Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар зиндонҳои Русия дар ҳоли ҳозир 7 786 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Дар умум, чоряки маҳбусони хориҷӣ дар маҳбасҳои Русия тоҷикон будаанд.

Академияи ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия – ахиран барои бори аввал портрети равонии муҳоҷирони маҳбусро таҳия карда, омори расмӣ дар бораи шумори маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русияро нашр кард.

Бино бар омори ин ниҳоди таҳқиқотии мақараш дар шаҳри Рязан, дар соли 2013 ҷамъи маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия 26 600 нафар ва дар соли 2014 аллакай 2 ҳазор бештар, дақиқтараш 28 496 нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб танҳо 384 маҳбус аз кишварҳои ба истилоҳ “хориҷаи дур” ва бақия ҳама аз паҳнои Шӯравии собиқ, яъне кишварҳои СНГ будаанд.

"Чемпионӣ"-и маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия

Бино ба оморе, ки нашрияҳои Русия, аз ҷумла сомонаи интернетии рӯзномаи “Известия” нашр кардаанд, аз ҷамъи маҳбусони хориҷӣ дар зиндонҳои Русия беш аз чорякаш, яъне 7 786 нафарашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва тоҷикҳо, ба гуфтаи намояндагони Академияи ФСИН, аз ин нигоҳ дар байни муҳоҷирон ба истилоҳ “чемпион”-анд.

Ҷои дувум ва “нишони нуқра”-и ин “чемпионат” дар дасти муҳоҷирон аз Узбакистон будааст, ки дар зиндонҳои Русия ҳоло 6786 “намоянда” аз ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон нишастаанд. Украина бо 2 964 зиндонӣ ва Озарбойҷон бо 2 846 маҳбус дар зиндонҳои Русия назар ба Тоҷикистону Узбакистон дар ин “чемпионат” хеле ақиб мемонанд.

Аммо пешсафии муҳоҷирони тоҷик аз нигоҳи шумора дар зиндонҳои Русия дар ҳолест ки ҷамъи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион ва аз Узбакистон, бино ба ҳисобҳо, аз 3 то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Шумори муҳоҷирон аз Украинаро то 4-4,5 миллион нафар ва теъдоди зодагони Озарбойҷонро ҳам дар Русия аз 2 то 2,5 миллион нафар рақам мезананд.

Ба сурати умум, тақрибан 28,5 ҳазор маҳбуси хориҷӣ танҳо чизе дар ҳудуди 5 дарсад аз тақрибан 564 ҳазор ҷамъи зиндониёни Русияро ташкил медиҳанд.

Асосан бо ҷурми...

Зиндони Красноярск

Зиндони Красноярск

Аммо сеяки маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла аксари маҳбусон аз Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд. Ба ақидаи муҳаққиқон, як сабаби чунин ба сурати густарда даст ба қочоқи маводи мухаддир задани муҳоҷирон, бахусус аз Осиёи Марказӣ, ин аст, ки ин “тиҷорат”, бахусус фурӯши маводи мухаддир ба “кофирҳо” дар ҷомиаҳои зодгоҳи ин муҳоҷирон гуноҳ дониста намешавад.

Аммо дар ин авохир, ба далели шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия, дар маҳбасҳои ин кишвар шумори онҳое меафзояд, ки бо ҷурми поймол кардани қоидаҳои кору иқомат дар ин кишвар ва тақаллуби аснод маҳкум ба зиндон мешаванд.

Бино ба портрети равониву иҷтимоии маҳбуси хориҷӣ, ки муҳаққиқони Академияи ФСИН кашидаанд, маҳбусони ғайрирус, бафарқ аз зиндониёни маҳаллӣ, дар маҳбасҳои Русия асосан бар пояи мансубияти қавмӣ “муттаҳид” мешаванд. Полковники ФСИН Николай Полянин, яке аз муаллифони таҳқиқот ба “Известия” гуфтааст, муҳоҷирон одатан “худро аз боқии маҳбусон ҷудо мекунанд ва худро аз онҳо болотар дониста, ба ин таъкид мекунанд. Онҳо ба шароити мавҷуда дар маҳбас хӯ гирифтан намехоҳанд, балки талош мекунанд, то ин муҳитро вобаста ба хостҳои худ тағйир диҳанд.”

Ин тоифаи маҳбусон, ба ақидаи муҳаққиқони ФСИН, бо бархӯрди агрессивӣ (пархошҷӯёна) нисбат ба маҳбусони дигар фарқ мекунанд, дар ҳолатҳои низоъбарангез ба гузашт тан намедиҳанд ва хештандорӣ нишон намедиҳанд.

Бино бар ин портрети миёнаи муҳоҷирони зиндонӣ, онҳо нисбат ба маҳбусони маҳаллӣ қоидаҳои рафтор ва будубош дар маҳбасҳоро бештар вайрон мекунанд ва 91 дарсади онҳо ба ҳамкорӣ бо маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ алоқае нишон намедиҳанд.

Дар зиндони Красноярск ҳам муҳоҷирон будаанд

Дар зиндони Красноярск ҳам муҳоҷирон будаанд

Бино бар ин таҳқиқот, 32 дарсади маҳбусон аз кишварҳои СНГ пайваста қоидаҳои зиндонро поймол мекунанд ва танҳо 20 дарсади онҳо барои рафтори намунавиашон тақдир мешаванд. Аксари муҳоҷирони зиндонӣ то маҳкум шудан дар Русия машғули соҳибкорӣ будаанд. Ин ба маъноест, ки муҳоҷироне ки дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ё дар хоҷагиҳои кишоварзӣ кор мекунанд, ҳаддалимкон аз ҷурму ҷиноят парҳез мекунанд.

Тӯй дар ... зиндон

Таҳқиқоти ФСИН ҳамчунин нишон додааст, ки 18,4 дарсади муҳоҷирони маҳбус маълумоти олӣ, беш аз нисфи онҳо маълумоти миёна, 20,8 дарсад маълумоти миёнаи нопурра ва 6,7 дарсад танҳо маълумоти ибтидоӣ дошта, 69,2 фоизи онҳо муҷаррад будаанд. Муҳаққиқон аз ин рақам низ чунин натиҷа бардоштаанд, ки издивоҷ ва эҳсоси масъулият дар назди зану фарзанд барои муҳоҷирони аксаран дар ҷомиаҳои суннатии мусалмоннишин ба воя расида низ омили муҳимест, ки онҳоро аз даст задан ба ҷурму ҷиноят нигоҳ медорад.

Ба ин далел, мақомоти зиндонҳои Русия маҳбусонро гоҳо худ ба издивоҷ ташвиқ мекунанд. Барои мисол, дар моҳи июни соли 2014 дар зиндони рақами шаш, воқеъ дар шаҳри Бежетски вилояти Твери Русия маъмурият бо ҷалби рӯҳонии мусалмон барои ақди никоҳи як маҳбуси тоҷик бо номи Мамадҷонов, ки бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми тӯлонӣ гирифтааст, иҷозат дод.

Ақди никоҳи маҳбуси тоҷик дар зиндони Бежетск

Ақди никоҳи маҳбуси тоҷик дар зиндони Бежетск

Евгений Сергеев, муовини сардори маҳбаси рақами шаш, воқеъ дар шаҳри Бежетски вилояти Твери Русия он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбуси тоҷик бо як духтари ҳамватанаш издивоҷ кард. Сергеев гуфт, дар зиндони онҳо 140 маҳбуси мусалмон адои ҳукм мекунанд, ки 70 нафараш аз Тоҷикистонанд ва ин имтиёзи онҳо ба ин маҳбуси тоҷик барои бақия низ аҳамияти мусбати тарбиявӣ дорад: “Вақте маҳбусон мебинанд, ки маъмурият нисбат ба хостҳои онҳо бефарқ нест, онҳо низ рафторашонро хубтар мекунанд ва ин дар ниҳоят ба ислоҳи ин маҳбус, ки як ҳадафи асосии ҳукми зиндони ӯст, мусоидат мекунад. Тӯйи ахири мусалмонӣ низ маҳбусони моро, бахусус маҳбусони мусалмонро сахт ба ваҷд овард.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG