Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар Саппоро


Tajikistan/Japan, Asial Winter games in Japan,27February2017
Tajikistan/Japan, Asial Winter games in Japan,27February2017

Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки аз 19-ум то 26-уми феврал дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои Ҷопон баргузор шуданд, шаби якшанбе ба поён расиданд. Дар ин бозиҳо беш аз 1200 варзишгар аз 29 кишвар ширкат дошт. Инчунин варзишгарони Австралия ва Зеландияи Нав ба ҳайси меҳмон иштирок карданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо оид ба 11 намуди варзиш - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, ҳоккей бо шайба ва шорт-трек - баргузор шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 74 медал (27 тилло, 21 нуқра ва 26 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал (16 тилло, 18 нуқра, 16 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Чин бо касби 35 медал (12 тилло, 14 нуқра, 9 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 32 медал (9 тилло, 11 нуқра, 12 биринҷӣ) дар зинаи чорум ҷойгир шуд. Дастаи Кореяи Шимолӣ бо як медали биринҷӣ ҷойи панҷумро соҳибӣ кард. Варзишгарони 24 кишвари дигар, аз он ҷумла Тоҷикистон, аз медалҳо бенасиб монданд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ чор варзишгар – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - намояндагӣ карданд. Ҳарчор дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слаломи бузург ва слалом миёни мардон ширкат варзиданд. Ҳарчанд ки лижаронҳои тоҷик дар ин бозиҳо натиҷаҳои баланд нишон дода натавонистанд, таҷоруби хуби мусобиқоти байналмилалӣ касб карданд.

Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ соли 2021 дар Чин пеш аз Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG