Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти беҳдошти Русия сеяки вагонҳои қатори Душанбе-Маскавро ғайри қобили истифода эълон кардааст.

Мақомоти Русия пас аз тафтиши қатори рақами 330-и ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон истифодаи сеяки вагонҳои онро манъ карданд. Сухангӯи Хадамоти беҳдоштии Русия, Любов Воропаева ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вагонҳо бино бар нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ қобили истифода нестанд ва истифодаи онҳо барои интиқоли мусофирон манъ аст. Дар ҳамин ҳол раиси “Роспотребнадзор”, Геннадий Онишенко, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки раҳбари қатор дар бораи манъи истифодаи панҷ вагон дастур гирифтааст, зеро, ба гуфтаи Онишенко, онҳо ба оддитарин талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Нозирони Роспотребнадзор кори “вагон-тарабхона”-ро ҳам манъ кардаанд. Ба ин тартиб, маълум нест, мусофирон дар тӯли чаҳор шабонарӯзи сафар аз Маскав то Душанбе дар куҷо ғизо хоҳанд хӯрд.

Аз ин пеш Геннадий Онишенко гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон қудрати таъмини оддитарин талаботи мусофиркашониро надорад ва ин барои Русия
Геннадий Онишенко дар қатори "Душанбе-Маскав"

Геннадий Онишенко дар қатори "Душанбе-Маскав"

хатар дорад. “Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб хоҳем кард, ки барои таъмини шароити беҳдоштӣ чора андешад, дар акси ҳол дар чаҳорчӯби ваколатҳои худ истифодаи ин қатор дар қаламрави Русияро манъ хоҳем кард. Ин маънои қатъи ҳаракати қаторро хоҳад дошт”, изҳор намуд Геннадий Онишенко.

Рӯзи душанбе муовини раиси Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия Владимир Мочалов пешниҳод кард, ки то аз байн бурдани камбудиҳо дар қатори хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ҳаракати он мутаваққиф карда шавад.

Мавзӯи вазъи қатори хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе баъд аз он доғ шуд, ки рӯзи якшанбе як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раёсати муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар шаҳри Астрахан аз қатори хатсайри Душанбе-Маскав дидан кард ва вазъи беҳдоштии онро ғайри қобили қабул хонд. Дар нишасти сайёри комиссиюни давлатии марзӣ пешниҳод шуд, ки дар марзи миёни Русияву Қазоқистон ба хотири тафтиши қаторҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, гузаргоҳи нав бунёд шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG