Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзеъгирии эҳтиёткоронаи Узбакистону Туркманистон нисбат ба Русия


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ислом Каримов, раисиҷумҳурони Туркманистону Узбакистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Ислом Каримов, раисиҷумҳурони Туркманистону Узбакистон

Туркманистону Узбакистон дар Осиёи Миёна ду кишваре ҳастанд, ки аз оғози истиқлолашон то ҳоло ҳамеша талош кардаанд, худро аз нуфузи Русия дар минтақа дуртар нигоҳ доранд

Агар касе дар ин рӯзҳо ба навиштаҳои матбуоти Русия таваҷҷӯҳ кунад ва ё ба суханони мақомоти расмии ин кишвар гӯш диҳад, шояд ин тасаввур пайдо шавад, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар маърази хатари тундравҳои "Давлати исломӣ" ва Толибон қарор доранд ва бидуни ёрии низомии Русия суқут хоҳанд кард. Бо чунин маърака акнун Русия масъалаҳои амниятиро "сабаб" нишон медиҳад ва аз ин роҳ мехоҳад, кишварҳои Осиёи Миёнаро дубора ба итоати Маскав баргардонад.

Душанбе ва Бишкеки рӯ ба Маскав

Дар ин маврид Тоҷикистону Қирғизистон истисно мебошанд, зеро онҳо аз оғоз рӯ ба Маскав буданд. Владимир Ҷабборов, муовини яке аз кумитаҳои Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, "аз ташаббусҳои Русия дар Маҷмаи парлумонии САҲА намояндагони Беларусу Арманистон ва Қазоқистон ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Озарбойҷон низ аксар вақт ҷонибдорӣ нишон медиҳанд. Вале ҳайати Туркманистон хомӯш менишинад ва ҳайати Узбакистон умуман ба ҷаласаҳо намеояд". Чунин суханон бозгӯи мавзеъгирии ин ду кишвар нисбат ба Русия аст.

Коршиносон мегӯянд, мавзеъгирии эҳтиёткоронаи ин ду кишвар нисбат ба Русия сабабҳои гуногун дорад. Дар солҳои аввали истиқлол Русия гази Туркманистонро мегирифт ва онро ба кишварҳои Аврупо содир мекард. Даромади он бештар дар Русия мемонд ва Русия ду баробар камтар аз нархи фурӯш ба Туркманистон пул медод. Туркманистон дарк кард, ки аз ҷониби Русия истисмор мешавад ва Русия онро чун сарчашмаи маводи хом мешиносад. Тадриҷан роҳҳои содироти гази худро ҷустуҷӯ кард.

Дурии Узбакистону Туркманистон аз Русия

Досим Саптаев, таҳлилгари умури минтақаӣ дар Алмаато мегӯяд,“Туркманистон ва Узбакистон аз солҳои аввали истиқлол нишон доданд, ки онҳо намехоҳанд дар созмонҳои минтақаӣ узвият дошта бошанд, созмонҳое, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онҳо нест”.

Гузашта аз ин, Узбакистону Туркманистон баъд аз расидан ба истиқлол эҳтиёткоронароҷеъ ба таърихи сохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои таблиғотиро оғоз карданд. Онҳо мегуфтанд, давраи Шӯравӣ давраи истеъморӣ буд ва бо касби истиқлол таърихи нави ин кишварҳо шурӯъ мешавад. Чунин кор дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон дида намешуд. Онҳо ҳанӯз “хумор”-и Шӯравиро дар сар мепарвариданд ва ҳатто умед доштанд, ки ба “оғӯш”-и он бармегарданд. Маскав барои бозиҳои сисёсии худ аз ин рӯҳияи пойбандӣ истифода мебурд. Мехост, дар шакли дигар ва дар мақоми дигар ин кишварҳоро дар дасти худ нигоҳ дорад. Ташкили созмонҳои минтақаӣ чунин имконро фароҳам меовард.

Оинномаи СПАД ва...

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, мегӯяд, “вақте Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ташкил гардид, дар оинномаи он гуфта мешуд, ки дар сурати сар задани нооромӣ дар кишварҳои узв нерӯҳои зудамали ин созмон бидуни ризояти раҳбарияти сиёсии ин кишварҳо метавонанд ба он кишвар ворид шаванд”. Ин ба он маъно буд, ки дар сурати мухолифати раҳбари ин ё он кишвари узв ба сиёсатҳои Русия ин неруҳои зудамал метавонанд аз ҳар гурӯҳи сиёсӣ барои рӯи кор овардани каси дигар ҳимоят кунанд. Нерӯҳои зудамали ин созмон асосан аз нерӯҳои Русия ва аз нерӯҳои зери нуфузи Русия иборатанд.

Бо вуҷуди ин ки Узбакистон дар оғоз ба узвияти ин созмон даромада буд, вале баъд аз эълони ин нуктаи оиннома аз ин созмон баромад. Узбакистон ба унвони кишвари мустақил ин нуктаро хатаре ба истиқлоли худ медонист.

Аммо Туркманистон баъд аз тира шудани муносиботаш бо Русия барои газ дигар ба ҳеч созмоне бо ширкати Русия майл пайдо накард, чун бо кишварҳои дигар, масалан бо Туркияву Эрон ва ё Чин ҳамкорӣ мекард. Чунин раванд сабаб шуд, ки 18 майи соли 2015 қарордоди душаҳрвандӣ бо Русияро низ ба таври якҷониба ботил эълон кунад. Ин қарордод 23 декабри соли 1993 имзо шуда буд.

ДОИШ ва Осиёи Марказӣ

Бо афзоиши хатари тундгароӣ дар минтақа, аз ҷумла хатарҳои ДОИШ ва Толибон суоле пеш меояд, ки оё Русия метавонад ин омилро барои афзоиши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Миёна ба кор барад?Аксари коршиносони минтақаӣ талошҳои ахири Русияро дар чаҳорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ба ҳамин масъала иртибот медиҳанд. Тоҷикистону Қирғизистон хостори ёриҳои Русия ҳастанд ва нерӯҳои Русия дар ин ду кишвар ҷойгиранд.

Узбакистон ҳам дар ин марҳила аз Русия кумак хост. 10 декабри соли 2014 Ислом Каримов дар Тошканд аз Владимир Путин хост, барои баргардонидани хатари ифротгароӣ дар минтақа кумак кунад. Каримов гуфт, ӯ ҳарос дорад, ки кишвараш ба сарнавишти Ироқ дучор нашавад, зеро Узбакистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад.

Аммо Муҳаммад Тоҳир, таҳлилгари умури Туркманистон дар Радиои Озодӣ мегӯяд, дар муқоиса бо Узбакистон, Ишқобод мавзеъгирии худро нисбат ба Русия ҳамчунон ҳифз кардааст ва ҳатто ба даъватҳои баъзе генералҳои мустаъфии Русия аз тариқи матбуот дар бораи хатари тундгароён дар минтақа ва дар бораи зарурати ҳамкории низомии Туркманистон бо Русия посухе надод. Туркманистон дар ин замина бештар ба сиёсатҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунад. Бо Аврупо ҳам тамосҳои худро нигоҳ медорад ва бо Амрикову Чин ҳам. Ба навиштаи матбуот, генерал Ллойдз Остин, раҳбари фармондеҳии марказии Амрико дар авоили моҳи апрели соли ҷорӣ изҳор дошт, ки Туркманистон аз Амрико ёрии низомӣ хостааст. Оқои Тоҳир мегӯяд, ба ин изҳороти генерал Остин Туркманистон вокуниш нишон надод ва хомӯш буд. Пас, маълум мешавад, ки “сукут аломати ризост”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG