дода, дар навсозии артиши Тоҷикистон кумак расонад ва боҷи гумрукиро аз фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон бардорад.

Созишномаҳо дар масоили муҳоҷират ва харидуфурӯши маводи сӯхт моҳи феврали соли 2013 ба имзо расиданд. Аммо тӯл кашидани тасвиби ин ду санад боис шуд, ки Душанбе низ тасвиби созишномаи пойгоҳи 201-ро то моҳи октябри соли 2013, яъне дуруст як сол тӯл диҳад ва онро ҳамагӣ як моҳ қабл аз интихоботи президентиаш тасвиб кунад. Ин иттифоқ сарусадоҳоеро ҳам эҷод кард, ки шояд элитаҳои ҳукмрони Тоҷикистон дар ивази ба даст овардани ҳимояти Кремл ва шахсан Путин аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр қарордоди пойгоҳро тасвиб кардаанд.

Аммо баъди тасвиби қарордоди пойгоҳ аввал созишномаи муҳоҷират ва инак, ба сурати муваққат, созишномаи фурӯши бидуни боҷи маводи сӯхти Русия, ҳарчанд ба сурати муваққат, вале ба ҳар сурат, ба иҷро даромад.
Русия дар соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард. Ин боҷ, ки ҳаҷмаш қариб ҳар моҳ бозбинӣ мешавад, дар моҳи ноябри соли 2013 вобаста ба навъи маводи сӯхт аз 274,8 то 356,3 доллар барио ҳар тоннаро ташкил медиҳад. Яъне дар қимати ҳар литр бензине ки дар сӯхтфурӯши Тоҷикистон фурӯхта мешавад, қариб 2 сомониаш боҷи гумрукиест, ки Русия ҳанӯз дар қаламраваш аз ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ меситонад.

Ҳоло қимати як литр бензини 92 дар Тоҷикистон 6 сомониву 20 дирам, бензини 95 аз 6 сомониву 80 дирам то 7 сомонӣ ва бензини 98, ки асосан ширкати русии “Газпромнефт –Тоҷикистон” мефурӯшад, 7 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад. Ва дар ин амр, ки нархи бензин дар Тоҷикистон аз 2 сомониву 20 дирами соли 2009 имрӯз дастикам 3 маротиба афзоишёфтааст, коршиносони масоили иқтисодӣ дар қатори афзоиши нархи ҷаҳонии нафт нақши боҷи гумрукиеро, ки Русия ҷорӣ кард, низ умда мешуморанд. Паёмади дигари ҷорӣ шудани боҷи Русия аз даст додани нақши пештозии ин кишвар дар таъмини бозори маводи сӯхти Тоҷикистон будааст.

Ба ҳисоби “Азия Плюс”, Русия дар соли 2010 то 92 дарсади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт, вале саҳмаш имрӯз то ба ҳадди 38 дарсад коҳиш ёфтааст. Вале ин коҳиши ғайримустақими нақши пештози Маскав дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон аст, чунки ҳоло 43 дарсади бозори ин кишвар аз ҳисоби воридоти маводи сӯхт аз Қирғизистон таъмин мешавад. Он ҳам дар ҳоле ки Қирғизистон ҳам мисли Тоҷикистон кишвари соҳиби манобеъи нафтӣ нест ва асосан аз ҳисоби ре-экспорти маводи сӯхте, ки ба фарқ аз Тоҷикистон бидуни боҷ аз Русия ворид мекунад, сози аввал дар таъмини бозори ҳамсояашро ба даст гирифтааст.

Ба ҳисоби иқтисоддонҳо, азбаски то 2 сомонӣ дар таркиби нархи ҳар литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Тоҷикистон аз ҳисоби боҷи гумрукии Русия буд, бо лағв шудани инбоҷи гумрукӣ қимати бензин дар Тоҷикистон низ бояд то 2 сомонӣ коҳиш ёфта, нархаш аз ин ба баъд аз 4 то ҳадди аксар 5 сомонӣ барои як литр шавад.

Аммо вазорати молияи Тоҷикистон ҳанӯз аз як соли пеш пешниҳод додааст, ки дар пайи лағви боҷи Русия андози аксизӣ барои ҳар тонна маводи сӯхти воридотиро аз 45 то 90 евро боло баранд. Ин пешниҳод метавонад, умедвориҳо ба арзон шудани қимати бензину соляркаро нақше бар об кунад.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар оғози сол бо хабарнигорон гуфт, эъмоли аксиз ба маводи сӯхт як таҷрубаи маъмулии ҳукуматҳост: “Пешниҳод кардем, ки баъди имзои созишнома ба ин масъала баргардем. Мо пешниҳодҳои вазоратҳои дигарро ҳам ба назар гирифтаем. Лекин ин ҳоло қабул нашудааст.”

Пешниҳоди вазорати молия ба мухолифати бархе ниҳодҳои дигари давлатӣ рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла вазири иқтисод Шариф Раҳимзода гуфта буд, ки вазорати ӯ пешниҳоди вазорати молияро дар мавриди афзоиши аксизи маводи сӯхт радд кардааст. Вазири энерживу саноат Шералӣ Гул низ дар нишасти хабарии моҳи январаш гуфт, шароити феълӣ чунин афзоишро намебардорад: “Дар масъалаи аксиз мо чандин маротиба пешниҳод додем. Ҳафтае пеш боз бо як мактуб ба ҳукумат муроҷиат кардем, ки қабул кардани аксиз шарт нест, чунки шояд вазнин шавад. Мо тарафдори аксиз нестем.”

Пешниҳоди ду карат афзудани аксизи маводи сӯхт, ба бовари иқтисоддонҳо, даст кашидан аз сайди моҳии бузург ба хотири як моҳии хурдро мемонад. Тоҷикистон солона ба чизе дарҳ удуди 372 000 тонна маводи сӯхт ниёз дорад ва аз 45 то 90 евро афзудани аксизи ҳар тоннаи он ба будҷа солона ҳадди аксар то 16 миллион евро, ё 20 милллион доллар фоидаи мустақим хоҳад овард. Ба назари иқтисоддонҳо, ин 20 миллион, албатта,барои буҷа дар кӯтоҳ муддат як “шуши нақд” аст, вале метавонад кишварро аз “дунбаи нася”-и таъсиру самараи дарозмуддати лағви боҷи гумрукии Русия, аз ҷумла ташвиқу таҳрике, ки арзон шудани нархи маводи сӯхт метавонад ба соҳоти мухталифи иқтисод, бахусус боркашонӣ, хоҳад дод, маҳрум гардонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG