Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтироми Қонуни асосӣ даъват кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Қонуни асосиро ба мардуми кишвар табрик гуфта, аз онҳо хост, Конститутсияро эҳтиром кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи душанбе сокинони кишварро ба Рӯзи Қонуни асосӣ, ки 6-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфта, аз онҳо даъват кардааст, то ба Конститутсия эҳтиром гузоранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, Қонуни асосӣ баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, "фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро дар кишвар кафолат додааст."

Ҷаноби Раҳмон дар паёми табрикии худ гуфтааст, дар солҳои 1991-92 Тоҷикистонро бӯҳрони конститутсионӣ фаро гирифта буд ва ин боиси фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. "Ин амал ба он овард, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ ояд",-таъкид кардааст ӯ.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои олӣ ишора кардааст, ин иҷлосия шароите фароҳам овард, то заминагузорӣ ба таҳияву қабули Конститутсияи нав боис шавад. Президенти Тоҷикистон дар идомаи паёми худ таъкид мекунад, ки бо назардошти
ниёзмандиҳои сиёсии Тоҷикистон дар соли 1999 ва дар соли 2003 тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардид.

Ӯ ҳамчунин гуфта, ки тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти сиёсӣ дар асоси гуногунфикрӣ ҷараён гирифта, шаҳрвандон метавонанд дар заминаи мавқеи сиёсӣ ва фикрии худ ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ таъсис намоянд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG