Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фариштаи савоб" аз дунё рафт


Абдулсаттори Идҳӣ
Абдулсаттори Идҳӣ

Дар Покистон мардеро ба хок супурданд, ки дар зиндагиаш ӯро "Фариштаи савоб" ном мебурданд. Абдулсаттор Идҳӣ беш аз 60 соли умраш раҳбарии бузургтарин сандуқи хайрияи Покистонро бар дӯш дошт.

Дар Покистон маросими дафни Абдулсаттор Идҳӣ, муассиси бузургтарин созмони хайрияи ин кишвар, ки дар зиндагиаш бисёриҳо ӯро “шахси муқаддас” ва “фариштаи савоб” меномиданд, дар сатҳи давлатӣ доир шуд.

Идҳӣ шоми 8 июл дар синни 88 дар бемористони Карочӣ даргузашт. Марги ӯ дар Покистон ва берун аз он мавҷи андӯҳро ба бор овард.

Сарвазири Покистон Навоз Шариф Абдулсаттор Идҳиро “хидматгори бузурги аҳли башар” ба қалам дод. Сушма Свараҷ, як чунин пешоҳанги корҳои савобу хайрия дар Ҳинд Абдулсаттор Ибдҳиро марди шарифе номид, ки тамоми умрашро сарфи хидмат ба башарият кардааст.

Абдулсаттор Идҳӣ зиндагии хеле хоксоронае дошт ва ин бениёзӣ якҷо бо корҳои бузурги хайрияе, ки ӯ барои мардуми фақири Покистон мекард, исмашро дар раддаи аввали аҳли сахои ин кишвар қарор додааст.

Ин марди ришсафеди 88-сола беш аз 60 соли умрашро сарфи корҳои хайрия кард, вале ҳамеша ҳамагӣ ду ҷуфт либос дошт ва дар манзили дуҳуҷрагие, ки он ҳам ҳатто тиреза надошт ва дар паҳлуи дафтари кораш ҷойгир буд, сар мебурд.

Дар солҳои гузашта бар асари маризӣ ҳарду гурдаи Идҳӣ аз кор монд, вале ӯ пешниҳоди ҳукумати Навоз Шариф барои табобаташ дар хориҷи Покистонро напазируфт ва гуфт, мехоҳад дар як бемористи ҷамъиятӣ дар худи Покистон табобат шавад.

Нашрияи амрикоии “Huffington Post” дар як пардохт ба роҳи зиндагии Абдулсаттор Идҳӣ навишта буд, “ӯ шояд бузургтарин инсонест, ки дар ин сайёра зиндагӣ мекунад.”

Абдулсаттор Идҳӣ соли 1928 дар аёлати Гуҷарати Ҳиндустон, ки ҳанӯз мустамликаи Бритониё буд, дида ба ҷаҳон кушодааст. Соли 1947, вақте Ҳинд аз Бритониё мустақил шуд ва ба ду кишвар – Ҳинду Покистон – ҷудо шуд, хонаводаи Идҳӣ ҳам ба Карочӣ кӯчид ва ӯ дар як бозор дар дӯкон ба ҳайси фурӯшандаи кӯчагӣ ба кор сар кард. Модараш мегуфт, ки аз ҳамон даврон ҳар субҳ пеш аз кор рафтанаш ба Абдулсаттор ду пайса медод – яке барои хӯроки пешинаш ва якеи дигар – барои садақа ба гадоён.

Баъди 6 соли кор дар бозор Абдулсаттор Идҳӣ бо ҳамагӣ 5 ҳазор рупия пасандозе, ки дар даст дошт., сандуқи хайрияашро боз кард, ки ҳоло бо номи “Билқис Идҳӣ” маъруф аст. Сандуқи хайрияи Идҳӣ дар саросари Покистон даҳҳо бемористонҳо ва ятимхонаҳоро боз карда буд.

Ин сандуқ дар тӯли ин солҳо тарбияи беш аз 50 ҳазор ятимро бар дӯш гирифта, дар гӯшаҳои гуногуни Покистон 330 бунгоҳи тиббиву бемористон сохтааст ва даҳҳо паноҳгоҳе дошт, ки ба ҳазорон занону кӯдакони бехонавудар ва қурбонии хушунат сарпаноҳ медод.

Идҳӣ ва ҳамсараш 4 фарзанд доранд, ки ҳамагӣ дар Сандуқи ӯ кор мекунанд.

Абдулсаттор Идҳӣ бо пулҳои хайрия ҳатто рустоеро бо номи Идҳӣ сохта буд, ки ба бовари вай, бояд шаҳри ормонҳо мешуд – ҷое ки ҳама ба якдигар фақат сидқу вафо нишон медиҳанд, дар соати дармондагӣ дасти якдигарро мегиранд, аз пайи хайру савоб мекӯшанд ва ҷое ки бояд ҳеҷ нишоне аз беадолатӣ, нобаробарӣ, фарқи байни сарватманду фақир дида нашавад.

Дар бистари беморӣ
Дар бистари беморӣ

Равшанфикрони Покистон Абдулсаттор Идҳиро “Ҳотами Тойи даврони мо” меноманд ва хидматҳои ӯро ҳамсанги афроди саховатпешае чун Модар Тереза мешуморанд. Дар Покистон ӯро ҳатто “Падар Тереза” ҳам ном мегиранд. Шиори зиндагии худи Идҳӣ ин ҳарфҳост, ки доим ба забон меовард: “Ҳеҷ дине дар дунё болотару волотар аз инсонпарварӣ нест.”

Идҳӣ барои амалҳои хайраш даҳҳо ҷоизаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи Маҳатма Ганди ва дар соли 1988 ҳатто ҷоизаи сулҳи ба номи Ленин – асосгузори давлати Шӯравиро ба даст овардааст.

Дар маросими дафни Абдулсаттор Идҳӣ даҳҳо ҳазор нафар гирди ҳам омаданд. Маросими дафнеро бо чунин вусъат ва домана Покистон солҳо боз ёд надошт.

XS
SM
MD
LG