Пайвандҳои дастрасӣ

Бадахшониҳои муқими шаҳри Маскав аз раисиҷумҳури Русия хостанд, ки ба хатми низоъ дар Бадахшон мусоидат кунад.

Расонаҳои чопи Маскав аз қавли Иқболшо Муборакшоев, намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) навиштаанд, «Русия ягона нерӯи бонуфуз аст, ки метавонад ба таври воқеӣ ба вазъ дар Помир таъсир гузорад”. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон аз изҳороти ду ҳафтаи пеши Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, ёдовар шуданд, ки аз таҳдиди сар задани низоъҳои маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буд.

Ба гуфтаи бархеи онҳо, суханони Чиркин ё “пайғомбарона” буданд ё низомии воломақом дар бораи эҳтимоли низоъ дар Хоруғ иттилои хадамоти кашфро зери даст дошт. Аммо шеваи бархӯрди Русия ба ҳаводиси Бадахшон чӣ гуна хоҳад буд ва оё Маскав фақат бо пахши чанд баёнияву изҳорот иктифо хоҳад кард?

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсати шаҳри Маскав, мутмаин аст, ки Русия аз ҳаводиси Бадахшон ба хотири фишор болои ҳукумати Тоҷикистон истифода хоҳад кард. Аз нигоҳи ӯ, Кремл, қабл аз ҳама ба Эмомалӣ Раҳмон гӯшрас хоҳад кард, ки “агар марзбонҳояш аз сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон берун карда намешуданд, шояд мушкиле чун вазъи феълии Хоруғ ба миён намеомад”.

Таҳлилгар меафзояд, ки Маскав талош хоҳад кард мавзӯи ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон баргардонидани сарҳадбонҳои худро дубора дар миён гузорад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия аз ҳаводиси Бадахшон дар гуфтушунид бо Душанбе дар робита ба тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-ум ҳам истифода хоҳад карнд ва таъкид хоҳанд намуд, ки низомиёни рус кафили такрор нашудани ин гуна низоъҳо хоҳад буд. Музокирот миёни Маскаву Душанбе оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо сахтӣ ҷараён дорад – ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди барои 49-соли дигар дар кишвар боқӣ мондани ин пойгоҳро напазируфтааст ва мехоҳад, ки қарордоди нав дар ин бора барои даҳ сол имзо шавад ва Русия барои ҳузури низомиёнаш маблағ пардохт кунад.

Артем Улунян мегӯяд, ки ҳаводиси Бадахшон баёнгари пойдор набудани суботу эътидол дар Тоҷикистон ва бо гузашти понздаҳ сол аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ҳал нашудани мушкили аслӣ – таъмини мусолиҳаву ваҳдати миллӣ ва тақсими одилонаи мансабҳои давлатӣ миёни ҷонибҳои замоне даргир дар кишвар аст. Ва аммо то куҷо хатари аз сӯи Маскав истифода шудани ба истилоҳ “қартаи Абхозистон" дар Бадахшон имкон дорад?

Артем Улунян мегӯяд, “агар аз ин иқдом кор гирифта шавад, ин иштибоҳи бузург хоҳад шуд, зеро ҳама гуна талошҳои ҷонибдорӣ аз як нерӯ дар низои байни тоҷикон дер ё зуд боиси нооромӣ дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ман фикр намекунам, ки Русия аз ин тарзи фишор болои ҳукумати марказии Тоҷикистон истифода барад, зеро агар нерӯҳои бадахшонӣ муқобили ҳукумати марказӣ бархезад, ҳанӯз маълум нест, ки онҳо дар оянда аз Маскав пуштибонӣ хоҳанд шуд ё на”.

Ӯ меафзояд, хотироти нохуш аз дахолати Русия ва Узбакистони ҳамсоя ба умури Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз дар зеҳни мардуми тоҷик боқист. Ҳарчанд, ба иқрори Артем Улулнян, айни ҳол кишварҳои зиёде, ба шумули аъзои НАТО ва ҳамсояҳои Тоҷикистон ба вазъи кишвар, ҳатто ба робитаҳои байниқавмиву байни маҳалҳо аз зери заррабин менигаранд, то ки заъфи ҳукумати Тоҷикистонро ошкор кунанд ва болояшон фишор оваранд.

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманд ва коршиноси тоҷики муқими Маскав ҳам мегӯяд, ки дахолати Русия ба умури Бадахшон фақат ба зиёни кор хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, мудохилаи Русия метавонад вазъро бештар муташанниҷ созад. “Он ҷо ҳоло гуфтушунид идома дорад ва умедворем, ки ба хулосае меоянд. Вале агар қувваи дигар ворид шавад, вазъият мушкилтар хоҳад шуд”, мегӯяд Боғшоҳи Лашкарбек.

Дар ҳамин ҳол Асламбек Аслахонов, узви кумитаи умури байнулмилалии Шӯрои Федератсияи Русия дар сӯҳбат бо радиои “Голос России” гуфтааст, ки Маскав хостори сулҳу субот дар Тоҷикистон аст. Бо ишора ба ҳаводиси Хоруғ ӯ изҳор намудааст, ки “густариши низоъ ба нафъи кишвари мо нест”, зеро беназмӣ дар Бадахшон, аз ҷумла, боиси ҳарчи бештар интиқол ёфтани маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия мешавад.

Боғшоҳи Лашкарбек меафзояд, шӯрои ваколатдори фаврӣ, ки аз сӯи бадахшониҳо дар робита ба ҳаводиси Хоруғ дар Маскав таъсис шудааст, бо маркази Бадахшон ва ҳатто бо раиси вилоят дар тамос аст ва одамонро аз вазъи шаҳр огаҳ мекунад. Бино ба хабарҳо, зодагони Бадахшон мехоҳанд дар Маскав бо пуштибонӣ аз раванди музокирот миёни ҳукумат ва фармондеҳони собиқ гирдиҳамоӣ доир намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG