Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия расман хостори моликияти бахши калоне аз Қутби Шимол шуд


Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 4 август ба таври расмӣ дархости худ барои соҳиб шудан ба бахши калоне аз минтақаҳои Қутби Шимолро ба Созмони Милали Муттаҳид таслим кард.

Ба гузориши хабарггуории Ассошиэйтед пресс, ҳукумати Русия дар дархости худ ба Созмони Милали Муттаҳид, иддаои соҳиб шудан ба 1,2 миллион километри мураббаъ аз минтақаҳои Қутби Шимолро матраҳ кардааст, ки ҳудуди 650 километр аз соҳил дур аст ва ба умқи Қутби Шимол мерасад. Русия, Канада, Амрико, Дания ва Норвегия дар солҳои ахир ҳар яке ба шаклҳои гуногун талош кардаанд, ки нуфуз ва ҳокимияти худро дар Қутби Шимол густариш диҳанд.

Тахмин зада мешавад, ки дар ин минтақаҳо аз чаҳор як ҳиссаи махзани гази кашфношуда дар кураи замин ҷойгир аст. Ҳамзамон бо об шудани кӯҳҳои ях дар Қутби Шимол ва фароҳам шудани осониҳои бештар барои баҳрабардорӣ аз манбаъҳои табииӣ он, рақобат барои назорат ва соҳиб шудани ин минтақа, сахттар шудааст.

Русия аввалин кишваре буд, ки иддаои соҳиб шудан барои бахше аз ин минтақаро дар соли 2002 ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, вале ин ниҳод бинобар камбуди санаду мадракҳо, ин тақозоро пас фиристод. Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ки дар дархости нав, ки рӯзи сешанбе супурда шуд, далелҳои нави илмӣ, ки Русия тайи солҳои ахир ҷамъоварӣ намудааст, ҷой дода шудааст.

"Сулҳи сабз" аз фаъолтарин ниҳодҳои мудофеи муҳити зист дар Русия, дар вокуниши худ ба ин пешниҳоди Русия, дар мавриди хатарҳои он барои муҳити зист, ҳушдор додааст. Як масъули корзори "Сулҳи сабз" дар баёнияе дар мавриди тарҳи Русия барои Қутби Шимол гуфт, "об шудани яхпораҳо сабаби ба вуҷуд омадани як дарёи нав ва осебпазир шудааст. Аммо кишварҳое мисли Русия ва Норвегия мехоҳанд ин минтақаҳоро ба як Арабистони Саудии нав табдил кунанд. Агар мо муттаҳидона ба ин тарҳҳо муқобила накунем, дар чанд даҳаи оянда бахши калоне аз минтақаҳои Қутби Шимол ба соҳаи истихроҷи нафт ва ё моҳигирӣ табдил хоҳад шуд."

Ин фаъоли "Сулҳи сабз" таъкид мекунад, ки кишварҳои атрофи Қутби Шимол бояд бо созиши ҳамаҷониба ва танзими қонунҳои дақиқ, аз муҳити зисти ин минтақаҳо нигаҳдорӣ кунанд.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, Созмони Милали Муттаҳид аз тирамоҳи имсол баррасии дархости Русияро оғоз хоҳанд кард. Русия дар соли 2007 бо насби як парчам дар уқёнуси Қутби Шимол, ба таври рамзӣ иддаои моликияти худ бар ин минтақаҳро матраҳ кард.

Русия дар айни ҳол тайи солҳои ахир ҳузури низомии худ дар Қутби шимолро афзоиш додааст. Аз ҷумлаи ин талошҳои Русия, эҳёи пойгоҳи нерӯҳои баҳрии замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар яке аз ҷазираҳои наздик ба Қутби Шимол мебошад. Дар оғози соли ҷорӣ низ артиши Русия як размоиши калон бо ширкати 37 ҳазор аскару афсар дар ин минтақаро анҷом дод ва ба хубӣ тавононии ин кишвар барои ҳамоҳангии нерӯ ва амалиёти низомӣ дар Қутби Шимолро нишон дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG