Пайвандҳои дастрасӣ

Киев ва Маскав ба гуфтугӯ оғоз мекунанд (ВИДЕО)


Руасои ҷумиҳури Русия ва Украна.

Руасои ҷумиҳури Русия ва Украна.

Қарор аст ҳайате аз тарафи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Киев биравад, то ду тараф дар мавриди бӯҳрони Украина ба гуфтугӯ оғоз кунанд.

Раҳбари нави Украина Петро Порошенко пештар гуфта буд, аз 8-июн музокироти худро бо ҳайате аз сӯи Русия барои хатми нооромиҳо оғоз мекунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа пас аз дидори кӯтоҳаш бо президенти нави Украина гуфта буд, ки Порошенко ба ҳалли ихтилофот дар ин кишвар нигоҳи дуруст дорад. Ин ду бинобар гузоришҳо, рӯзи 6 июн дар Фаронсаи бо миёнҷигарии раиси ҷумҳури Фаронса ва дар ҳузури нахуствазири Олмон бо ҳам сӯҳбати кӯтоҳе доштаанд.

Кохи Сафед низ таъйид кардааст, ки Барак Обама бо раиси ҷумҳури Русия ҳудуди 15 дақиқа ба таври ғайрирасмӣ гуфтугӯ кардааст. Ин нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи ду раиси ҷумҳур аз оғози бӯҳрон дар Украина будааст. Обама аз мухолифони сиёсатҳои Маскав дар Украина аст. Ба гузориши шабакаи Skay News, муовини мушовири амнияти миллии Амрико нақл кардааст, ки дар ин дидори кӯтоҳ ӯ мушаххасан гуфтааст, коҳиши таниш ба "пазируфтани Петро Порошенко ба унвони раиси ҷумҳури Украина аз сӯи Русия, қатъи пуштибонӣ аз ҷудоиталабон дар шарқ ва пешгирӣ аз интиқоли силоҳ дар марзҳо" бастагӣ дорад.

Хабаргузориҳо ҳамзамон аз қавли сухангӯи Порошенко гуфтаанд, ки барои оғози гуфтугӯҳо дар қадами аввал лозим аст, ки Думаи давлатии Русия иҷозаи пешини худро барои фиристодани артиши он кишвар ба Украина бекор кунад. Ишораи ӯ ба раъйи парлумони Русия дар моҳи март барои истифода аз қувваи низомӣ дар Украина аст.

Петро Порошенко рӯзи шанбеи 7 июн ба унвони президенти нави Украина дар парлумони ин кишвар савганд хӯрд ва ваъда дод дар кишвар сулҳро барқарор карда ва кишварро ба Аврупо наздиктар менамояд. Ӯ ҳамчунин тааҳҳуд супурд, ки бо фасод мубориза намуда ва ҷойҳои кории бештар барои шаҳрвандон ба вуҷуд хоҳад овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG