Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: "Рафтан ё мондани Асад барои мо зиёд муҳим нест"


Русия мегӯяд, ки масъалаи рафтан ва ё мондани Башор Асад дар қудрат барои ин кишвар зиёд муҳим нест ва Маскав ҳаргиз нагуфтааст, ки боқӣ мондани Башор Асад барои Русия "асл" аст.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки масъалаи рафтан ва ё мондани Башор Асад дар қудрат барои ин кишвар зиёд муҳим нест ва Маскав ҳаргиз нагуфтааст, ки боқӣ мондани Башор Асад барои Русия "асл" аст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе дар посух ба суоле дар бораи аҳамияти боқӣ мондани Башор Асад дар қудрат барои Русия гуфт, ки "мо ҳаргиз нагуфтаем, ки боқӣ мондани Башор Асад барои мо асосӣ ва ҷузви усул аст. Балки ончи мо гуфтаем, ин аст, ки тағйири режим дар Сурия метавонад ба фоҷиаи маҳаллӣ ё минтақавӣ табдил шавад ва танҳо мардуми Сурия метавонанд дар бораи сарнавишти Башор Асад тасмим бигиранд."

Русия то ҳоло аз мавзеъгирии Амрико, ки Башор Асад бояд биравад ва идомаи ҳукумати ӯ монеи барқарории сулҳ дар ин кишвар аст, интиқод карда буд. Владимир Путин чанд рӯз қабл дар мусоҳибае бо телевизиони ин кишвар ҳукумати Башор Асадро "қонунӣ" хонда ва гуфта буд, ки ҳадаф аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия, побарҷо нигоҳ доштани ҳукумати машрӯъ ва қонунии Башор Асад аст.

Владимир Путин гуфта буд, ки Русия ният дорад, бо анҷоми амалиёти низомӣ дар Сурия, шароитро барои мусолиҳаи сиёсӣ дар ин кишвар фароҳам кунад. Вай гуфта буд, ки бо дархости Башор Асад ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ ва "дигар гурӯҳҳои террористӣ" даст задааст.

Аммо Амрико ва мухолифони Башор Асад мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия бештар алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асад ва мавриди ҳимояти Ғарб будааст. Ҳамзамон бо афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар хоки Сурия, Башор Асад моҳи гузашта барои аввалин бор аз оғози бӯҳрони ин кишвар, ба Русия рафт ва бо Владимир Путин мулоқот кард.

Дар пайи он Русия ва Эрон ҳафтаи ҷорӣ барои нахустин бор дар нишасти байналмилалии буҳрони Сурия дар Венна ширкат карданд. Дар он нишаст вазирони умури хориҷии Амрико, Арабистони Саудӣ, Туркия ва дигар кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ва намояндагони СММ ва Иттиҳодияи Аврупо ширкат доштанд. Дар поёни ин нишаст дар мавриди барқарории оташбас ва тағйири қонуни асосӣ ба мувофиқат расиданд, аммо дар мавриди сарнавишти Башор Асад ихтилофҳо боқӣ мондааст.

Амрико гуфтааст, ки Башор Асад шояд битавонад барои як муддат дар ташкили ҳукумати интиқолӣ мушорикат дошта бошад, аммо наметавонад дар қудрат боқӣ бимонад. Эрон ҳам, ки аз пуштибонони Башор Асад ба шумор меравад, мегӯяд, ки сарнавишти ӯро бояд мардуми Сурия дар интихобот муайян кунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории Ассошиэйтед пресс, қарор аст намояндаи СММ дар умури Сурия рӯзи чаҳоршанбе барои гуфтугӯ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба Маскав биравад. Вай рӯзи якшанбеи гузашта дар Димишқ бо вазири умури хориҷии Сурия мулоқот кард, то ӯро аз натиҷаҳои нишасти Венна хабардор намояд.

Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе ба хабаргузориҳои русӣ гуфт, ки қарор аст намояндагони ҳукумати Сурия ва гурӯҳҳои мухолифи он кишвар ҳафтаи оянда барои гуфтугӯ ба Маскав бираванд. Аммо ӯ дар мавриди инки кадом гурӯҳҳои суриягӣ ба Маскав хоҳанд рафт, чизи нагуфт ва фақат гуфт, ки тамос бо ин гурӯҳҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG