Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шлагбауми Русия дар роҳи 18 тонна ангур аз Тоҷикистон


Акс аз сомонаи “Росселхознадзор

Акс аз сомонаи “Росселхознадзор

“Росселхознадзор” 18 тонна ангуреро, ки як ронандаи тоҷик мекашонд, ба далели надоштани як санади фитосанитарӣ ба қаламрави Русия роҳ надодааст.

Мақомоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбурги Русия як мошин бо 18 тонна ангурро, ки як ронанда аз Тоҷикистон мекашонд, ба қаламрави Русия роҳ надодаанд.

Офелия Микаэлян, раҳбари дафтари матбуоти “Росселхознадзор”-и вилояти Оренбург рӯзи 2 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин 18 тонна ангурро Р. ном як шаҳрванди Тоҷикистон гӯё аз Қирғизистон оварда буд ва мехост тавассути гузаргоҳи “Оқбулоқ” ба Русия дароварад. Вале ӯ бо худ сертификати фитосанитарии Ҷумҳурии Қирғизистонро надошт, ки хилофи қонуни Русия “дар бораи карантини растаниҳо”-ст. Ба ин далел, худи ҳамон бо рӯз бо қарори “Росселхознадзор” ин мошин бо ҳамаи бораш аз тариқи посгоҳи марзии “Сагарчин” ба кишвари фиристандаи бор, яъне Қирғизистон пас фиристода шуд.”

Офелия Микаэлян гуфт, ба эҳтимоли ғолиб ин 18 тонна ангур аз Тоҷикистон буд, вале соҳибонаш ба хотири осонтар анҷом шудани интиқоли он дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё онро ҳамчун ангури Қирғизистон ҳуҷҷат кардаанд.

Дар ҳудуди Иттиҳоди АвроОсиё интиқоли молҳо бидуни иҷрои расмиёти гумрукӣ анҷом мешавад, вале сухангӯи “Росселхознадзор”-и Оренбург мегӯяд, ин имтиёз шонаи соҳибкоронро аз масъулияти таҳияи асноди фитосанитарӣ, аз ҷумла сертификат, холӣ намекунад.

Ӯ афзуд, соҳибони бор дар сурати таҳияи сертификати фитосанитарии Қирғизистон метавонанд борашонро дубора ба Русия интиқол диҳанд, вале “азбаски ангур зуд вайрон мешавад, гумон аст, ки онҳо ин корро дигар анҷом дода битавонанд.”

“Росселхознадзор”, ё Хадамоти федеролии назорати байторӣ ва фитосанитарии Русия масъулияти назорат бар тавлид, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ин кишварро бар ӯҳда дорад ва дар солҳои охир бештар бо тасмимҳои “сиёсаӣ”-аш, чун манъи воридоти оби “Боржоми” аз Гурҷистон, шириниҳои сохти ширкати “Рошен”-и раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва манъи воридоти зираву қурут аз Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф шудааст. Нақши ин идора бахусус дар пайи таҳримоти ҷавобии Русия ба таҳримҳои Ғарб ва маъракаи маҳви маҳсулоти таҳримшуда дар Русия хеле боло рафтааст.

Аммо 18 тонна ангур аз Осиёи Марказиро ин идора дар ҳоле ба қаламрави Русия роҳ дода нашуд, ки мақомоти ин кишвар дар пайи таҳримоти ҷорикардаи Ғарб кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро як манбаи қобили мулоҳизаи ивазкунандаи ҷои маҳсулоти ғарбӣ дар бозори дохилиаш арзёбӣ мекарданд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ ин ҷанги таҳримот байни Русияву Ғарбро фурсати муносибе барои тавсиаи ҷои пои худ дар бозори маҳсулоти ғизоӣ ва бахусус дар бозори меваву сабзавоти Русия дарёфта, барномаҳои вижаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзиашонро рӯи даст гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Узбакистон эълон кард, ки аз 1 сентябр содироти маҳсулоти кишоварзиаш тавассути нақлиёти заминиро манъ кард. Бино ба қарори ҳукумати ин кишвар, содироти меваву сабзавот аз Узбакистон танҳо бо нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан метавонад анҷом шавад. Гуфта мешавад, боҷу хироҷи баланди гумрукӣ боис шудааст, ки бисёре аз соҳибкорони узбак маҳсулоти кишоварзиро аз ин кишвар бо роҳҳои қочоқӣ ба Қазоқистон ё Қирғизистон интиқол дода, сипас ҳамчун маҳсулоти он кишварҳо бидуни пардохти ягон боҷ ба Русия баранд.

Айнан мисли ронандаи тоҷике, ки бо 18 тонна ангур аз марзи Қазоқистон ба Русия ба Қирғизистон пас гардонда шуд. Офелия Микаэлян мегӯяд, сертификати фитосанитарии Қирғизистонро надоштани бор низ ба ҳамин далолат мекунад, кин ангур дар асл аз Тоҷикистон меомад, на аз Қирғизистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG