Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав таҳримҳои навро "интиқом"-у "шантаж" номид


"Роснефт" - яке аз ширкатҳои таҳримшудаи Русия
"Роснефт" - яке аз ширкатҳои таҳримшудаи Русия

Таҳримҳои ҷадиди Амрикову Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ба интииқоди тунде аз сӯи Маскав рӯбарӯ шуд. Ғарб аммо мегӯяд, Русия натавонист барои ҷилавгирӣ аз ташдиди ошӯбҳо дар Украина кори ҷиддие анҷом диҳад.

Маскав таҳримҳои нави Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русияро “интиқоми омиёна” унвон кард ва гуфт, “ин вокуниш ба таҳаввулоти Украина аст, ки аз рӯи сенарияи Вошингтон пеш намеравад. Мо борҳо гуфтаем, ки сӯҳбат бо Русия аз тариқи таҳримҳо, дар ҳар миқёс як кори беҳуда аст,”- гуфтааст вазорати хориҷаи Русия.

Рӯзи 16-уми июл Вошингтон таҳримҳои тозаеро бар зидди Русия ҷорӣ кард, ки барои нахустин бор бахшҳои бонкдорӣ, низомӣ ва энержии Русияро ҳадаф қарор медиҳанд. Ин таҳримот як идда ширкатҳои русӣ - сар аз корхонаи тавлиди силоҳҳои Калашников то “Ростнефт” ва “Новотек”-ро нишон гирифтаанд. Вазорати хориҷии Русия ҳамчунин ҳамчунин кишварҳои аврупоиро сарзаниш кард, ки ба гуфтаи Маскав, натавонистанд ба “шантажи Амрико муқовимат кунанд.”

Рӯзи гузашта ба дунболи эълони таҳримоти Вашингтон раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки дар Бразилия ба сар мебарад, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин таҳримот равобити Русияву Амрикоро ба бунбаст мебарад ва осеби ҷиддӣ ба бор меорад.

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев низ рӯзи 17 июл бо тундӣ аз таҳримҳои нави Амрикову Аврупо интиқод кард. Медведев гуфт, ҳар навъ таҳрим ба сари худ “шарр” аст ва натиҷае намедиҳад.

Интиқоди тунди сарвазири Русия аз таҳримҳои Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳоле ки таҳримоти ахирро эълон мекард, гуфт, ин тадобир посух ба Русия аст, ки барои манъи шиддати хушунатҳо дар шарқи Украина кори ҷиддие анҷом надод. “Ончӣ мо интизор дорем, ин аст, ки раҳбарияти Русия бидонанд, ки фаъолиятҳои онҳо дар Украина бе оқибат нест,” - гуфт Барак Обама.

Барои нахустин бор вазорати молияи Амрико бо истифода аз салоҳияти худ чанд бонки асосӣ ва ва ширкатои эенержии Русияро таҳрим кард. Ба рӯҳхати таҳримот муассисаҳое мисли ширкати давлатии “Роснефт”, “Внешэкономбанк”, ширкати тавлидкунандаи гази табии ”Новотек “ ва ,“Гаспромбанк”- ҷайби аслии Газмпром шомил шудаанд. Аммо исми худи ширкати давлатии “Газпром” ва раҳбари он Алексей Миллер дар рӯйхат нест. Ин ширкат дар заминаи баҳси пулу мол интиқоли газро ба Украина манъ кард.

Таҳримоти нав, ки ин дафъа иқтисоди Русияро ҳадаф гирифтааст, аз мавқеъгириҳои шадиди маъмурияти Обама дар баробари Русия ва бӯҳрони Украина аст, ки ҳеҷ нишоне барои ҳалли он падидор нест. Бахши аввали таҳримоти Вошингтон алайҳи Маскав асосан ба шахсиятҳои алоҳида пахш шуд ва онҳоро мануъхуруҷи Амрико кард. Вазорати молияи Амрко ҳамзамон панҷ мақоми дигари Русияро, бо шумули Сергей Беседа, фармондеҳи як аз бахшҳои Хадамоти Амнияти Русия (ФСБ), ноиби раиси Думаи давлатӣ Сергей Неверов, вазири Русия дар умури Қрим Олег Савелёв, нахуствазири давлати худгардони Донетск Александр Бородай ва Игор Шеголев, ёвари раисҷумҳур Путинро таҳрим кард.

Ҳамзамон бо ин раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо баъди силсилаи мулоқотҳо дар Брюссел қарор карданд, ки таҳримот алайҳи Русияро густариш диҳанд. Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки таҳримот ба афроди алоҳида ва муассисаҳое пахш хоҳад шуд, ки аз масъулони ишғоли Қрим пуштибонӣ ва нооромиҳоро дар шарқи Украина сармоягузорӣ мекунанд. Исми ин афрод ва муассисаҳо то охири моҳ маълум мешавад. Раҳбарони 28 кишвари узви ин созмон ҳамчунин тасмим гирифтанд, ки сармоягузориҳои тозаи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба Русияро қатъ кунанд.

XS
SM
MD
LG