Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров итихбороти Амрикоро ба сабти пинҳонии гуфтугӯи сафир муттаҳам кард


Русия - Вазири хориҷӣ Сергей Лавров бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷии Афғонистон, дар меҳмонхонаи Вазорати хориҷӣ сӯҳбат мекунад. 7 феврали соли 2017.
Русия - Вазири хориҷӣ Сергей Лавров бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷии Афғонистон, дар меҳмонхонаи Вазорати хориҷӣ сӯҳбат мекунад. 7 феврали соли 2017.

Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия, рӯзи 20 феврал дар як нишасти матбуотӣ Ийолоти Муттаҳидаро ба сабти пинҳонии гуфтугӯҳои сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк муттаҳам кард.

Ба гуфти Лавров кормандони хадамоти истихбороти ИМА, "расман, вале пинҳонӣ " ба хабарнигорон гуфтанд, ки сӯҳбатҳои телефонии сафир, бо шумули гузоришҳои ӯ ба Маскав, ба таври маъмулӣ гуш карда мешуд. Ин дар пасманзари гӯё робитаи мушовири собиқи президенти ИМА Майкл Флин бо Русия анҷом мешуд, гуфт Лавров.

Қаблан нашрияи The New York Times гуфт, ки як ҳафта пеш аз истеъфояш Флин аз нафарони наздик ба Трамп бастаи пешниҳодҳо дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Русия, дар матни ҳалли авзои Украинаро дарёфт кард. Дар Кремл гуфтанд, ки дар ин бора чизе намедонанд.

Майкл Флин дар ҳоле аз мақоми мушовири амнияти миллӣ барканор шуд, ки ӯ қабл аз расман ба кор оғоз кардани президент Трамп масъалаи таҳримҳои ИМА алайҳи Русияро бо сафири ин кишвар дар Вашингтон матраҳ кард ва дар ин бора ба ноиби раиси ҷуҳмур Майкл Пенс хабари нодуруст дод.

XS
SM
MD
LG