Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши муқаддамотии ИМА ва Русия дар бораи оташбас дар Сурия


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ки вай ва ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи шарту шароити созишномаи оташбас миёни нерӯҳои даргири Сурия ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 21-уми феврал дар нишасти хабарӣ бо Носир Ҷуде, вазири корҳои хориҷии Урдун дар Аммон гуфт, ки вай бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар бораи шартҳои оташбас дар Сурия ба тавофуқоти усулӣ расидаанд ва ин оташбас рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, вай ва Лавров умедворанд, ки дар давоми чанд рӯзи оянда Барак Обама ва Владимир Путин, раисони ҷумҳури Амрикову Русия низ дар бораи ин оташбас барои ниҳоӣ шудани ин созишнома, нуқтаи назарҳои худро баён кунанд.

Ҳар ду ҷониб то ҳол ҷузъиёти ин созишномаро такмил накардаанд ва баъзе холигоҳҳо вуҷуд дорад. Вазорати корҳои хориҷаи Русия таъйид кард, ки Лавров ва Ҷон Керрӣ 21-уми феврал телефонӣ сӯҳбат анҷом додаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, бар асоси тавофуқоти муқаддамотӣ, маводи созишномаи оташбас амалиёт бар зидди “гурӯҳҳои эътирофшудаи террористӣ аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бар намегирад”. Ин бад-он маъност, ки амалиёти низомӣ бар зидди чунин гурӯҳҳо идома хоҳад ёфт.

Қудратҳои ҷаҳонӣ 12 феврал дар Мюнхен ба тавофуқ расида буданд, ки ба даргириҳо ва душманӣ дар Сурия хотима дода шавад ва кӯмакҳои башарӣ ба аҳолие, ки дар минтақаҳои ҷанг иқомат доранд, афзоиш ёбад. 18 кишваре, ки аз гурӯҳҳои мухталифи даргир дар Сурия ҳимоят мекунанд, дар Мюнхен хостори оташбаси тарафҳои мухолиф шуданд ва гуфта буданд, ки ин оташбас бояд 19 феврал оғоз ёбад, вале ин мӯҳлати пешбинишуда сипарӣ шуд ва нишонаҳое аз риояти оташбас ба назар намерасад.

Гурӯҳи аслии мухолифони ҳукумати Сурия рӯзи 20 феврал гуфт, ки онҳо ҳамеша ба имкони риояти оташбас омодаанд. Вале гурӯҳе, ки бо номи Кумитаи олии музокирот машҳур аст, изҳор дошт, ки ҳар гуна оташбас замоне имконпазир аст, ки ҳукумати Сурия муҳосираи минтақаҳои зери контроли шӯришиёнро раҳо кунад. Гузашта аз ин, гурӯҳе, ки аз ҷониби Арабистони Саъудӣ ҳимоят мешавад, исрор меварзад, ки ҳазорон нафар боздоштшудаҳо аз зиндонҳои ҳукуматӣ раҳо шаванд.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия низ зимни суханони худ 20 феврал изҳор дошт, ки вай ба оташбас розӣ аст, вале ба гуфтаи худаш, “террористҳо” набояд аз оромии баъди оташбас барои пешрафтҳои ҷангии худ сӯистифода кунанд. Башор Асад гуфт: “Мо гуфтаем, ки омодаи қатъи амалиёти низомӣ ҳастем, вале ин ба чанд омил иртибот мегирад. Масалан, террористҳо набояд аз он барои беҳтар кардани мавзеъгириҳои худ истифода кунанд”.

Бо вуҷуди ин ҳарфҳо, даргириҳо дар Сурия ҳамоно идома дорад. Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, ки 21 феврал дар ду таркиши мошинҳои бамбгузоришуда дар шаҳри Ҳумси Сурия, 46 нафар ҷон бохтаанд ва аксари онҳо аҳолии ғайринизомӣ будаанд.

Телевизиони давлатии Сурия аз қавли Талол Барозӣ, волии вилояти Ҳумс шумораи кушташудагонро 25 нафар эълон кардааст. Ин шаҳр тақрибан пурра дар назорати нерӯҳои ҳукумати Сурия қарор дорад ва мунтазам ҳадафи ҳамин гуна бамбгузориҳову таркишҳо қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG