Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Маскав ва Киев барои гуфтугӯ дар Берлин


Вазорати умури хориҷии Олмон аз мувофиқати мақомҳои Украина ва Русия барои баргузории нишасти муштарак миёни вазирони умури хориҷии ду кишвар ва ҳамтоёни фаронсавӣ ва олмонии онҳо хабар дод.

Хабаргузории Франс-пресс рӯзи шанбе навишт, ки вазири умури хориҷии Олмон дар гуфтугӯ бо рӯзномаҳои олмонӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки ин гуфтугӯҳо роҳе барои поёни хушунатҳо дар шарқи Украина бикушояд ва заминаи фиристодани кӯмакҳои лозим ва фаврӣ ба ин кишварро фароҳам оварад. Ба гуфтаи ин мақоми олмонӣ, музокирот имрӯз, якшанбеи 17 август дар шаҳри Берлин баргузор мешавад.

Хабари тавофуқи Маскав ва Киев барои анҷоми гуфтугӯҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дафтари раёсати ҷумҳури Украина эълом кард, нерӯҳои ин кишвар тавонистаанд як корвони низомии Русияро, ки вориди хоки Украина шуда буд, аз байн бибарад. Маскав бо радди изҳороти президенти Украина, онро "хаёлбофӣ" хондааст.

Рӯзи ҷумъа рӯзномаҳои бритониёии Guardian ва Telegraph хабар доданд, ки корвоне аз танкҳои Русия аз марзи Украина убур кардаанд. Ин корвон дигар корвоне аст, ки Русия мегӯяд, ҳомили кӯмакҳои башардӯстона аст ва дар наздикии марзи Украина манъ карда шуд.

Маскав аммо гузоришҳо дар бораи вуруди зиреҳпӯшҳои русӣ ба Украинаро радд карда ва таъкид дорад, ки танҳо ба манзури кӯмак ба осебдидагони ҷанг дар шарқи Украина, корвони шомили ҳудуди 300 мошинро ба он минтақа фиристодааст. Хабаргузории Франс-пресс менависад, ки ин корвон дар 30 километрии марзи Украина ва вилояти Луганск боздошта шудааст.

Созмони Салиби Сурх гуфтааст, ки коркунони ин созмон ҳанӯз ҳеҷ яке аз мошинҳоро тафтиш накардаанд ва мунтазири чароғи сабзи ду тараф мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Маскав ва Киев субҳи рӯзи шанбе бо якдигар дидор доштаанд, аммо ҳанӯз тавофуқе дар бораи ворид шудани ин корвон ба Украина сурат нагирифтааст.

Украина мегӯяд, тарси онро дорад, ки корвони кӯмакҳои башардӯстонаи Русия, ҳомили аслиҳа барои ҷудоиталабони шаржи Украина бошад.

XS
SM
MD
LG